Маҳфили илмии профессорони факултет

122

Имрӯз (28.04.2023) мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи маҳфили илмии профессорони факултети физикаи ДМТ дар кафедраи физикаи умумӣ маҳфили илмии профессорон баргузор гардид. Дар маҳфили имрӯза маърӯзаи донишҷӯи соли аввали ихтисоси физика, зери роҳбарии профессор Ақдодов Д.М. дар мавзӯи “Маънои статистикии энторпия” дар синфхонаи 501-и факултети физика шунида шуд. Маҳфил дар як сатҳи баланди илмӣ баргузор гардида, аз ҷониби иштироккунандагони маҳфил саволҳо пешниҳод гардиданд ва маърӯзачӣ низ ба саволҳо посух гардонид. Дар охири маҳфил аз ҷониби устод Ақдодов Д.М., мисолу пешниҳодҳо доир ба мавзӯъ ба иштирокчиён пешниҳод гардид.