НАҚШИ ФИРИСТОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ ҒАЛАБА

156

Дар таърихи башарият санаҳое ҷой доранд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз бештару амиқтар мегардад. Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам дар радифи ин санаҳои муҳим ва фаромӯшнашаванда боқӣ мемонад. Зеро ин рӯз барои тамоми сокинони кураи арз, аз ҷумла мо, тоҷикистониён ниҳоят азизу гиромӣ аст. Ва таҷлили ҳамасолаи Ҷашни Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун ҷашни умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии гузаштагони шуҳратманд.Таърих гувоҳ аст, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) аз Тоҷикистон беш зиёда аз 300 000 сокинони ин мамлакати офтобӣ ба фронт рафта, дар муҳорибаҳои мухталифи ин ҷанг диловарона ширкат варзиданд, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон доданд ва барои таъмини Ғалаба бар фишизм ҷонбозиҳо намудаанд. Онҳо барои дифоъ ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шудаанд. Ҳамчунин, бо нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳаммеҳанони мо бо унвони ИҶШС – «Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ», 21 нафар бо ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 000 нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Дар муҳорибаҳои шадиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон додаанд, ки эҳсоси ватандӯстӣ ва мардонагӣ, шуҷоат ва қавииродагии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлоли давлатии худро таҳким мебахшем, намуна ва ифтихор мебошад. Алалхусус корнамоиҳои диловарони тоҷик, ба монанди Ҳодӣ Кенҷаев, Исмоил Ҳамзаалиев, Саидқул Турдиев, Сафар Амиршоев, Домулло Азизов, Ҳайдар Қосимов, Фатҳулло Аҳмадов, Тӯхтасин Мирзоев, Исмат Шарипов, Раҳимбой Раҳматов ва дигарон намунаи таҳсину боиси ифтихор аст. Маврид ба зикр аст, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумлаи фиристодагони тоҷик, дар майдонҳои ҷанг на танҳо мардҳо, балки занҳои тоҷик низ корнамоӣ нишон доданд. Ба ин корнамоии лётчикдухтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова, ки 93 парвози ҷангӣ анҷом додааст ва афсарони хизмати тиббӣ Ҳайдарова Ш., Ниёзова С. ва дигарон мисол шуда метавонанд.Имрӯз, ки мақсаду мароми асосии мо баҳри бунёдкорӣ ва созандагии Тоҷикистони азиз равона гаридааст, бояд сазовори номи ин фарзанди фарзонаи миллат бошем ва дар ҳифзи марзу буми меҳан чун онон камари ҳиммат бандем. Бигузор ҷавонони ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги меҳанпарастӣ ва ифтихори баланди миллӣ неруи ақлонию ҷисмонии хешро танҳо барои ободӣ ва пешравии меҳани маҳбуби хеш – Тоҷикистони азиз сарф намоянд.Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи инсоният буда, дар он беш аз 72 давлат ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Муҳимтарину асоситарин ҷанг дар доираи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ин Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 26 миллион шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравиро рабуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 000 деҳа, 6 000 000 бино, 32 000 корхонаи саноатӣ, 40 000 шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 000 мактабу техникум ва донишгоҳу паҷӯҳишгоҳҳо дар марзи Иттифоқи Шӯравӣ несту нобуд карда шуданд. Зиёда аз 5 000 000 одам бе сарпаноҳ монда, 4 100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 000 км роҳи оҳан, 14 000 пули қаторагузар вайрон гардиданд. Ҳарчанд майдони набарди зидди фашистон ва хатти ҷабҳаи ҷанг аз Тоҷикистони мо ҳазорҳо километр дур буданд, вале садҳо ҳазор фарзандони бо ору номуси тоҷик, аз тамоми гӯшаю канори кишвар бо амри дилу виҷдон ба ҳимояи Ватан рафтанд, ба даст яроқ гирифта паҳлу ба паҳлуи бародарони гуногунмиллату ҳаммароми худ зидди фашистон ҷангиданд ва ғалабаи оламшумулро таъмин намуданд. Мо дар назди рӯҳи шаҳидони роҳи озодии Ватан, дар назди қаҳрамониҳои гузаштагони хеш сари таъзим фуруд меорем. Хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос медорем. Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем.Аз ин рӯ, ин рӯзи хотирмонро ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар симои онҳо кулли мардуми Тоҷикистони азизро ба муносибати Ҷашни 78-солагии «Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» муборакбод намуда, таманнои онро дорем, ки дар меҳани маҳбуби мо ҳамеша сулҳу субот, тинҷиву амонӣ ҳукумфармо бошад ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистони биҳиштосову офтобрӯя ҳамеша сарбаланду хонаобод ва тансиҳату комёб бошанд.

Кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон