МАҲФИЛИ ИЛМӢ-ОММАВИИ-«НЕРУ»

60

Имрӯз (23.11.2023 с) дар синфхонаи 527-и факултети физикаи ДМТ маҳфили илмӣ-омавии “Неру” баргузор гардид. Дар маҳфили имрӯза маърӯзаи донишҷӯи соли 3-юми ихтисоси 31040103-физика Қамаризода Мирмаҳмад дар мавзӯи “Пойгоҳи байналхалқии кайҳонӣ” бо роҳбарии н.и.ф-м., дотсент Ҳодиев М.Ҳ., ва маърӯзаи донишҷӯи соли сеюми ихтисоси 31020102-гидрометеорология ва климотология Аҳмадов Умар дар мавзӯи «Ҳадафи рушди устувор» бо роҳбарии н.и.т, дотсент Мирзохонова С., шунида шуд. Дар охири маҳфил миёни маърӯзачиён ва иштирокчиён мубоҳисаи илмӣ баргузор гардид. Мавзӯҳои маҳфил барои ҳафтаҳои баъдӣ ба баромадкунандагон пешниҳод карда шуд.