УНВОНИ АЪЛОЧИИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!

85

Санаи 27.11.2023 дар қисмати аввали ҷаласаи Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чун анъана як қатор даствовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. қадрдони шуданд.Боиси ифтихор аст, ки устодони факултети физика, мудири кафедраи физикаи умуми д.и.ф.м., профессор Ақдодов Донаёр ва дотсенти кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт Қодиров Рустам аз ҷониби ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. низ ба унвони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадрдонӣ гардиданд.Ба муносибати сазовор гардидан ба ин унвони баланд аз номи садорат ва кули устодону кормандони факултети физика табрику таҳният гуфта, барояшон дастоварду комёбиҳои нав ба навро таманно менамоем.

САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА