ИШТИРОКИ УСТОДОНИ ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКАИ ДМТ ДАР ОНЛАЙН КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

246

Санаи 20.10.2023 устодони факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмиллалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи: “Захираҳои обии минтақаҳои хушк дар шароити тағийрёбии иқлим, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо”, ки бо ташабуси Донишгоҳи милли Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек баргузор гардид ба тариқи маҷозӣ иштирок ва маърӯза намуданд.

Дар конфронси байналмилали илмӣ-амалӣ олимон ва мутахассисон аз Фдератсияи Руссия, Шветсария, Олмон, Ҳиндустон, ИМА,Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок ва маърӯзаҳо намуданд.

Мақсади конфронс: муҳокимаи натиҷаҳои тадқиқотҳо дар доираи проблемаҳои муосири гидрология, метеорология, иқлимшиносӣ, экология, ҳифзи муҳити зист дар раванди тағйирёбии иқлим, инчунин мубодилаи таҷриба, ҳидоят намудани олимони ҷавони лаёқатманд ба самтҳои ояндадори илмӣ, инъикоси ҳамгироии илм ва инноватсия .

Дар конфронс чунин масъала барраси гардиданд:

• Мушкилоти тағийрёбии иқлим дар минтақаҳои хушк, арзёбии хатарҳои гидрометеорлогӣ ва масъалаҳои мутобиқшавӣ;

• Тағийр ёфтани режими гидрологии дарёҳои фромарзӣ дар шароити гармшавии глобалӣ ва масъалаҳои истифодаи самаранокии захираҳои об;

• Таъсири тағийрёбии иқлим ба равандҳои физикию ҷуғрофӣ,муҳити табиӣ ва мушкилоти геоэкологӣ;• Мушкилоти иҷтимоию иқтисодии тағийрёбии иқлим ва ҳалли онҳо;

• Таъсири тағийрёбии иқлим ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия(об,офтоб,шамол) ва саломатии аҳолӣ