МАҲФИЛИ ИЛМИИ «БАРНОМАСОЗ»

178

Санаи 21.10.2023 тибқи нақшаи маҳфили илмии донишҷӯёни факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо бо иштироки устодон ва донишҷӯён маҳфили ҷамъияти илмии донишҷуён баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-40020100 – мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо Бобоева Адиба дар мавзӯи «Системаҳои идоракунии техникӣ ва барномавии компютерӣ» баромад намуд.Дар рафти баромад аз тарафаи Бобоева А., оиди системаи идоракунандаи компютерӣ, ки дар навбати худ ба системаи идоракунандаи техникии компютерӣ ва системаи идоракунандаи барномавии компютерӣ тақсимбандӣ мегардад, маълумотҳои муфассал дода шуд. Системаи идоракунандаи техникии компютерӣ – асосан аз қисмҳои асосӣ ва иловагӣ иборат мебошад. Умуман, идоракунии қисмҳои номбаршуда, бевосита ба уҳдаи системаи идоракунандаи техникии компютерӣ вогузор аст. Пас аз барқароршавии системаи оператсионӣ дар хотираи компютерӣ идоракунии системаи идоракунандаи техникии компютерӣ пурра ба системаи мазкур вобаста мегардад. Яъне системаи идоракунандаи навбатӣ ин системаи идоракунандаи барномавии компютерӣ мебошад.Бо истифода аз пайвастагии системаи идоракунандаи асосӣ, системаи оператсионӣ ҳам системаи техникии компютерӣ ва ҳам гурӯҳи барномаҳое, ки дар раванди кор ба хотираи компютерӣ барқарор карда мешаванд, идора менамояд. Хулоса, донистани раванди кори системаи идоракунандаи асосии компютерӣ барои ҳалли масъалаҳои гуногун дар соҳаҳои касбии худи донишҷӯ хеле муҳим аст. Дар охири маҳфил миёни маърузачӣ ва иштирокчиён мубоҳисаи илмӣ сурат гирифт.