ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ РОБОТОТЕХНИКА ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА

198

Барои натиҷагирӣ аз нимсолаи таҳсили сипаригашта вохӯриҳои ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултетҳои донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.

Дар вохӯрии навбатӣ, ки бо ҳайати устодону кормандони факултети физика доир гардид, масъалаҳои гуногуни фаъолияти факултети мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимнан ректори донишгоҳ дар робита ба амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040) садорат ва мудирони кафедраҳо дастуру супоришҳо мушаххас гирифта, таъкид шуд, ки дар доираи ин ибтикороти Пешвои муаззами миллат табодули устодону донишҷӯён ҷиҳати анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва омӯзишӣ дар хориҷи кишвар ва гузаштани омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос бештар ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ ва маркази омӯзиши робототехника ва дар заминаи онҳо ташкили ихтисосҳои нав талаботи замон аст.

Дар охир таъкид шуд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти сохторҳои таркибии факултет, аз қабили самти ҷавонон, занон, волитайн ва иттифоқи касабаи донишҷӯён садорат ва мудирони кафедраҳои марбутаи факултет бояд чораҳои зарури андешида, дар доираи нақшаи чорабиниҳо самаранок фаъолият намуда, навгониҳои назаррасро рӯйи даст бароранд.