ТАҚДИМИ ДИПЛОМҲОИ АЪЛО БА ХАТМКУНАНДАГОНИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2022-2023

200

Имрӯз (05.07.2023) ба 5 нафар хатмкунандаи факултети физика, ки солҳои таҳсили 2019-2023 – ро бо баҳои аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил намудаанд, дипломи аъло дода шуд.

1. Юсупова Соҳиба

2. Амирова Ҷонона

3. Нуруллозода Гулбаҳор

4. Сайдалиева Фотима

5. Сайдалиева Зуҳро

Дар оғози чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. хатмкунандагонро самимона табрик намуда, таъкид дошт, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар омода намудани мутахассисон барои соҳаи гуногуни иқтисодиёти кишвар саҳми муассир мегузорад.«Мо умед дорем, ки шогирдони мо дар оянда тамоми донишу маҳорати худро баҳри ободиву шукуфоии Ватани азизамон дареғ намедоранд» – изҳор дошт ректори донишгоҳ зимни суханронии ҷамъбастии хеш.Садорати факултети физика ба ин донишҷӯён дар фаъолияти ояндаашон барору комёбиҳо таманно менамояд.