Маҳфили илмӣ-инфиродӣ

180

Санаи 28.09.2023 дар кафедраи Электроникаи физикии факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили илмӣ инфиродии д.и.ф-м., профессор Хоҷазода Тоҳир Абдулло дар мавзӯи “Технологияи омода намудани намунаҳои тухмии зироатҳо дар шароити лабораторӣ” баргузор гардид. Профессор Хоҷазода Тоҳир Абдулло доир ба интихоби дурусти тухмиҳои зироатӣ ва методҳои нурборон намудани зироатҳо маълумотҳои муфидро барои донишҷӯён пешниҳод намуданд. Бояд қайд намуд, ки бо таъсири нурбороннамоии тухмиҳои зироатӣ энергияи афзоиш ва нашъу намои зироатҳо нисбат ба тухмиҳое, ки нурборон нагардидаанд хеле хуб гашта якчанд рӯз пештар аз замин сабзиш менамоянд. Истифодаи ин усул инчунин барои ба даст овардани ҳосили хуб низ боис мегардад. Маҳфил дар сатҳи баланд гӯзаронида шуд ва донишҷӯён маълумотҳои муфиди илмӣ-амалӣ аз худ намуданд.