ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМ ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ

219

Парчам яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ, соҳибистиқлолӣ, худшиносӣ, ҳифзу нигаҳдории арзишҳои миллӣ аст. Мардуми тоҷик аз азал парчамдору парчамбардор буданд, ки нишон аз кишвардориву соҳибистиқлолӣ аст. Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон дубора соҳиби парчами миллӣ гаштанд. Парчами миллӣ дубора ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо шуд.

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён» -и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг, ранги сурх-озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти таммаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақим ва ормонҳои ватанхоҳиву каҳрамониҳои мардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд:«Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад». Бо ибтикори Президенти кишвар ба нишони эҳтирому садоқат ба парчами миллиамон ва гиромидошти ин рамзи давлатӣ соли 2009 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчам эълон шуд. Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлатӣ дар тамоми чорабиниҳои расмӣ, мусобиқаҳо, маҷлисҳои тантанавӣ, мулоқоту вохӯриҳои сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ баланд бардошта мешавад. Имрӯз тасвири Парчами давлатӣ дар пули миллӣ, коғазҳои қиматнок, гувоҳномаю шиносномаҳо, ордену медалҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва дигар ашёи арзишманд инъикос ёфтаасту хурду бузурги кишвар аз он ифтихор доранд. Парчами аз ҳама баландтарин (165 метр), ки вориди китоби Рекордҳои Гинес шудааст дар маркази пойтахти азизамон Душанбе парафшон аст. Тӯли матоъи он ба 60 метр ва паҳноияш ба30 метр баробар мебошад. Ин ҳама нишонаи он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарияти кишвар, хурду калони Ватани азизамон парчами миллиро пос медоранд ва омодаанд асрҳои аср барои озодиву ободии миллати тоҷик онро ҳифз кунанд.

Бигзор Парчами миллӣ – рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳамчун нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад.

Ва чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд:«Бигзор, парчами пурҷиллло ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Парафшонии Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиклоли мо ҷовидон бошад».

Бигзор Парчами Тоҷикистони соҳиистиқлол доимо дар фазои ороми кишвари маҳбубамон парафшонӣ намояд. Ва инчунин парчами кишвари маҳбубамон мисли дигар идораву муассисаҳо дар болои бинои нигини Тоҷикистон, кохи маърифати тоҷикон, Донишгоҳи азизамон доимо партафшон бошад.

Давлатмамадова С.Ш н.и.ф.,-муаллими калони кафедраиоптика ва спектроскопияифакултети физикаи ДМТ