КОНСТИТУТСИЯ ҚОНУНИ АСОСИИ ДАВЛАТ АСТ

290

Инак ба қабул гардидани Қонуни Асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол сипарӣ гардид. Боиси фараҳмандӣ ва хушбахтӣ аст, ки маҳз 6- ноябр ҳамасола сартосари Ҷумҳурии азизамон ид дорад ва ин санаи бузургро бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ таҷлил менамояд.

Конститутсия чист? Чаро ҳар як сокини кишварамон бояд онро донад ва эҳтиром кунад?

Агар мо дар ин бора фикр кунед, ин саволҳоест, ки на танҳо калонсолон, балки кӯдаконро низ ба ташвиш меоранд. Онҳо танҳо каме фарқ мекунанд. Охир, вакте ки мо бори аввал ба мактаб меоем, дар сари мо низ чунин саволхои зиёде пайдо мешаванд: Читавр рафтор кунем? Чӣ кор кардан мумкин аст ва чӣ мумкин нест? Мо ба чӣ ҳақ дорем ва чӣ надорем?

Дар мамлакати худ зиндагӣ карда, ба ҳама чиз бепарво буда наметавонем, зеро ба тақдири худ бепарво буда ин аз рӯи нодонист. Барои шаҳрванди ҳақиқии Тоҷикистон будан, мо бояд қонуни асосии кишварамон – Конститутсияро донем.

Дар Конститутсия тамоми ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои инсон мавҷуд аст.

         Ҳуқуқи якум, ҳуқуқ ба ҳаёт аст, ки мо дар вақти таваллуд шуданамон соҳиб шудаем. Ин дар аввалин ҳуҷҷати мо “Шаҳодатномаи таваллуд” сабт шудааст.

“Гармтарин ҷой” барои зиндагӣ хона, оила аст. Мо онро мувофиқи Конститутсияи ҶТ дорем. Дар ҳамагуна шаклҳои таҳсилот писарону духтарон, фарзандони миллатҳои гуногун ҳастанд. Онҳо ҳама бо ҳам дӯстанд. Дар маҳфилҳои гуногун, секцияҳои варзишӣ иштирок меварзанд, зеро Конститутсияи ҶТ баробарии ҳуқуқҳои кӯдакону наврасонро, новобаста аз ҷинс, забон, дин, пайдоиши миллӣ эълон мекунад.

Вақте ки ба синни 18-сола мерасем, мо ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсии кишварро пайдо менамоем.

         Тасаввур кардан душвор аст, ки шахс танҳо аз ҳуқуқҳо бархурдор буда ва ҳеҷ гуна ӯҳдадорӣ надошта бошад. Ингуна зиндагӣ кардан ғайриимкон мебуд. Албатта, ҳар кас масъулият дорад: ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолон.

Вазифаи асосии ҷавонон хуб хондан аст. Онҳо бояд соҳиби касб шаванд. Ҷавонон шаҳрвандони комилҳуқуқи мамлакат ҳастанд. Дар мактаб онҳо дар бораи суханонашон фикр кардан ва рафторашонро назорат карданро ёд мегиранд. Бояд кӯшиш кунанд, ки меҳнати дигаронро қадр кунанд, на танҳо худашонро, балки атрофиёнро низ эҳтиром кунанд. Қадри кишвареро, ки дар он зода шудаанд бидонанд ва ба муқадасоти он арҷ гузоранд сарватҳои онро ҳифз кунанд.

Ин ҷашни фархунда, яъне 26-умин солгарди Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамкорон, донишҷӯён ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно намуда, дар фатҳи қуллаҳои навин, дастоварду пирӯзиҳои Ватани маҳбубамон комёбиҳои нав ба навро орзумандем.

н.и.ф.-м., дотсент, мудири кафедраи электроникаи физикии факултети физикаи ДМТ Ҳамроқулов Р.Б.