Санаи 29.09.2023 дар кафедраи Электроникаи физикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарси кушоди н.и.ф-м., дотсенти кафедраи мазкур Ғафуров Одилҷон Вадудович дар курси якуми ихтисоси 31040200-радиофизика ва электроника аз фанни Асосҳои назарияи технологияи пешқадам дар мавзӯи “Схемаҳои интегралии микроэлектроника” баргузор гардид. Дар давоми дарс устод ба донишҷуён доир ба наслҳои микросхемаҳо, маводҳо ва технологияи омода намудани микросхемаҳо инчунин нақши микросхемаҳо дар тараққиёти илми муосир маълумотҳо пешниҳод намуданд. Дар дарси кушод Раиси Шурои илмию методии факултет дотсент Истамов Ф., мудири кафедраи Физикаи умумӣ профессор Ақдодов Д, и.в. мудири кафедраи Электроникаи физикӣ Раҳматов Б.А., мудири лабораторияи кафедраи Электроникаи физикӣ Имомов Н.Р. ва муҳандиси кафедра Шодиев Р. ҳузур доштанд. Дарс дар сатҳи баланд гӯзаронида шуд.