АРТИШИ МИЛЛӢ-ТАКЯГОҲИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ

391

Имрӯз мо яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол 30-солагии таъсиси Артиши миллӣ, ки рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэтимоди Ватан мебошад, ҷашн мегирем.Лозим ба ёдоварист, ки Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои муссалаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони истиқлол мебошад, ки ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ , дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлолияти он таҳти хатари нобуди қарор дошт. Имрузҳо аз таъсиси Артиши миллии кишвари азизу маҳбубамон Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ ва неруҳои ҳарбии таъмини мудофиа дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳодисаи ҳаммаком бо истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Зеро неруҳои ҳарбии таъмини мудофиа кафили давлату давлатдори буданд ва хоҳанд монд.Хизмати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон – ҳамчун бунёдгузори қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон басо назаррас буда, маҳз бо заҳмату кӯшишҳои фарзанди фарзонаи миллат, Тоҷикистони тозаистиқлоли мо тавонист, ки Қувваҳои Мусаллаҳи худро новобаста аз вазъи печидаи ҳарби, сиёси ва муноқишаҳои дохили созмон диҳад. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарби баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.Имрӯзҳо маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мӯҳтарам Эмомали Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват низ гардидааст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар иродаи паёми ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доими, эҳсоси баланди ватандуӯсти, худогоҳи ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Ва рӯзи 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Одат шудаст, ки дар ин рӯз ба намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи Ватанӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ, ки амнияти кишварамонро таъмин менамоянд, эҳтиром гузорем ва онҳоро бо рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намоем. Ҳама сола 23 – феврал дар саросарӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Артиши миллии Қувваҳои мусаллаҳ бо як шукуҳу шаҳомати хосса гузаронида мешавад. Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ин боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол, қувваҳои мусалаҳаш мебошад. Албатта, бе ягон шакку шубҳа Артиши миллии Тоҷикистон имрӯз қувваи бузурги фидоиёни Ватанро ташкил менамояд, ки тавсифу таърифи он ифтихор ва сарбаландии мост. Артишро чун мактаби мардонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунар тавсиф карда, дар он ҷо сарбозон ҳамарӯза бояд тамрини низомӣ гузаронида ва посбониву ҳушёри ва зиракии марзи кишвари азизамонро ҳифз намоянд. Ҳимояи амну амнияти мардум вазифаи артиши неруманд аст, ки аҳамияти ҳифзи марз ва ҳаёти осоиштаро ҳассостар дарк месозад. Артиши миллии тоҷик бо вуҷуди мушкилиҳои зиёде, ки дар тули солҳои гузашта дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷой доштанд нигоҳ накарда, тадриҷан ба як неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфт. Бо матонату шуҷоат, далерию устуворӣ Артиши миллии мо собит сохт, ки аз ӯҳдаи ҳимояи Ватани азизамон мебарояд. Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1993—1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, он ҳанӯз идома дорад, корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуд, дар заминаи Колеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуд ва аз ҳама муҳим бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои мусаллаҳ, ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Имрӯз сокинони мамлакат дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ муҳофизи худро дида, онро сипари боэътимод медонанд. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дараҷаи касбияти аскарону афсарон ва вазъи моддию техникии имрӯзаи Артиши миллӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии он ба куллӣ фарқ менамояд.Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як инсон ва тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлати хеш ҷони худро дареғ надоштанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсоли ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист. Мо бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаби шуҷоат мордонагӣ омӯзем.Бори дигар ин ҷашни фархунда, 30-солагии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама шаҳрвандони кишварамонро табрику муборакбод намуда, ба Шумо рӯзгори хушу осуда ва бигзор дар Тоҷикстони азизамон доимо тинҷии ороми пойдор бошад.

Ёров Мустафо – донишҷӯи курси 1-умиихтисоси 1-33010300 – радиоэкологияи факултети физикаи ДМТ