ҶОИЗАВУ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК!

144

Тавре иттилоъ дорем, санаи 30.08.2023 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ – 32-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, иброз доштанд, ки дар арафаи ҷашни солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони дигар соҳаҳо нишонаи қадршиносии Ҳукумат дар бунёд ва эъмори давлатдории миллии мо мебошад.Таъкид гардид, ки соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ ба мо имкон фароҳам овард, ки тайи зиёда аз се даҳсола барои таъмин намудани пешрафту ободӣ ва боз ҳам инкишофу тараққиёти кишвари маҳбубамон хеле корҳои назаррасро ба анҷом расонем.Баъди суханронии Президенти мамлакат бештар аз 200 нафар олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат ва хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, бо ордени Спитамен дараҷаҳои I ва II, ордени Шараф дараҷаи II, бо медалҳои Ҷасорат, Хизмати шоиста, Шафқат, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2023 қадрдонӣ шуданд.Боиси ифтихор аст, ки дар миёни сарфарозшудагон бо мукофотҳову ҷоизаҳои давлатӣ зумрае аз устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданд.

Аз ҷумла, Қодирзода Зафар – декани факултети физика, бо Ҷоизаи “#Исмоили_Сомонӣ” сарфароз гардиданд. Ҳамзамон, профессори кафедраи физикаи назариявии факултети физика Солеҳзода Давлат ва докторанти факултети мазкур Сулаймон Балаҷонзода бо #Ҷоизаи_давлатии_Ҷумҳурии_Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2023 сарфароз гардиданд.

Ҷоиза муборак, устодони азиз!