Маҳфили «Астрономҳои ҷавон»

133

Дар доираи нақша-чорабиниҳои кафедраи астрономия ва нақшаи маҳфили «Астрономҳои ҷавон» санаи – 20-уми ноябри соли 2023 маҳфили навбатӣ баргузор гардид. Маҳфил бо ширкати васеъи устодону донишҷӯёни кафедраи астрономия дар синфхонаи 527 гузаронида шуд. Ҷаласаи мазкурро Раиси маҳфили “Астрономҳои ҷавон” Бобоев Ш.С. оғоз намуда қайд намуданд, ки огоз аз парвозҳои кайҳонӣ то имрӯз астрономия бо шиддат рушд карда истодааст, махсусан дар се даҳсолаи охир. Агар гаҳвораи асосии пайдоиши илм Юнон ба ҳисоб равад Хоразм дуюмин марказ, илм, ба шумор рафта, гузаштагони тоҷикон бо ғояҳо ва дастовардҳои азими илм, дар он фаъолият кардаанд, ки дар саҳифаи таърихии илм, ҷаҳон, мавқеи худро аз даст надодаанд.Дар маҳфил, аз ҷониби донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 1-02050405 – астрономия Алихонов К. ва Мирзохонзода Ш. маърӯзаҳо ироа карда шуданд. Маърӯзаи Алихонов К. ба «Фаҷри қутбӣ ва омилҳои пайдошавии он» ва маърӯзаи Мирзохонзода Ш. бошад ба «Телескопҳои кайҳонӣ ва натиҷаҳои илмии онҳо» бахшида шуда буд. Фаҷри қутбӣ ҳодисаи нодири астрономӣ буда, диққати тамоми бошандагони сайёраи заминро ба худ ҷалб менамояд. Алихонов К. тавонист дар ҷараёни маърӯзаи худ маълумотҳои ҷолибро пешниҳод намуда, аз нигоҳи илмӣ шарҳи ин ҳодисаро пурра тавсиф намуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки бо пешрафти техника ва технология тадқиқотҳои кайҳони низ ба марҳалаи нав баромадаанд. Маърӯзаи Мирзохонзода Ш. пурра ба натиҷаҳои «Телескопҳои кайҳонӣ» бахшида шуда буд. Қайд карда шуд, ки имрӯзҳо бо шарофати пешрафти илму техникаи муосир даҳҳо асбобу таҷҳизотҳои астрономӣ дар фазои кайҳонии Замину сайёраҳо, натиҷа гирифта аз тарафи олимон онҳо таҳлилу шарҳ дода шуда истодаанд. Донишҷӯён аз имконият истифода бурда доир ба нозукиҳо ва кашфиётҳои имрӯза дар қисматҳои гуногуни астрофизика ва астрономия саволҳо доданд. Аз тарафи маърӯзачиён ва устодони кафедра ба совлҳои додашуда посухҳои мушаххас дода шуданд.