МАҲФИЛИ ИЛМӢ-НАЗАРЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

244
Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - 316240380_714741443375058_2141113945932786033_n-1024x768.jpg

Санаи (24.11.2022) дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки садорат, устодон, докторантони доктор PhD ва донишҷӯён ҷамъомади илми-назарявӣ ба муносибати рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Авази Мирзо муовини декан оид ба таълим, Имомов Назаралӣ – муовини декан оид ба тарбия суханрони намуда ва бо маърузаҳо Файзиева М.Р.- мудири кафедраи оптика ва спектрокопия, дотсент дар мавзӯи «ПАРЧАМ-РАМЗИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ» ва дотсенти факултети таърих Шарофиддинов С., дар мавзӯи «ТАЪРИХИ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ВА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ» бо маърӯзҳо баромад намуданд. Дар маҳфил устодону кормандон ва донишҷӯёни факултет фаъолона иштирок намуданд. Қайд гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода намудааст.

Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад. Парчами миллӣ ифодагари ору номус, шаъну шараф ва эътибори милливу давлатии тоҷикон буда, муҳаббат ва ифтихори доштани он дар рагу пайванд ва қалби ҳар ватандор маъво гирифтааст.

Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - 316240380_714741443375058_2141113945932786033_n-1024x768.jpg