Иштироки муҳаққиқони ҷавони соҳаи физика

230

Иштироки муҳаққиқони ҷавони соҳаи физика дар машғулиятҳои Мактаби байналмилалӣ дар ш. Хеваи Ҷумҳурии Узбекистон (14-21 майи соли 2023)​Бо ташаббуси бевоситаи ИФТ ба номи С.У.Умарови АМИТ санаҳои 14-21 майи соли ҷорӣ, дар баробари иштироки​ 6 нафар муҳаққиқони​ ҷавон аз ИФТ ба номи С.У.Умарови АМИТ ва дигар ташкилоту донишгоҳҳои кишвар, инчунин омўзгори кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физикаи ДМТ, н.и.ф.м.​ Масрур Ҳодиев дар Мактаби тобистонаи байналмилалии ш. Хеваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони “Дурнамои унсурҳои офтобии перовскитӣ: табдили энергияи камкарбон бо маводҳои пешрафтаи функсионалӣ” иштирок намуданд. Мактаби мазкур аз ҷониби Ҷамъияти физикаи Узбекистон бо дастгирии Маркази байналмилалии физикаи назариявӣ (Итолиё) ва фонди илмии Фолксваген (Олмон) ташкил карда шудааст. Дар чорабинӣ машғулиятҳо​ пурра бо забони англисӣ аз ҷониби олимон-физикдонҳои кишварҳои пешсаф дар соҳаи энергетикаи барқароршаванда гузаронида шуд.