Кафедраи физикаи назариявӣ

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

Кафедраи физикаи назариявӣ соли 1958 таъсис ёфтааст. Асосгузор ва мудири аввалини он олими намоёни тоҷик академик Умаров Султон Умарович буданд. Адҳамов Акобир Адҳамович, академики АМИТ (Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон), профессор, директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ, солҳои 1964-1965 мудири кафедраи физикаи назариявии ДДТ ба номи В. И. Ленин буданд ва то охири умр дар вазифаи профессори кафедра фаъолият доштанд. Таҳти сарварии академик А.А. Адҳамов гурӯҳи зиёди олимон таҳқиқотҳои илмӣ гузаронида, то ҳол дар кафедраҳои факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар фаъолият доранд. Узви вобастаи АМИТ, профессор Ҳакимов Ф. Х солҳои 1965-1967, 1969-1980, 1982-1987 ва 1992-1996 вазифаи мудирии кафедраро ба ӯҳда доштанд. Дар ин муддат як зумра дастпарварони кафедра аз қабили Ҳ.О. Абдуллоев, Қ. Комилов, Д. Қ. Солиҳов, И. Сарҳадов, С.Б. Канашкин, М. И.Копп рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намудаанд. Минбаъд вазифаи мудири кафедраро дотсентон Ҳ.Р. Раҳимов (1967-1969), Ш.Ш. Шокиров (1980-1982) Қ.Комилов (1987-1992), профессор Ҳ.О. Абдуллоев (1996 – 2010), дотсент Зарипов А.Қ. (2010-2015) ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2015 то имруз роҳбарии кафедраро номзади илмҳои физика математика, дотсент Одилов О.Ш. ба ӯҳда дорад. Ҳоло дар кафедра 10 устод аз ҷумла 1 академик (С. Одинаев), 2 профессор (Д.Қ. Солиҳов, Қ. Комилов), 3 номзадҳои илм-дотсентон (А.Қ. Зарипов, О.Ш. Одилов, З.А. Қодирзода) ва 1 муаллими калон (Алишери М.) се ассистент (А. Хоҷаев, Д.У. Ҳобилов, Раҳмонов Р.С) ва як корманди техникӣ (Н. Тоҳирҷонзода) ба фаъолияти илмию омӯзгорӣ машғуланд. Таҳқиқотҳои илмии кафедра ба омӯзиши ҳодисаҳои хаттӣ ва ғайрихаттӣ дар муҳитҳои конденсӣ ва плазмавӣ бахшида шудаанд. Фаъолияти таълимии кафедраи физикаи назариявӣ асосан ба таълими фанҳои механикаи назариявӣ, механикаи квантӣ, термодинамика ва физикаи статистикӣ, электродинамика, усулҳои физикаи математикӣ ва консепсияҳои табиатшиносии муосир бахшида шудааст. Дар тӯли фаъолияти худ кафедра зиёда аз 350 назар мутахассисони соҳаҳои мухталифи физикаи назариявиро тайёр намудааст, ки 25 нафарашон доктори илм ва зиёда аз 100 нафарашон номзадҳои илм мебошанд. Хатмкардаҳои кафедра дар вазифаҳои пурмасъули роҳбарии вазорату мактабҳои олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ фаъолият намуданд ва менамоянд. Аз ҷумла, акдемики АМИТ, профессор С. Одинаев – собиқ ректори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, академики АМИТ Ф.Қ. Раҳимӣ– Президенти АМИТ, дотсент А.Абдурасулов – собиқ ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ, дотсент А.Т. Мақсудов- собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Д.Қ. Солиҳов – собиқ директори институти илмию таҳқиқотии назди ДМТ, собиқ декани факултети физикаи ДМТ . Дастовардҳои илмии кафедра дар 7 монографияи илмӣ, 25 дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва садҳо мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар ба чоп расидаанд. Махсусан солҳои охир дар кафедра навиштани дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ бо забони давлатӣ , ки бешубҳа дар раванди таълим барои донишҷӯён,унвонҷӯёну аспирантон мавриди истифода қарор мегиранд, ҷоннок шудааст. Аз ҷумла ба забони тоҷикӣ китобҳои дарсии зерин нашр шудаанд:

1. М. Ҷамолов., Қ.Комилов лексияҳо аз механикаи назариявӣ қисми 1 кинематикаи нуқта ва ҷисми сахт динамикаи нуқта, Душанбе – 1982 с.

