ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ТАҲКИМБАХШУ СУЛҲУ СУБОТ ВА РУШДУ ИНКИШОФ!

163

Охирҳои қарни гузашта ва аввалҳои асри 21 барои халқи тоҷик рӯзҳои сахту сангин ва пур аз фоҷиаҳо ба ҳисоб мерафт. Дар вазъияти вазинини ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорҳо ҳамватанон кушта ва садҳо нафар бехонаву дарбадар ва гуреза дар мулки дигар буданд. Сулҳу оромӣ дар кишвар муҳимтарин ҳадафи ҳукумат ба ҳисоб мерафт. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон қариб буд, ки давлати моро ба нестӣ оварда расонад. Хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, дар муддати кутоҳи тақрибан 7 сол ба сулҳу ваҳдат расид. 27 июни соли 1997 – пас аз 8 миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифон дар шаҳри Маскав, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини тоҷик Сайид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро имзо карданд. Ҳамин тариқ сулҳ ба кишвар баргашт ва қувваҳои мухолифон ба ҳам омаданд. Ваҳдати миллӣ бешубҳа омили муҳими пойдории сулҳу суббот дар кишвар гардид. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба мақоми олии мамлакат нишастан, дар муроҷиат ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 зимни нахустсавганди ёднамудааш баён намуд, ки “Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам…” Ҳамин тариқ, бо талоши пайвастаи Пешвои миллат сулҳу иттиҳод ва сарҷамъии миллати тоҷик кафолат дода шуда, Ҷумуҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи созандагию пешрафт қадам ниҳод. Агар сулҳу ваҳдати миллӣ ба даст намеомад, пешрафту инкишоф ва неъмату фаровонӣ дар ҳар хонадони тоҷик имконнопазир буд. Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ омили рушду пешрафти ҷомеа буда, пас аз он иқтисодиёти кишвар сол аз сол инкшоф ёфт. Имрӯз дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ пешравӣ ба назар расида, ҷойҳои зиёди корӣ ташкил шуд ва шумораи аҳолии шуғлманд боло рафт. Соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ рушд ёфтаанд ва сатҳу сифати зиндагии мардум боло гардид ва ҳадафҳои бузургу созанда амалӣ шуданд, аз ҷумла бобати таъмини истиқлолияти энергетикӣ ду агрегати неругоҳи барқии обии «Роғун» ба истифода дода шуд ва бо ифтитоҳи ин Кохи нур орзуву ормонҳои деринаи миллати мо амалӣ гардид. Ба кор андохтани иншооти бузурги аср, ки сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди барӯманди Тоҷикистон ба шумор меравад, рӯйдоди муҳими таърихӣ буда, шаҳодати он аст, ки ба шарофати ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат мушкилиҳои сиёсию иқтисодӣ ва масъалаи норасоии барқ паси сар карда шуд. Ҳамаи ин шаҳодати он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот пойдор буда, ислоҳот дар ҳама соҳаҳо роҳандозӣ гардида, тамоми самтҳои ҳаётии ҷомеа дар ҳоли рушди нумуи бонизом қарор доранд ва падидаҳои ҷомеаи демократӣ таҳким меёбандВаҳдати миллӣ муҳимтарин омили сулҳу оромӣ, рушди иқтисодӣ, таъмини адолату баробарӣ ва дигар арзишҳои иҷтимоӣ маҳсуб мешавад, аз ин рӯ ҳар як давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд барои таҳкими он мубориза мебарад. Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва кушишҳои Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистон аз бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ баромада, ба марҳилаи рушди устувори иқтисодӣ ворид гардид, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои бузург ноил шуд.

доктор Ph.D-и соли дуюми факултети физикаи ДМТ, Матробиён М.Х.