Маҳфили «Зеҳн»

53

Санаи 28-уми ноябри соли 2023 дар доираи нақша-чорабиниҳои факултети физика ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодон ва кормандон дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон лексияи д.и.ф.-м., профессор, Полвонов Солтинбой Раҷабович мудири кафедраи физикаи ҳастаи Донишгоҳи давлатии Узбекистон ба номи Мирзо Улуғбек, ки ба ҳайси муқарризи расмӣ дар ҳимояи рисолаи докторанти Ph.D-и кафедраи физикаи ҳаста Нигораи Зайдулло таъин шуда буданд, ки дар доираи маҳфили «Зеҳн» дар мавзўи «Исследование возбуждений изомерных состояний ядер в фотоядерных и нейтронных реакциях» ва д.и.ф.-м., профессор, Институти физикаю техникаи АМИ ҶУ Олимов Қосим дар мавзўи «Образование ∆0-изобар в области фрагментации мишнни и снаряда во взаимодействиях протонов и дейтронов с ядрами углерода при 4.2 ГэВ/с на нуклон» баргузор гардид. Дар ин маҳфил устодон, кормандон, ва донишҷўён иштирок варзиданд. Дар охир миёни маърӯзачиён ва иштирокчиён мубоҳисаи илмӣ доир гардид.