Раванди таҳқиқи таъсири таҳлили монеавӣ

52

Раванди таҳқиқи таъсири тахлияи монеавӣ ба тухмии бодиринги навъи гармхонавии «SPITAMEN F1» дар назди кафедраи электроникаи физикии факултети физика дар ҳамкори бо Донишгоҳи Давлатии Томски Федератсияи Русия аз ҷониби магистри соли дуюми кафедраи электроникаи физикӣ Сафарзода Фирӯз Қорирасул , таҳти роҳбарии профессори кафедра Хоҷазода Тоҳир Абдулло бо муваффақият гузаронида шуда истодааст. Бо тахлияи монеавӣ, ки дар маркази он гази инертии аргон ҷойгир аст ва ба об таъсир менамояд тухмиҳои бодиринг ба муҳлатҳои гуногун дар он нигоҳ дошта мешаванд. Таҳқиқот дар ду вариант амали карда мешаванд: дар об гузории давомнокиашон 24 соат, 48 соат ва варианти назорати дар оби муқаррарӣ (нурбороннашуда). Натиҷаҳои авалин гирифта шуда суръати нашъунамо ва инкишофи тухмӣ, дубаргашавии авалини тухмиҳои таъсир расонидашуда нисбат ба тухмиҳои назорати, натиҷаи мусбӣ нишон доданд. Равандҳои дигари таҳқиқот идома доранд. Дар оянда ҳосилнокии онҳо санҷида хоҳанд шуд.