КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА

205

Санаи 6-уми ноябри соли 1994 барои халқи шарафманди тоҷик, рӯзи тақдирсоз буда дар таърихи миллати мо бо ҳарфҳои зарин дарҷ мегардад. Чунки дар ин рӯз бо тариқи раъйпурсии умумихалқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз соли 1929 то имрӯз, Тоҷикистон 5 маротиба Конститутсия қабул намудааст. Конститутсияи имрузаи мо аз Конститутсияҳои қабл, фарқияти кулли дошта, ба стандартҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилал, ҷавобгӯ мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифта, барои боз ҳам беҳтар намудани зиндагии осоишта ва муаррифии кишвари мо амал карда истодааст. Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимо, муарриф, мегардад. Давлати мо ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аҳамияти хоса зоҳир намуда, парастор, ва таъминоти иҷтимоии онҳоро ба ӯҳда гирифтааст. Ин санад дар таърих бо унвони Конститутсия эҷод гардида, ҳамчун санади асос, шинохта мешавад. Қаблан мо дорои чунин санади ҳуқуқи будем, аммо он ҷавобгӯи ҳадафҳои давлату миллат набуд ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои асосии сиёсати дохил, ва хориҷии давлати тоҷиконро таъмин намуд. Расман, эълон гардидани забон, тоҷик, ҳамчун забони давлат, ва қабул гардидани рамзҳои давлат, чун муқаддасот, шаҳодати он аст. Мувофиқи ин талаботи Конститутсия тамоми қонунгузор, ва ҳуччатнигор, бо забони давлат, сурат мегирад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шаҳрвандонро ӯҳдададор намудааст, ҳамаи талаботи ин санади ҳуқуқуқиро ба таври ҳатм, риоя намоянд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқ, дошта мувофиқи меъёрҳои худ амал карда истодааст. Тибқи муқаррароти Конститутсия, давлат ҳуқуқ ба озод, ва дахлнопазирии шахс, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъият, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимо, ва ғайраро кафолат медиҳад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади асосии давлатдории мардуми соҳибтамаддуни мо буда, оини давлатдории чандинҳазорсола ва ормонҳои миллии моро инъикос мекунад. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати милл,, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомал, Раҳмон барои беҳтар намудани зиндагии мардуми тоҷик ва ободу зебо гаштани Тоҷикистон пайваста талошҳо анҷом дода мешавад. Саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумат эълон гардида, барои амалисозии он, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшинос,, дақиқ ва риёз,, инчунин тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшинос,, дақиқ ва риёз, дар соҳаи илму маориф, барои солҳои 2020-2040» ба имзо расид. Фармони мазкур тамоми олимонро вазифадор менамояд, ки барои ривоҷу равнақ ёфтани илмҳои табиатшинос, ва баланд бардоштани тафаккури техникии наврасону ҷавонон саҳми арзандаи хешро гузоранд. 28-солагии рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад.

Бобоев Ш.С., ассистенти кафедраи астрономия