ТЕРРОРИЗМ МЕХАНИЗМИ ТАЪСИРРАСОНӢ ҶОМЕА

96

Терроризм яке аз равандҳои таъсиргузори ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, дар шароити бархурди тамадунҳо вазъи сиёсиву иқтисодии кишварҳои рӯ ба таназзулро коста намуда истодааст. Ҷаҳони муосир имрӯз дар зери таъсири хатарбори созмонҳои терористӣ ва ифротгароӣ амнияту осоиштагии худро аз даст додаанд. Ҳанӯз аз давраи пайдоиши ташкилоти террористӣ бо ном ДОИШ аксарияти кишварҳои исломӣ ба ҳаводису воқеаҳои ташкилотҳои террористӣ бархурд доранд, ки дар ҳеҷ давраи ташаккули мавҷудияти инсони чунин амалҳои номатлуб рӯх надодаанд. Терроизм ин механизме, мебошад, ки қатлу куштор таҳдиду хатар ва бесару сомониҳои зиёдеро дар ҷомеа ба вуҷуд меоварад. Ба воситаи ин механизми худтаъсиррасон созмону ташкилотҳои террористӣ ва кишварҳои манфиатхоҳ ба вазъи сиёсӣ ва суботу осоиштагии ҷомеа таъсир мегузоранд.Маҳз тайи чанд даҳсолаи охир дар ин шароити ниҳоят ҳасоси таҳдиду хатарҳои ташкилотҳои террористӣ борҳо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала диққати ҷиддӣ равона намуда аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид мавриди барасӣ қарор додааст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромади хеш ҷиҳатҳои муҳими ин мушкилоти хатароварро иброз дошта роҳи ҳал ва таҳдиду хатарҳои созмон ва ташкилотҳои тундрави террористирро дар конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ мавриди таҳлилу хулосабарориҳо қарор медиханд. Дар хамин раванд Пешвои миллат дар ҳар баромади хеш бобати ин мушкилот иброз медоранд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».Ин падида на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона рахнаандозӣ намуда истодааст, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ доимо қайд менамояд: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд». Махсусан ин нуқтаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати – миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад. Ҳамзамон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли ин мушкилот ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар минбари Созмони Миллали Муттаҳид бо ташаббусҳои худ ин масъаларо миёни кишварҳои аъзои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид дошт, ки мо бояд имрӯз дастаҷаъмона барои мубориза бар зидди ин механизми номатлуб корҳои назаррасеро роҳандозӣ намоем.Зимнан таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он мақсад аст, ки таъсири шадиди гурӯҳҳои мухолифини терористию экстремистӣ имрӯз ба кишвари тозаистиқлоли мо таҳдиду хатар ворид намуда, барои ноустувории фазои сулҳу суботи кишвар равона гардидаанд. Ҳамчунин дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархурдҳои геопалитикӣ авҷ гирифтани ҷангҳои иттилоотӣ таъмини аманияти кишвар бисёр муҳим арзёбӣ мешавад. Имрӯз дар ҷомеаи кунунии мо ашхосе бо истифода аз пуштибонии давлатҳои манфиатхоҳ талош доранд ба амнияту осоиштагии кишвари соҳибистиқлоли мо хатар эҷод кунанд. Маҳз онҳо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ вазъи сиёсиву иқтисодии кишварро мавриди танқиду таҳлилҳои ғаразнок қарор дода, ба воситаи он дар байни ҷомеа нобовариро ба вуҷуд меоваранд. Механизми таъсирасонии ин гурӯҳҳои террористӣ маҳз ноустувор гаронидани афкори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ба ҳамин мақсад таъкидҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он хотир аст, ки мо бояд зиракиву ҳушёрирро аз даст надода баҳри ҳимояи марзу буми ватан аз хатару таҳдидҳои чунин ташкилотҳои террористӣ ҳамеша дар эмин бошем. Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ факултети физика Имомов Н.Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ факултети журналистика М.Аминзода