КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР РОБИТА БА БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ…

75

Дар робита ба амалишавии Нақша-чорабиниҳо марбут ба амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 бо дастур ва мусоидати ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қ.Хушвахтзода ҷиҳати боло бурдани сатҳи дониш ва малакаи касбии омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин самт давра ба давра курсҳои такмили ихтисос дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ ташкил ва баргузор шуда истодааст. Айни ҳол курси такмили ихтисоси тахассусии физика баргузор шуда истодааст. Дар курси такмили ихтисос омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва филиали ДДМ ба номи М.Ломоносов фаъолона ширкат доранд. Курсҳои такмили ихтисос то санаи 18.01.2024 идома меёбад.