ВОХУРИИ НАВБАТИ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН

143

Тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултети физика ҷиҳати ҷоннок намудани таълиму тарбияи донишҷӯён санаи 29.04.2023 дар бинои таълимӣ вохурӣ бо волидайни донишҷӯён баргузор гардид. Дар ҷаласа декани факултет н.и.ф.м., Қодирзода З.А., ва раиси асотсиатсияи волидайн Асомиддинов З., муовини декан оид ба тарбия Имомов Н.Р., муовини декан оид ба таълим Авази М., Лутфуллоев Н.А., мудирони кафедраҳои тахассусӣ, раиси Шурои занони факултет Иматшоева Н. ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ иштирок намуданд. Зимни вохурӣ аз рафти ҷараёни хониш ва давомоти донишҷӯён, ки дар соли таҳсили 2022-2023 натиҷагирӣ шуда буд манзури волидайн гардонидашуд. Дар ҷаласаи мазкур декани факултет Қодирзода З.А., суханрони намуда ба ҳар як волидайн таъкид намуд, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзандони худ бе тараф набошанд. Дар охири ҷаласа ба донишҷӯёне, ки бо дониши хуб ва рафтори намунавӣ таҳсил менамоянд бо ифтихорнома ва ба волидайни онҳо бо сипосномаи факултет қадрдонӣ шуданд.