2. Д.Қ. Солиҳов., Ҳ.О. Абдуллоев., Курси мухтасари назарияи функсияҳои тағйирёбандаи комплексӣ, Душанбе – 2006 с.

3. Д.Қ. Солиҳов., Ҳ.О. Абдуллоев., Курси мухтасари муодилаҳои физикаи математикӣ, Душанбе – 2007 с.

4. Д.Қ. Солиҳов, Ҳ.О. Абдуллоев, Ф.Қ. Раҳимов «Усулҳои физикаи математикӣ», Душанбе – 2008 с.

5. Д.Қ. Солиҳов, Ҳ.О. Абдуллоев, А. Абдурасулов, Ф.Қ. Раҳимов Консепсияи табиатшиносии муосир , Душанбе – 2010 с.

6. Қ. Комилов, А.К. Зарипов. Механикаи назариявӣ, Душанбе – 2013 с.

7. Ҳ.О. Абдуллоев, Д.Қ. Солиҳов, Ф.Қ. Раҳимов Физикаи статистикӣ Душанбе–2014 с.

8. Қ. Комилов, А.К. Зарипов, Р. Маҳмадбегов Асосҳои таҳлили векторӣ ва тензорӣ, Душанбе –2015 с.

9. Ҳ.О. Абдуллоев, Д.Қ. Солиҳов. Татбиқи назарияи функсияҳои тағирёбандаи комплексӣ дар ҳалли масъалаҳои физикаи назариявӣ. Душанбе – 2015 с.

10. Алишери М., Одилов О., Хоҷаев Ю.П., Консепсияҳои табиатшиносии муосир, Душанбе –2016 с.

11. Ҳ.О. Абдуллоев, Д.Қ. Солиҳов, Ф.Қ. Раҳимӣ – Термодинамика. Душанбе-2016. 430 сах.

12. Ҳ.О. Абдуллоев, Д.Қ. Солиҳов, Ф.Қ. Раҳимӣ – Асосҳои математикии физикаи назариявӣ. Душанбе-2016. 276 сах.

13. Ҳ.О. Абдуллоев, ДҚ. Солиҳов, Ф.Қ. Раҳимӣ – Термодинамика. Душанбе-2016. 430 сах.

14. Солиҳов Д.Қ,, Комилов Қ., Зарипов А.Қ., Истамов Ф.- Маҷмуи масъалаҳо аз физика»-Душанбе-2017 с. «ТоРус». 303 саҳ.

Фаъолияти тадқиқотӣ

Самтҳои асосии корҳои тадқиқотӣ:

Тадқиқоти илмии кафедра ба омӯзиши ҳодисаҳои хаттӣ ва ғайрихаттӣ дар муҳити конденсӣ ва плазма бахшида шудааст.

Фаъолияти таълимӣ

Кафедра аз руи ихтисоси «Физик» мутахассис тайёр мекунад. Тахассуси хаткунанда: бакалавр – физик, магистр – физик.

Бакалавр (рӯзонавафосилавӣ) Фанҳои умумиикасбӣ:

1. Механикаи назариявӣ.

2. Электродинамика.

3. Усулҳои физикаи математики.

4. Механикаи квантӣ.

5. Термодинамика ва физикаи статистикӣ

6. Консепсияҳои табиатшиносии муосир.

Фанҳои ихтисосӣ:

1. Аппарати математикии физикаи назариявй.

2. Гидродинамика.

3. Оптоакустикаи лазерӣ.

4. Физикаи ҳолатиконденсӣ

5. Электродинамикаи плазмаи хаттӣ ва ғайрихаттӣ

6. Физикаи моеъҳои магнитӣ

Магистратура (шуъбаи рӯзонавафосилавӣ) самти «Физик»

Фанҳои умумӣ:

1. Бобҳои иловагии механикаи квантӣ.

Докторантура ва аспирантура:

Кафедра бо довталабон аз рӯи ихтисосҳои 01.04.02 «Физикаи назариявӣ» ва 01.04.07 «Физикаи муҳитҳои конденсӣ» кор мебарад. Корҳои иҷронамудаи кафедра оиди тайёр кардани ихтисосмандони илмӣ-педагогӣ:

1. Ҳимояи рисолаи номзадии Алишери Маҳмалатиф дар мавзӯи: «Пажвоки фотоакустикии ғайрихаттии системаҳои якқабата ва дуқабатаи оптикӣ ғайриякҷинса дар ҷисмҳои сахт». Шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА-031 назди институти физикаю техникӣ. С.У. Умаров Академияи илмҳои Тоҷикистон дар суроғаи: 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, хиёбони Айнӣ, 299/1, 3 апрели 2019, ихтисоси 01.04.07 – физикаи моддаҳои конденсӣ.

