НИГОҲИ АСТРОНОМИИ НАВРӮЗ

209

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт, ки Ҳукумати кишвар ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ тавваҷҷуҳи хосса диҳад ва барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намояд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми калидӣ дорад.

Ҷаҳонишавии ҷашни бостонии Наврӯзи оламафрӯз ва дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани он нишонаи аз тарафи халқҳои гуногуни ҷаҳон эътироф гардидани бузургии он мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ фармудаанд: «Имрӯз Наврӯзи аҷдодии мо на танҳо дар кишварҳои ориёӣ, балки дар сарзаминҳое низ ҷашн гирифта мешавад, ки дар замони худ аз сарчашмаи пурбаракат ва ҷовидонаи фарҳанги мо баҳравар шудаанд. Мо ҳоло хушбахтем, ки тамоми мардуми Осиёи Миёна дар рӯзи ин ҷашни фархунда ҳамдигарро ба ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак!» табрик мекунанд. Ин нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст».

Наврӯз аз рӯйи тақвими астрономии шамсӣ ибтидои Соли Нав мебошад. Ин рӯзро ЮНЕСКО бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 сентябри соли 2009 ва баъдан 23 феврали соли 2010 дар 64-умин Сессияи генералии Ассамблеяи СММ ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қабул намуда, ҳамасола онро дар тамоми ҷаҳон 21 март ҷашн мегиранд.

Воқеан, сухани тоза аз Наврӯз гуфтан басо душвор аст, вале вуруди фасли эҳёи муҳаббатҳо касро ба он водор менамояд, ки ҳарфе аз накҳати баҳориву сухане аз боди наврӯзӣ ба риштаи таҳрир кашад. Аксар ҷашнҳое, ки имрӯз эҳё гаштанд, ба мардуми мо рабт дошта ва пайдоиши онҳо ба ҷанбаъҳои астрономӣ пайванди ногусастанӣ дорад.

Вобаста ба таърихи пайдоиш ва таҷлили ҷашни Наврӯз дар бозмондаҳои осори бостонӣ, рамзҳо, устураҳо ва навиштаҳои асотирӣ, сангнавиштаҳо, расадхонаҳои қадима (ба мисли Стоунхенҷ ва ё силсиларасадхонаҳои офтобии Бадахшон), китобҳои муаррихони юнониву бобулӣ, осори паҳлавии ба арабӣ тарҷумашуда ва ғайра маълумот ва ишораҳо хело зиёданд.

Дар осори бузургони мо ба мисли Абубакри Розӣ, Абурайҳон Берунӣ, Балхӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Истархӣ, Маҳмуди Қашқарӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав ва дигарон вуҷуд доштани иттилоъ дар бораи Наврӯз ба ҷашни қадима будани он далолат медиҳад.

Доир ба таҷлили Наврӯз дар “Наврӯзномаи”-и Умари Хайём ишорае мавҷуд аст, ки ин ҷашн аз Каюмарс сарчашма мегирад.

Дар сангнигораҳои Тахти Ҷамшед тасвири шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ ва таҷлили ҷашни Наврӯз ба назар мерасад. Дар тамоми манобеи таърихию адабии бостонӣ ва дар аксари ривоятҳову устураҳо Ҷамшедро асосгузори Наврӯз номидаанд. Ба ақидаи А. Берунӣ сабаби пайдоиш ва таҷлили ҷашни Наврӯз ба айёми Таҳмурас рост меояд.

Фарорасии Наврӯз дар халқи мо ҳамчун баробаршавии шабу рӯз (нуқтаи эътидоли баҳорӣ) ва қисмҳои дигари вақтро дар давоми шаборӯз аз рӯи мушоҳидаи такроршавии ҳодисаҳои табиат, гардиши ҷирмҳои осмонӣ ва рафтори (ҷойивазкунӣ паррандагон) ҷонварон муайян мекарданд.

Аз ҳисоби он, ки минтақаи Тоҷикистони азиз аз талу теппа ва кӯҳҳо бой аст, пас оғози Наврӯз ва таҷлили он, яъне омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар асоси мушоҳидаҳои тӯлонии халқиятҳои муқимии ватанамон, қаблан оғоз меёфт. Фарорасии Наврӯзро мардуми кӯҳистон аз рӯи мушоҳидаи ҳаракати Офтоб, ҷойивазкунии нуқтаҳои тулӯъ ва ғурубӣ Офтоб, афтидани сояи қуллаҳо ва амсоли инҳо муайян менамуданд. Асосан гардиши Офтобро мардуми кӯҳистон аз рӯи ҷойҳои нишонашуда дар қаторкӯҳҳо ва қӯллаҳои онҳо, дарахтони кӯҳансол, сангҳо мушоҳида ва муайян мекарданд. Дар ноҳияҳои Ишкошим ва Айнӣ санге мавҷуд аст, ки онро “Офтоббин” ва қуллаи ду куҳе аст, ки Офтоб онҷо “Лона” мегузорад.

Дар мардуми таҳҷоии кӯҳистон тақвимҳои гуногуни халқӣ ҷорӣ шуда буд, ки ба ҳазорсолаҳои то мелод рост меомад. Таҳқиқоти археологии олимони тоҷик муайян намуданд, ки тақвими офтобии қадимаи мардуми Бадахшон таърихи беш аз 2500 сола дорад. Яке аз тақвимҳои хосси мардуми Бадахшон ҳисоби “Офтоб дар мард” мебошад. Аз ин лиҳоз, дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони азизамон то ба фаро расидани ҷашни Наврӯз – омодагии мардум оғоз меёфт.

Баробаршавии шабу рӯз ду маротиба дар нуқтаҳои буриши экватори осмонӣ бо эклиптика (экватори Офтоб) ба амал меояд, якеро нуқтаи эътидоли баҳорӣ ва дигареро нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ меноманд.

Экватор кураи осмонро ба нимкураҳои шимолӣ ва ҷанубӣ тақсим менамояд ва вақте, ки Офтоб аз нимкураи ҷанубӣ ба нимкураи шимолӣ мегузарад, аз рӯи вақти ҷаҳонӣ (дар дигар тасмаҳои соатӣ ин вақт метавонад фарқ кунад) дар нимкураи шимолӣ баробаршавии шабу рӯз ба амал меояд, ки ба 20-21 март рост меояд. Дар ҳолати баръакс, аз нимкураи шимолӣ ба нимкураи ҷанубии кураи осмони гузаштани Офтоб ба 22 ё 23 сентябр рост меояд. Ҷолибият дар он аст, ки ҳангоми дар нимкураи шимолӣ фасли баҳор оғоз ёфтан, дар нимкураи ҷанубӣ бошад, фасли тирамоҳ ба амал меояд ва бараъкс, ҳангоми фасли тирамоҳ оғоз шудан, дар нимкураи ҷанубӣ васли баҳор тантана мекунад.

Дар рӯзҳои баробаршавии шаборӯзӣ дар тамоми сатҳи Замин (ба истиснои минтақаҳои қутбӣ) шабу рӯз тахминан баробар аст. Аслан дар баробаршавии шаборӯзӣ, яъне нуқтаҳои эътидол аз ҳисоби рефраксияи астрономӣ рӯз нисбати шаб дарозтар аст.

Чунки аз ҳисоби рефраксияи атмосферӣ қурси Офтобро барои мушоҳид каме боло мебардорад. Бинобар сабаби он, ки давомнокии рӯз ҳамчун фарқияти тулӯъ ва ғуруби қисмати болоии қурси офтобӣ аз уфуқ қабул карда шудааст, нуқтаҳои эътидол бошанд, қисмати марказии Офтоб гирифта мешаванд. Барои мушоҳидачии арзҳои миёна Офтоб аз ҳисоби рефраксия, дар нуқтаҳои эътидол каме фарқият мекунад, бинобарин дар нимкураи шимолӣ аз нуқтаи шарқ нею, каме шимолтари шарқ, дар нимкураи ҷанубӣ бошад баръакс, ҷанубтар ғуруб мекунад. Барои мушоҳидачиёни дар экватори Замин ҷой дошта азимути офтоби тулӯъкунанада ва ғурубкунанда аз ҳисоби рефраксия тағйир намеёбад, аммо Офтоб пештар тулӯъ карда, дертар ғуруб мекунад.

Дар даврае, ки дар нимкураи шимолӣ рӯз аз шаб тӯлонитар аст, тақрибан аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ то эътидоли тирамоҳӣ Офтоб дар уфуқ шимолтар аз нуқтаи шарқ тулӯъ карда, шимолтар аз нуқтаи ғарбӣ ғуруб мекунад. Ин фосила каме тӯлонитар аст, нисбат аз нуқтаҳои эътидол, яъне пештар оғоз ёфта, дертар анҷом меёбад. Ҳангоми рӯзҳо нисбат ба шаб кӯтоҳтар будан ин фосилаи вақти аз эътидоли тирамоҳӣ то эътидоли баҳориро ташкил медиҳад, Офтоб дар уфуқ ҷанубтар аз нуқтаи шарқ тулӯъ карда, ҷанубтар аз нуқтаи ғарб гӯруб мекунад. Бинобарин, ин фосила нисбатан кӯтоҳтар аст, яъне баъд аз нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ оғоз ёфта, пеш аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ анҷом меёбад.

Дар наздикиҳои нуқтаҳои эътидол суръати тағйирёбии майли Офтоб зиёдтар аст: тақрибан як дақиқаи камонӣ дар як соат. Дар як шаборӯз бошад ин қиммат ба 24 дақиқаи камонӣ рост меояд. Ҳангоми нуқтаҳои эътидол суръати ҳаракати Офтоб аз рӯи майл бештар гардида, дар нуқтаҳои инқилоб (инқилоби тобистона ва зимистона) бошад суръати ҳаракат сустар мегардад.

Манфӣ ва мусбӣ тағйирёбии майл ин ба камшавӣ ва зиёдшавии қиммати майли Офтоб мебошад.

Аз ҳисоби эллипсӣ будани мадор, Замин ҳангоми ҳаракати худ дар атрофи Офтоб фосилаи вақтро аз нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ то нуқтаи эътидоли баҳорӣ тезтар мебурад, нисбати фосилаи вақти аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ то нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ. Дар натиҷаи претсессияи меҳвари Замин, мавқеъи ҷойгиршавии экватор ва эклиптика тадриҷан тағйир меёбад. Ин тағйирот дар давоми сол ба 20 дақиқаю 24 сония рост меояд. Аз ин рӯ Офтоб ба нуқтаи эътидол пештар меояд, нисбати оне, ки Замин дар атрофи ӯ як даври пурра мезанад. Ин раванд ба тағйирёбии мавқеъи нуқтаҳои эътидол ва инқилоб дар кураи осмонӣ оварда мерасонад. Аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ сарҳисоби фарози мустақим аз рӯи экватори осмонӣ ва тӯли Офтоб аз рӯи эклиптика оғоз меёбад. Ин нуқтаҳоро (нуқтаҳои эътидол) аз давраи Ҳиппарх бо рамзи бурҷҳое, ки нуқтаҳои буриш ба амал меомад, ишора мекунанд.

Баробаршавии шаборӯзӣ дар астрономия, оғози якхелаи фасл мебошад (аз ҳисоби гузариши Офтоб аз як нимкура ба нимкураи дигар). Фосилаи байни ду эътидоли ягонаро соли тропикӣ меноманд, ки ҳамчун ченаки вақт қабул шудааст. Соли тропикӣ тақрибан ба 365,2422 шаборӯз баробар аст, аз ин рӯ нуқтаи эътидоли баҳорӣ дар вақтҳои гуногун рост меояд ва дар давоми як соли тақвимӣ тақрибан 6 соат ба пеш меғеҷад. Соли юлианӣ бошад ба 365,25 шаборӯз баробар аст. Бо илова кардани соли кабиса (илова шудани рӯзи алоҳида дар охири моҳи феврал, ҳар соли чорум) нуқтаи эътидоли баҳорӣ мавқеъи пешинаашро соҳиб мешавад.

Офтоб дар осмони ситоразор дар давоми сол пайиҳам аз 12 бурҷҳои зодиакии қад-қади эклиптика ҷой гирифта ҳаракат мекунад. Масири ҳаракати зоҳирии Офтобро дар байни ситораҳо эклиптика меноманд. Дар тақвими шамсии мардуми форсзабон оғози сол аз бурҷи Ҳамал оғоз шуда, минбаъд Офтоб аз бурҷҳои Савр, Ҷавзо, Саратон, Асад, Сунбула, Мизон, Ақраб, Қавс, Ҷадӣ, Далв ва Ҳут мегузарад. Офтоб ҳар як бурҷро ба ҳисоби миёна тули як моҳ тай мекунад.

Бигзор дар ин ҷашни мардумӣ, чи тавре Пешвои муазами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳтади миллӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон таъкид намуданд, мардуми тоҷик, аз нишоту шодмонӣ, хушиву хушҳолӣ сухан гӯянд ва занги кудуратро мисли сардиҳои зимистон аз дилҳои худ берун андозанд.

Абдулҷалол Сафаров,номзади илмҳои физикаю математика,мудири кафедраи астрономияи факултети физикаиДонишгоҳи миллии Тоҷикистон