НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ ШАБИ ЯЛДО

280

Назар ба рӯйи ту ҳар бомдод Наврӯзест,

Шаби фироқи ту ҳар шаб, ки ҳаст, Ялдоест.

(Саъдӣ)

Таҷлили ҷашну маросимҳои миллӣ, эҳё кардани онҳо дар ҳама давр ҷолиби диққат ва таваҷҷӯҳи мардумро бештар мекард.

Ногуфта намонад, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои таблиғ ва эҳё намудани ҷашну маросимҳои миллӣ, ки мардуми шарафманди Тоҷикистонро барои худогоҳӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, омӯхтан ва шинохти дурусти воқеъбинонаи халқи тоҷик, манфиатҳои марзию ҳудудӣ ва давраи ҳассосӣ давлатсозӣ қарор доштанро таъкид менамоянд. Қайд кардан ба маврид аст, ки халқи тоҷик таърихи кӯҳан дошта, ҳамчун мардуми бофарҳангу тамаддунсоз, ҳунарманду эҷодкор, соҳибмаърифат, дорои таърих, забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои милли худ аст.

Аз ин лиҳоз кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки нигоҳе аз диди астрономӣ доир ба шаби Ялдо ва ё тӯлонитарин шаби фасли сол рӯшание андозем. Доир ба таҷлили ин маросим ва ё ҷашн дар сарчашмаҳо, бозмондаҳои осори бостонӣ, рамзҳо, устураҳо ва навиштаҳои асотирӣ, сангнавиштаҳо, расадхонаҳои қадима, ки нуқтаҳои тулӯъ, ғуруб ва баландии Офтобро ҳангоми баробаршавии шаборӯз (тақрибан 20-21 март ва 22-23 сентябр) ва инқилоби тобистона (тақрибан 21-22 июн)-ю зимистона (тақрибан 21-22 декабр) саҳеҳу дақиқ нишон додаанд, дар амсоли силсила расадхонаҳои офтобии Бадахшон, аз осори паҳлавии ба арабӣ тарҷумашуда ва ғайра ишораҳо хело зиёданд. Аз ҷумла дар осори бузургони мо ба ҷашни қадима будани он далолат медиҳанд.

Масалан дар осори назми гузаштагони мо:

Қандил фурӯзӣ ба шаби Қадр ба масҷид,

Масҷид шуда чун рӯзу дилат чун шаби Ялдо.

(Носири Хусрав)

Карда хуршеди субҳи мулки ту

Рӯзи ҳама душманон шаби Ялдо.

(Масъуди Саъд)

Ҳама шабҳои ғам обистани рӯзи тараб аст,

Юсуфи рӯз ба чоҳи шаби Ялдо бинанд.

(Хоқонӣ)

Суҳбати ҳукком зулмати шаби Ялдост,

Нур зи хуршед ҷӯй, бу, ки барояд.

(Ҳофиз)

Бедор шав, ки дар шаби Ялдои нестӣ

Дар парда аст чашми туро турфа хобҳо.

(Соиб)

Рӯз паҳлуи шаби Ялдо занад,

Хешро имрӯз бар фардо занад.

(Иқбол)

Қайд кардан ба маврид аст, ки Офтоб ҳангоми ҳаракат аз чор нуқтаҳои муҳим мегузарад, ки онҳоро нуқтаи эътидоли баҳорӣ (20-21 март), инқилоби тобистона (20-21 июн), эътидоли тирамоҳӣ (22-23 сентябр) ва инқилоби зимистона (21-22 декабр) меҳисобанд. Гарчанде Ялдо 21 декабр ҷашн гирифта шавад ҳам, вобаста ба тақвими истифодашаванда расидани Офтоб дар нуқтаи инқилоби зимистона аз 21 то 22 декабр ба вуқӯъ меояд. Сабаби асосӣ мувофиқ наомадани як даври пурраи гардиши Замин дар атрофи Офтоб (сол) мебошад, соли тақвимӣ номувофиқии давомоти онҳоро нишон медиҳад. Офтоб дар осмони ситоразор дар давоми сол пайиҳам аз 12 бурҷҳои зодиакии қад-қади эклиптика ҷой гирифта ҳаракат мекунад. Роҳи ҳаракати зоҳирии Офтобро дар байни ситораҳо эклиптика меноманд. Дар тақвими шамсии мардуми форсзабон оғози сол аз бурҷи Ҳамал оғоз шуда, минбаъд Офтоб аз бурҷҳои Савр, Ҷавзо, Саратон, Асад, Сунбула, Мизон, Ақраб, Қавс, Ҷадӣ, Далв ва Ҳут мегузарад. Офтоб ҳар як бурҷро ба ҳисоби миёна тули як моҳ тай мекунад. Замин дар атрофи Офтоб аз рӯйи мадори эллипсӣ ҳаракат менамояд, ки сабаби номунтазамии ҳаракати он ё ҳаракати номунтазами Офтоб дар осмони ситоразор аст. Ин сабаби тағйирёбанда будани давомнокии шаборӯзи ҳақиқии офтобӣ мегардад. Замин ҳангоми ба Офтоб наздик будан ними роҳи солонаро дар 179 шаборӯз ва ними роҳи аз Офтоб дурро дар 186 шаборӯз тай менамояд. Масалан 23 декабр нисбат ба 16 сентябр 51 сония тӯлонитар аст.

Тасаввур кардан душвор нест, ки дар гузашта астрономия то кадом андоза рушд карда буд. Доир ба аксар натиҷаҳои олимони мо, аз ҷумла Хоразмӣ, Марвазӣ, Фарғонӣ, ибни Шокир, Умари Балхӣ, Сарахсӣ, Найрезӣ, Закариёи Розӣ, Саҳли Балхӣ, Муҳаммади Форобӣ, Абубакри Розӣ, Абдураҳмони Суфӣ, Абурайҳон Берунӣ, Умари Хайём ва садҳо ситорашиносони шинохта, рисолаҳои бешумор доир ба ҳаракати ҷирмҳо, ҳодисаҳои астрономӣ ва шарҳӣ онҳо, мураттаб ва таҳияи зиҷҳои астрономӣ (каталогҳо), сохтани олотҳои мушоҳидавӣ бозабонҳои арабию форсӣ таҳия ва чоп шудаанд. Даҳҳо таърихнинорони хориҷию ватани доир ба осори онҳо пайваста пажӯҳиш мебаранд ва дастовардҳои онҳоро, ки то имрӯз аксари онҳо дар осорхонаю китобхонаҳо маҳфузанд, муаррифӣ менамоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аксар пажӯҳишгарон шаби Ялдоро ба мавлуди Исо рапт медиҳанд. Аммо таърих гувоҳ аст, ки дар гузашта мардуми тоҷик даҳҳо навъи тақвимҳоро истифода бурдааст, ки баъзе онҳо имрӯз дар минтақаҳои кӯҳистони ватани азизамон ҳамчун ривояту достон аз даҳон ба даҳон мегузарад. Яке аз онҳо шаби Чилла аст, ки маҳз тақвими кӯҳнаи кӯҳистонист, ки оғози фасли сарморо то ба анҷомаш тарҳрезии мукаммал кардааст. Оғи шаби Чилла аз инқилоби зимистона сарчашма мегирад. Дар гузашта ва ҳатто имрӯзҳо дар аксар минтақаҳои ватанамон шабнишинӣ, чароғонӣ, қиссагӯйӣ, хотирагӯйӣ, достонгӯйӣ, шеърхонӣ, фоли Ҳофиз, баъзан Шоҳномахонӣ, фолгирӣ ва бо шӯхию адои бозӣ ва тақлиди садо дар байни мардум ҷараён мегирад, ки ин маҳз таҷлили ҷашни Ялдо ва ё оғози Чилла (Чиллаи калон) мебошад.

Шаби ялдо, тӯлонитарин шаби аввали моҳи Дай буда, яке аз ҷашнҳои қадими мардуми ориёитабор аст. Аслан ин ҷашнро бо мавлуди эзади Меҳр (Митра) рапт мекунанд. Мувофиқи тақвими қадимаи давраи Ашкониён маҳз аз рӯзи 22 декабар (мувофиқ ба тақвими имрӯза) рӯзҳо дароз ва тобиши Офтоб бештар мегардад. Истилоҳи “Ялдо” дар забони сурёнӣ ҳаммаънои “валодат” ё “таваллуд”-ро дорад. Ва тавлиди Меҳр мувофиқ ба ривояти асотири қадима “нуре, ки аз пушти кӯҳҳои Албурз метобад”.

Албатта доманаи мавзӯъ хело васеъ аст ва пажӯҳишгарон доир ба таҷлили ҷашни Ялдо фикрҳои мушаххаси худро таҳия ва пешниҳоди мардум мегардоданд. Мақсади асосии мо дар ин буд, ки он ҷашну маросимҳое, ки дар гузашта мардуми тоҷик қайд мекарданд ба ҳар гуна воқеоти дигар алоқаманд накунанд. Аксар ҷашну маросимҳое, ки имрӯзҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳёшуда истодааст ва бо кӯшишҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шуда истодаанд, дар осори назмию насрии гузаштагони мо пурра дарҷ ёфтааст.

Оғози Чилла муборак бошад, ҳамватанони азиз! Бигузор дар оғози фасли сармо дар хонадони якояки Шумоёни азиз сулҳ пойдор буда, бароятон сиҳативу саломатӣ, хушбахтиву хушҳолӣ, сарбаландиву пирӯзӣ ва дар фаъолияти пуршарафатон барору комёбиҳо таманно менамоям. Бигузор дар фасли сармо меҳру муҳаббат дили Шуморо гарму хотираатонро осуда гардонад!

Абдулҷалол Сафаров,номзади илмҳои физикаю математика,мудири кафедраи астрономияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон