КОНСТИТУСИЯ – САНАДИ МУҚАДДАСУ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

401

Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Қонуни Асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол сипарӣ гардид. Боиси фараҳмандӣ ва хушбахтӣ аст, ки маҳз 6- ноябр ҳамасола сартосари Ҷумҳурии азизамон ин санаи бузургро бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ таҷлил менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. Санаи 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо мусоидат мекунад. Конститутсияи кишвари мо “дастоварди бузурги миллӣ” ба ҳисоб меравад, чунки он дар давраҳои бениҳоят душвору баҳснок ва аз ҷониби тамоми мардуми Тоҷикистон баррасӣ гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад». Вақте, ки сухан дар бораи Конститутсия меравад, мо ҳатман ҳомӣ ва тарроҳи ин номаи бахту саодати миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеши рӯ меоварем, зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи ҷомаи амал пӯшидани орзӯи деринаи миллати тоҷик дар роҳи расидан ба соҳибистиқлоли дар чорчубаи арзишҳои фарҳангӣ буда, маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Президенти мамлакати мо ба амал бароварда шуд. Айни ҳол Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳачун дурнамои пешрафти халқу давлати Тоҷикистон хизмат намуда яке аз вазифаи асосии он таъмин пойдории сулҳ дар Тоҷикистон ва ҷомеаи адолатпарвар мебошад. Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад. Он поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии кишвар буда, системаи принсипҳои асосии бунёди давлат дар боби аввалаш асосҳои сохтории он муқаррар шудааст. Имрӯз баъди сипарӣ гардидани 20 сол аз қабули Конститутсия (Сарқонун) – и Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодамон қавӣ мегардад, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари тоҷикони олам, кафолатбахши амнияту осоиши кулли халқу миллатҳои сокини сарзамини тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, раҳнамунсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҷониби қуллаҳои баланди Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо, оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, муайян намуда, кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид. Инчунин, Президенти мамлакат дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад». Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамоянд, ки риояи ҳама талаботи конститусияро риоя кунанд. Дар вақти риоя кунанд.

Дар вақти риоя накардани талаботи конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад. Ин санад дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад. Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи ҳама талаботи ин санад ҳатмӣ аст, яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолат бояд талаботи конститутсияро риоя кунанд. Дар вақти риоя накардани талаботи конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди пуртаззоди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлолият арзёбӣ шуд. Чихеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад». Ҳамзамон, пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, он ба талаботи давру замон мувофиқ гардонда шавад. Тавре Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 4 апрели соли 2003 иброз намуда буданд: «…меъёрҳои Конститутсия бояд ба инкишофи равандҳои демократӣ дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ мусоидат намояд. Бояд тазаккур дод, ки соли 1999 на ҳамаи камбудию нуқсонҳои Конститутсия ислоҳ гардида, норасоиҳои дар матн ҷойдошта бартараф карда шуданд». Ҳамин буд, ки як гурўҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус баромад намуданд. «Ҳадафи сиёсиси мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд» – гуфтаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. То ин муддат дар Конститутсия низ чун тағйиротҳои ҷомеа тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Албатта, сабаби ба вуҷуд омадани ин руйдоди бузурги таърихӣ тақозои замон, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон гардид.
Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меьёрию ҳуқуқӣ эьтибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мегардад. Он барои ҳама баробар дониста мешавад.
Бо шарофати қабули Конститутсия Тоҷикистон чун субьекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурузон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Конститутсия барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарин давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид. Албатта, дар таҳия ва омодасозии Контитутсия даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст.
Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тарақиёти давлати озоду демократии моро муайян менаояд.

Имрӯз бо бовари гуфта метавонем, ки Коститутсияи ҷумҳуриямон санади асосии бунёди ояндаи дурахшони миллати тоҷик аст ва дараҷаи самарнокии амалишавии муҳтавои он ба савияи қонундониву риояи бемайлони он аз тарафи ҳар як фарди ҷомеа иртиботи бевосита дорад. Конститутсия мамлакат ҳамчунин заминаи ҳуқуқии иқтисоди ҷомеаи моро муайян намуда, рушду инкишофи устувори онро кафолат медиҳад. Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзишҳои олӣ эътироф карда, тамоми рукнҳои давлатро барои амалан таъмин намудани ҳифзу риояи он масъул сохтааст. Ба назари мо, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият қабули Коститутсия аст. Он сарчашмаи асосии ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, худро чун қонуни асосӣ, қонуни тамоми қонунҳо муаррифӣ намуд. Инсон ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф шуданд. Халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид. Президенти кишварамон муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ иброз дошта будаанд, ки “Ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Мову Шумо бояд кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эътиром кунем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он зиндагонӣ ва амал намоем”. Маҳз бо риояи қатъии меёрҳои конститутсионӣ мо барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем. Пас аз қабули ин санади олии ҳуқуқӣ кишвари моро, марди шуъҷо, Қаҳрамони миллати тоҷик, Президенти мардумии мо Эмомалӣ Раҳмон дар миқиёси ҷаҳон муаррифи карданд, халқи Тоҷикистонро бошад чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва тамаддунофар шинохтанд. Конститутсияи кишварамон кушояндаи бахту роҳи армони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, хатти озодии виҷдони шаҳрвандни азиз мебошад. Дар қонуни асосӣ хеле барҷастаю хоно ҳуқуқҳои инсон ифода ёфтааст. Ҳар ҳарфе, ки дар он ба назар мерасад, нерӯи рӯзафзуни халқи тоҷик ва халқҳои, ки дар ин сарзамини биҳиштосо умр ба сар мебаранд, меафзояд ва имрӯз онҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ободиву созандаги раҳсипор ҳастанд. Чуноне, ки дар яке аз паёмҳояшон Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳион таъкид намудаанд: “Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳитарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад”. Ҳар як фарди Тоҷикистон арзишҳои конститутсиониро сарчашмаи зиндагонӣ ва фаъолияти худ қарор дода, ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро, ки кафолати таъмини қонуният, амният ва сулҳу суботи давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад ҳифз карда рӯзи қабули конститутсияро ҳамчун рӯзи бахтномаи миллат ҷашн мегирем. Дар давоми бисту ҳашт сол халқи куҳанбунёди Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти мамлакатамон муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зиндагонии худро тибқи меъёрҳо ва талаботи Конститутсия пеш бурда, ба воситаи ин санади воқеан воло ба бисёр комиёбиҳои беназир ноил гаштаем. Конститутсияи кишвари азизамон бо мақсади осудаҳолии шаҳрвандони мамлакат қабул гардида, дар он озодии инсон чун арзиши олӣ ифода ёфтааст. Итминони комил дорем, ки Тоҷикистони мо бо сиёсати хирадмандона ва барномаҳои созандаи Сарвари давлатамон муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст ва Ватани азизамон боз ҳам ободу шукуфон мегардад. Хулоса, миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифта аст, маҳз бо роҳи итоату риояи қонун, ҳурмату эҳтиром доштан ба шаҳрвандони мамлакати худ ва дӯст доштани аҳли башар муяссар мегардад.

Давлатҷонова Ш.Х. н.и.ф.-м., мудири лабораторияи оптика ва спектроскопияи факултети физикаи ДМТ