Ҷаласаи васеъи ҷамъбастии Шурои олимони факултети физика дар соли таҳсили 2022-2023

222

Санаи 24.06.2023 дар толори калони факултет, №501 ҷаласаи васеъи ҷамбастии шурои олимони факултет дар соли таҳсили 2022-2023 бо иштироки ҳамаи кормандон, устодон ва аъзоёни Шурои олимони факултет баргузор гардид. Тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботҳои раисони Шурои методӣ, Шурои занон, Шурои сарпарастон, ҳисоботи мудирони кафедраҳо ва ҳисоботи котиби илмии Шурои олимон шунида шуданд. Инчунин дар ҷаласа гузоришҳои муовинони декан оид ба илм, оид ба таълим низ шунида шуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Муфассал оид ба фаъолияти факултет дар соли таҳсили 2022-2023 декани факултет н.и.ф-м., дотсент Қодирзода З.А., бо истифода аз технологияи иттилоотӣ, ҷадвалҳо ва слайдҳои дахлдор маълумот доданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки фоизи устодони факултет, ки соҳиби дараҷаҳои илмӣ ҳастанд ба 78,5% баробар мебошад.

Чанд хулосаҳои муҳими ҷаласи мазкур чунинанд:

– чунин ҷаласаи ҷамбасти бо иштироки ҳамаи ҳайяти кормандон ва устодон таи 12 соли охир бори аввал аст.

– сомонаи факултет ва саҳифаи фейсбуки факултет пурра фаъол гардида ҳамарӯза маълумотҳои нав ба нав гузошта мешавад.

– дар факултети физика асосан 10 маҳфилҳои илмии донишҷӯён фаъолият мекунад ва инчунин дар факултет маҳфили умумифакултети миёни донишҷӯён бо номи «НЕРӮ» таъсис дода шуд. Маҳфил моҳе 4-маротиба баргузор мегардид ва дар ҷамъбасти сол аксари иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

– китоби барномаҳои таълимии ба нашр расид, ки барномаҳои таълимии ихтисосҳои даҳ кафедраи факултетро дар бар мегирад.

– корҳои ободонӣ, толори Шурои олимон, насби камераҳои назорати, озмоишгоҳи кафедраи физикаи ҳаста бо дастгирии раёсати Донишгоҳ вусъат ёфтанд.

– иштироки донишҷӯён дар озмунҳо ва олимпиадаҳои гуногун афзуданд.- теъдоди мақолаҳои Scopus, онлайн конференсияҳо аз ҷониби устодон пурзур гардид.

– дар соли таҳсили 2022-2023 дар Шурои диссертатсионӣ 10 ҳимоя баргузор гардид, ки як рислоаи докторӣ буд.

Дар охири ҷаласа устодон, кормандон ва донишҷӯён, ки дар соли таҳсили 2022-2023 фаъолияти назаррас доштанд бо Ифтихорномаи раёсати донишгоҳ ва садорати факултет қадрдони карда шуданд.