2. Ҳимояи рисолаи номзадии Кодирзода Зафари Абдулмӯъмин дар мавзӯи: «Сохтори майдони электромагнитӣ ва резонансҳо дар разрядҳои баландбасомади ғунҷоишии фишори паст». Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Маскав. МГУ.01.12. дар Университети давлатии Москва М.В. Ломоносови Федератсияи Россия, Москва1, 18 майи соли 2022, ихтисоси 01.04.08 – физикаи плазма.

3. Ҳимояи рисолаи номзадӣ Нурулҳаков Шамсулҳак Самарулҳакович дар мавзӯи: «Доир ба назарияи пароканиши маҷбурии рӯшноӣ дар плазмаи маҳдуд». Шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА-031 дар ДМТ дар суроғаи: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17, 25 ноябри соли 2022, ихтисоси 1.3.3. – физикаи назариявӣ.

Ҳамкориҳои байналхалқӣ

Яке аз паҳлӯҳои муҳими фаъолияти кафедра робитаҳои илмии он бо муассисаҳои илмии хориҷи кишвар мебошад. Аз ҷумла шартномаҳои тарафайн оиди иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, ш. Москва, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, ш. Санкт-Петербург, Пажӯҳишгоҳи муттаҳиддаи таҳқиқотҳои ядроии Федератсияи Руссия, ш. Дубна, Институти физикаи ба номи П.Н. Лебедеви АИ ФР, ш.Москва, Донишгоҳи миллии ш. Киев, Украина. Институти физикаи муҳитҳои конденсии Академияи миллии илмҳои Украина, ш. Лвов ва ғайраҳо амал доранд, ки дар заминаи онҳо мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои гуногуни байналмилалӣ аз чоп баромадаанд.

Аъзоёни кафедра

Одинаев Саидмуҳамад (с.тав.19.10.1942 н. Ховалинг) доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон. Хатмкардаи ДМТ (1960). Аз (1965-1966) ба ҳайси асистенти кафедраи физикаи назариявии донишгоҳи мазкур ва аз соли 1969 то соли 1979 дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 1979 то соли 1999 дар кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз вазифаи дотсент то профессори кафедра фаъолият намудааст. Баъд, аз соли 1999 то соли 2001 ба сифати директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2001 то соли 2005-ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, аз соли 2005 то соли 2008–ректори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, аз соли 2010 то соли 2016 ба сифати ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда ва ҳамзамон профессори кафедраи физикаи назариявии ДМТ-ро ба ӯҳда дорад. Тадқиқотҳои илмии профессор С. Одинаев асосан ба масъалаҳои омӯзиши сохтор, ҳодисаи интиқол, табиати равандҳои релаксатсионӣ ва хосиятҳои чандирию акустикии моеъҳои сода, бисёратома, ионӣ, магнитӣ ва маҳлулҳои электролитӣ бахшида шудаанд. Натиҷаи пажӯҳиши илмии ӯ дар 300 маводи илмӣ, аз он ҷумла дар 1 монография ва 5 васоити таълимӣ интишор гардидаанд. Саҳми профессор Саидмуҳамад Одинаев дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогии баландихтисос калон аст. Таҳти роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи докторӣ ва 7 нафар рисолаи номзадиpo ҳимоя кардаанд.

Солиҳов Давлат Қувватович (с.тав. 15. 01. 1956, н. Ҳамадонӣ), Хатмкардаи ДДТ (1981). физик, номзади илмҳои физикаю математика(1987), дотсент (1988), доктори илмҳои физикаю математика (2015), профессор (2017). Фаъолияти меҳнатиашро дар ҳамин донишгоҳ аз вазифаи ассистенти кафедраи физикаи назариявӣ оғоз кардааст. Баъдтар муаллимикалони ҳамин кафедра (1981). Солҳои 1991-2001 муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи физика, сардори қисми таълими Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур буд. Солҳои 2008-2011 директори Институти илмию таҳқиқотии назди ДМТ, 2011-2022- декани факултети физикаи ДМТ. Раиси Шӯрои диссертатсионии КОА- и Федератсияи Россия дар назди ДМТ, узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Россия. Корҳои илмии ӯ ба таҳқиқи назарияи равандҳои пароканиши маҷбурии мавҷҳои электромагнитӣ дар плазма бахшида шудаанд. Муаллифи зиёда аз 150 мақолаҳои илмӣ, 25 дастурҳои таълимӣ ва 4 китоби дарсӣ мебошад. Аълочии маориф ва илмиТоҷикистон буда, бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали «Хизмати шоиста» (2017) сазовор гаштааст.

Комилов Қосим (с.тав. 26. 04. 1945, н. Хуросон), Хатмкардаи ДДТ (1967) ва аспирантураи он(1975) физикдон, номзади илмҳои физикаю математика (1978), дотсент (1983), доктори илмҳои физикаю математика (2009), профессор (2018). Фаъолияти меҳнатиаш дар кафедраи физикаи назариявӣ оғоз ёфта, дар вазифаи ассистент (1967), муаллими калон (1975), дотсент (1983), мудири кафедраи физикаи назариявӣ (1987), муовини декани факултаи физика оид ба таълим (1999, 2001), декани факултаи физика (2001-2007) ва (2009-2011) кор кардааст. Тадқиқоти илмии Комилов Қосим ба физикаи плазма, назарияи молекулавӣ-кинетикии моеъҳои магнитӣ мансубанд. Муаллифи зиёда аз 150 мақолаҳои илмӣ, методӣ, дастурҳои методию таълимӣ, монографияҳои илмӣ. дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва медали «Хизмати шоиста» (2018) мебошад.

Одилов Одина Шакарович (с.тав. 10.03.1963, н. Ҳамадонӣ). Дар соли1980 ба факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (дар ҳозира ДМТ) дохил шуда, онро соли 1985 бо мувафақият хатм намудааст. Одилов О.Ш. коромӯзӣ ва аспирантураро дар кафедраи назарияи квантӣ ва физикаи энергияҳои баланди Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов гузаштааст. Аз соли 2004 инҷониб Одилов О.Ш. дар кафедраи физикаи назариявии ДМТ ба сифати дотсент кор мекунад. Ӯ дорои зиёда аз 55 мақолаҳои илмию методӣ аст. Аз соли 2014 сар карда вазифаи мудири кафедраи физикаи назариявиро ба уҳда дорад, дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (2017) ва Медали «Хизмати шоиста» (2018) мебошад.

Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон (с.тав. 29.01.1980 н. Файзобод).Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 2003бо дипломи аъло хатм кардааст. Фаъолияти кории ӯ аз соли 2003 ба ҳайси ассистенти кафедраи физикаи назариявии ДМТ оғоз гашта, дар назди ҳамин кафедра солҳои 2005-2007 дар аспирантура таҳсил намудааст. Баъди хатми аспирантара дар вазифаи ассистенти ҳамин кафедра фаъолияташро давом дода, соли 2009 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Релаксатсияи сохторӣ ва хосиятҳои часпакию чандирии моеъҳои магнитӣ» дифоъ кардааст. Аз соли 2010 то 2015 дар вазифаи мудири кафедраи физикаи назариявии ДМТ ва аз соли 2015 инҷониб ба ҳайси дотсенти кафедра фаъолият намуда истодааст.

Алишери Маҳмадлатиф (с.тав. 12.07.1990 н. Шаҳринав) соли 2008 ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда онро соли 2013 бо дипломи аъло хатм карда, худи ҳамон сол ба кафедраи физикаи назариявӣ факултети физика ба ҳайси ассистент ба кор омадааст. То имрӯз ба донишҷӯён аз фанҳои гуногуни физикаи назариявӣ дарс мегӯяд. Ҳамзамон соли 2014 ба аспирантураи шӯъбаи ғоибонаи Институти илмии тадқиқоти шӯъбаи физикаи муҳитҳои конденсӣ ДМТ дохил шуда, онро соли 2018 хатм намуда, моҳи апрели 2019 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Пажвоки ғайрихаттии фотоакустикии ҷисмҳои сахти як ва дуқабатаи оптикӣ ғайриякҷинса» ҳимоя кардааст. Инчунин дар мавзӯъҳои лоиҳавии «Акустикаи радиатсионӣ» берун аз каферда аъзо буда ба таҳқиқотҳои илмӣ машғул аст. Зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ дар дохил ва хориҷи кишвар аз чоп баромадаанд.

Хоҷаев Алиҳмад Абдуғафорович (с. тав.31.08.1987, н. Ҳамадонӣ) соли 2005 ба факултети физикаи ДМТ дохил шуда соли 2010 онро хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ дар кафедраи физикаи назариявӣ ба ҳайси лабаранти калони кафедра фаъолият оғоз намуда, аз соли 2011 инҷониб ассистенти кафедра мебошад. Хоҷаев Алиҳмад пас аз хатми донишгоҳ ба корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ машғул буда, аз соли 2014 то соли 2016 ҳамчун аспиранти кафедраи физикаи назариявии факултети физикаи ДМТ таҳсил намуд. Аз моҳи январи соли 2017 инҷониб ба ҳайси ассистенти кафедраи физикаи назариявии факултети физикаи ДМТ фаъолият намуда истодааст. Рисолаи илмии ӯ ба мавзӯи «Ташаккули салоҳиятнокии касбии омӯзгорони оянда ба фаъолияти мустақилонаи эҷодкорӣ» бахшида шудааст.

Қодирзода Зафар Абдуламин (с.тав. 07.09.1992 н. Ховалинг) соли 2010 ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2015 бо дипломи аъло хатм карда, худи ҳамон сол ба кафедраи физикаи назариявӣ ба ҳайси ассистент ба кор омадааст. Аз моҳи январи соли 2017 ба шуъбаи аспирантураи ДМТдохил шуда, онро соли 2020 хатм карда, моҳи майи 2022 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Сохтори майдони электромагнитӣ ва резонансҳо дар тахлияи ғунҷоиши баландбасомад бо фишори паст» дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дифоъ намуд. Зиёдааз 21 мақолаҳои илмӣ ва тезисҳо дар дохил ва хориҷи кишвар аз чоп баромадаанд. Айни замон декани факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Раҳмонов Сайрулло Саъдуллоевич (с.тав. 19.04.1994. н. Ҳамадонӣ) соли 2012 ба факултети илмӣ табии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар ш.Душанбе дохил шуда онро соли 2016 хатм, намуда, баъдан солҳои 2016-2018таҳсили худродар магистратураи АМИТ-давом додааст. Соли 2018 ба шуъбаи аспирантура ва докторантураи Ph.D ДМТ дохил шуда, зери роҳбарии Солиҳов Д.Қ. дар мавзӯи “Таҳқиқи рафтори солитонҳои диссипативӣ дар муҳитҳои конденсӣ”, кор карда, онро соли 2021 хатм намуд. Зиёда аз 6 мақолаҳои илмии он дар маҷаллаҳо аз чоп баромадаанд. Аз соли 2022 ин ҷониб дар кафераи физикаи назарияӣ ДМТ ба ҳайси ассистент ба кор истодаааст.

Ҳобилов Дилшод Ӯктамҷонович (с.тав. 25.12.1995. н. Б Ғафуров ) соли 2013 ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2018 бо дипломи аъло хатм кардааст. Дар давоми таҳсил, дар олимпиадаҳои гуногуни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок намуда, як дипломи дараҷаи 1 бо унвони «Ҷоми академияи илмҳо» ва чор дипломи дараҷаи 1 аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардааст. Баъди хатми донишгоҳ худи ҳамон сол ба факултети физикаи ДМТ ба ҳайси ассистент ба кор қабул шуд. Соли 2019 ба шӯъбаи аспирантураи ДМТ ба ҳайси унвонҷӯ дохил шуда, бо роҳбарии Д.Қ. Солиҳов дар мавзӯъҳои гуногуни физикаи плазма кор карда, айни замон дар арафаи ҳимояи номзадӣ мебошад. Зиёда аз 5 мақолаҳои илмии ӯ дар маҷаллаҳои хориҷиву дохилӣ аз чоп баромадаанд.

Тоҳирҷонзода Нигора Тоҳирҷон (с.тав. 03.08.1996 н.Шаҳринав) соли 2016 ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда онро соли 2021 бо дипломи аъло хатм карда, соли 2019 ба кафедраи физикаи назариявӣ факултети физика ба ҳайси лаборант ба кор омадааст.