МАНБАИ НУР

115

Шарафи эҷоди шоҳкориҳои ҳақиқие, ки хоҳиши дубора баргаштан ба онҳо ҳамеша вуҷуд дошта бошад, дар табиат ва инсон баробар аст. Дар мавриди аввал, сухан дар бораи манзараҳои аҷиби ҳайратангез меравад, дар мавриди дуюм – дар бораи иншоотҳои азиме, ки одамон дар замонҳои гуногун сохтаанд. Ҷолиби диққати онҳо бо он шарҳ дода мешавад, ки ҳангоми тамошои онҳо эҳсосе пайдо мешавад, ки аз ифтихори намуди зоҳирии онҳо ва тааҷҷуб аз бузургии қобилиятҳои инсон иборат аст.Баъзан аҷоиботе ба вуҷуд меояд, вақте ки зебоии табиат бо меваи нобиғаи инсон омехта мешавад. Тоҷикистон метавонад бо яке аз чунин мисолҳои нодир фахр кунад. Дар байни қуллаҳои кӯҳҳои он, дар баландии беш аз 800 метр аз сатҳи баҳр, нерӯгоҳи барқи обии Норак – пуриқтидортарин неругоҳи барқи обии Осиёи Марказӣ мавҷуд аст, ки сарбанди он баландиаш 300 метр буда, дар китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун баландтарин сарбанди аз сангу шағал бунёдгардида сабт шудааст.Ин нерӯгоҳ дар дарёи Вахш сохта шуда, сохтмони он соли 1961 оғоз гардид ва гидроагрегати нахустини он соли 1972, охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст. Дар Нерӯгоҳи барқи обии Норак 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300-335 МВт насб шудаанд. Норак дар воқеъ манбаи нур мебошад, зеро дар айни замон тавлидкунандаи асосии нерӯи барқи ҷумҳуриамон ба ҳисоб рафта, зиёда аз 70%-и неруи барқи мамлакатамонро истеҳсол мекунад. Бо ин иқтидори бузург НБО-и Норак афсонае буд, ки дар кишвари мо ба ҳақиқат табдил ёфт, номи Тоҷикистонро дар арсаи олам машҳур намуд. Аз дигар тараф маҳз НБО-и Норак исбот сохт, ки захираҳои гидроэнергетикии кишвари мо воқеӣ буда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии тамоми минтақа нафъовару манфиатбахшанд.Бо истифода додани НБО Норак ҷараёни электрикии дастрас дар қаламрави ҷумҳуриамон истеҳсол гардида, роҳи тараққиёти саноати мамлакатамон кушода шуд. Ба шарофати ин дар ҷумҳурӣ заводи алюминии шаҳри Турсунзода ва дар шаҳри Ёвон заводи химия кушода шуданд, инчунин даҳҳо заводҳои дигар сохта шуданд ва сохта шуда истодаанд. Ҳазор гектар заминҳои беоби ноҳияҳои Данғараю Ёвон ба майдонҳои сабзу хуррам табдил ёфтанд.Ҳамин аст, ки 20 марти соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи «Азнавбарқароркунии НБО Норак» оғози расмӣ бахшиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа НБО Норак таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд.Моҳи декабри соли 2018 Шӯрои Фонди Авруосиёии Субот ва Рушд (ФАСР(EFSD)) андешаи Бонки Авруосиёии Рушд (ЕАБР)-ро оид ба дархости сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани қарзи сармоягузорӣ аз Фонд барои маблағгузории лоиҳаи «Азнавбарқароркунии НБО Норак. Марҳилаи 1» қабул намуд ва 4 июли соли 2019 созишномаи қарзӣ ба имзо расонида шуд. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ барои марҳилаи аввали лоиҳа то 350 миллион доллари ИМА арзёбӣ мешавад, ки аз он қарзи сармоягузории ФАСР 40 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Мақсади асосии иҷрои лоиҳаи “Азнавбарқароркунии НБО Норак”-ро заруриятиҳои зерин нишон медиҳанд:- баланд бардоштани эътимоднокӣ ва бехатарии кори нерӯгоҳ ва бо ин таъмини бефосилаи нерӯи барқ, махсусан дар фасли зимистон ва кишварҳои истеъмолкунанда дар тобистон;- кам кардани хароҷот ҳангоми истифода ва таъмир;- барқарор ва баланд намудани иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ.НБО Норак ва НБО Роғун аз иншоотҳои муҳим дар таърихи миллати тоҷик ба ҳисоб мераванд. Мо насли ҷавон бояд ҳарчӣ бештар кушиш кунем, ки барои ҳарчӣ зудтару хубтар ба анҷом расидани ин ду лоиҳа саҳми беандозаи худро равона созем. Шиносоию тамошо аз Норак, Роғун ва гирду атрофи онҳо бисёр ҳиссиёти мусбат ва ирфонй ба вуҷуд меоварад. Аз ин сабаб ин ду иншоот дар оянда барои пешрафт ва сарсабзии кишварамон дар соҳаҳои энергетикӣ, иқтисодӣ ва туризм нақши асосӣ хоҳанд дошт.

Муродов Суҳайли Искандаршоевич, докторанти PhD-и факултети физикаи ДМТ