НАҚШИ ИЛМИ ФИЗИКА ДАР ПЕШРАФТИ ҶОМЕЪА

326

(Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», дар мисоли фаъолияти факултети физикаи ДМТ)

Рушд ва пешрафти ҷомеъа, алалхусус истеҳсолот ва иқтисодиёт ба донишҳои илмӣ асос ёфтаанд. Донишҷӯён ва хатмкунандагон бояд низоми донишҳои илмиро азхуд намуда, онҳоро дар ҳаёти ҳаррӯза, дар истеҳсолот ва илм татбиқ карда тавонанд, ки бе онҳо пешрафти минбаъдаи илмию техникӣ ва тараққиёти давлат имконнопазир аст. Бо назардошти гуфтаҳои боло дар низоми маорифи ҷумҳуриямон дараҷаи таълими фундаменталӣ зина ба зина баланд бардошта шуда истодааст. Хушбахтона, дар ин ҷода таваҷҷуҳ ва ғамхории Давлату Ҳукумат беназир буда, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Ин моро водор месозад, ки дар баробари худшиносию худогоҳӣ, ҳивзи ёдгориҳои таърихӣ, забон, фарҳанг, ҳуввияти миллӣ ба омӯзиши фанҳои табию техникӣ ва риёзӣ машғул бошем.

Физика илм дар бораи қонунҳои умумии табиат буда, барои дарки олами атроф саҳми калон мегузорад. Ин илм барои ташаккули фаҳмиши олам, қобилиятҳои эҷодии мактаббачагон, тасаввуротро дар бораи тасвири илмии ҷаҳон ташаккул медиҳад ва дар амалия ва ҳаёти ҳаррӯза татбиқ намудани донишҳои илмиро меомӯзонад.

Фанни физика дар инкишофи маънавии мактаббачагон ва донишҷӯён нақши басо калон дорад. Физика дорои потенсиали бузурги пешбаранда буда, дар инкишофи тафаккур ва қобилияти хонандагон саҳми арзанда мегузорад. Маҳз дар курси мактабии физика тафаккури моделӣ ташаккул меёбаду, он имкон медиҳад, ки моделҳои назариявии равандҳои воқеӣ эҷод карда шаванд.

Маҳз мавқъеи физика асоси пешрафти илмию техникии ҷамъияти ҳозира мебошад. Физика асоси мундариҷаи фанҳои химия, биология, геология, астрофизика ва бисёр дигар илмҳои муҳандисӣ мебошад. Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки омӯзиши физика барои ташаккул ва инкишофи потенсиали илмию техникӣ ва технологии кишварамон аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Устодон ва кормандони факултети физика дар фаъолияти ҳарӯзаи худ кушиш ба харҷ медиҳанд, ки дар баробари таълиму тарбия, корҳои илмӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои давлатиӣ, шаҳрӣ ва донишгоҳӣ саҳми босазои худро дар амали сохтани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» гузоранд. Танҳо дар ду соли охир аз ҷониби кормандону устодони факултети физикаи ДМТ чандин чорабиниҳо ва корҳо амали гашнад, ки баъзе аз онҳоро бояд махсус қайд намоем. Рӯзҳои 29-ум то 30-юми марти соли 2022 дар факултети физика ДМТ олимпеадаи байналмилалӣ аз фани физика баргузор гардид. 27 октябри соли 2022 конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Мақоми физика дар рушди илм, маориф ва инноватсия», 7-феврали соли 2023 конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони хориҷӣ дар мавзӯи «Моделсозии математикӣ ва компютерии равандҳои физикӣ», 10 октябри соли 2023конференсияи байналмиллалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масоили муосири физика ва химияи полимерҳо», ки ин ҳама бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” буд, гузаронида шуданд.

Ногуфта намонад, ки дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳтару хубтар гардидани имкониятҳои илмию таълимӣ роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои тозаро рӯйи даст мегирад. Бо мақсади дар амал татбиқ шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, барои солҳои 2020-2040” санаи 09.11.2023 дар пояи кафедраи физикаи ҳастаи факултети физикаи ДМТ Озмоишгоҳи замонавии таълимии «Физикаи микроолам» ва дар факултет Маҷлисгоҳи барҳавои замонавӣ кушода шуд.

Устодони факултет аъзои гурӯҳи таҳия ва нашри китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи назди Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон аз фанни физика мебошанд, ки китоби дарсии «Физика -8» аз нашр баромад ва китобҳои дарсии «Физика -9» ва «Физика -10» барои чоп ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Дар охир бояд қайд намоям, ки ҳамаи мо – муаллимон, донишҷӯён ва хонандагон кушиш ба харҷ диҳем, ки дар раванди амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» саҳми арзандаи худро гузорем.

Қодирзода З.А. – декани факултети физика,

Ақдодов Д.М. – мудири кафедраи физикаи умумии факултети физикаи ДМТ