ЭҲТИРОМ БА ОМӮЗГОР – ПОЯИ АСОСИИ ТАҲСИЛОТ

415

Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод-омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад. Эмомалӣ Раҳмон

Оре, омӯзгор дар ҳама давру замон барои ҳар як шахс манбаи дониш, ақлу заковат ба ҳисоб маравад. Омӯзгор барои мо қуллаи нурест, ки тамоми самтҳои пешравии касбу кори олам аз он маншаъ мегиранд. Дар ҳақиқат ҳам, омӯзгор касби пуршараф, шахси боэътимоди ҷомеа ба ҳисоб меравад, зеро агар инсоният бо ақлу дониш ва бо заҳматҳои шабонарӯзии худ табиатро дигаргун созад, аммо омӯзгори ботаҷриба, дурандеш, масъулиятнок бо донишу маҳорати волои хеш метавонад табиати ҳар як шахсро дар ин ё он ҷодаи ҳаёт ташаккул диҳад.Омӯзгор шахси нерумандест, ки инсонро аз хурдиаш тарбия ва баъд ба омӯхтани илму адаб раҳсипор намуда, ӯро то ба зинаҳои баланд расиданаш ҳамроҳӣ менамояд. Омӯзгор шахси барумандест, ки ба мисли падару модар мунису ғамхор ва дурандешест, ки дар замири кас олами маъниро меомӯзонад. Тавре гуфтаанд:Хаққи устод аз падар беш аст,В-аз падар устод дар пеш аст.Фазои электроние, ки замони имрӯзаро фаро гирифтааст, барои омӯзгорон аз тараф осонии корро ба бор оварад, аз тарафи дигар мушкилиҳои зиёдеро эҷод менамояд. Ҳаминро зикр кардан бомаврид аст, ки таҷрибаҳои солҳои охир нишон дода истодааст, ки ҳар фарди худогоҳе, ки касби омӯзгориро пешаи хеш намудааст ва ба тарбия намудани насли наврас машғул аст, бояд пеш аз ҳама дар замири насли наврас баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва зиракии сиёсиро роҳандозӣ намояд, то ин ки онҳо ҳамеша дар ҳама давру замон манфиати ҷамъиятро аз манфиати шахсиаш боло гузошта тавонад. Бо ҳамин мазмун гуфтан мумкин аст, ки омӯзгорони имрӯзаро равшангари шоми тори шогирдони хеш ташбеҳ диҳем, зеро дурандешии онҳо ба чашмони шогирдон равшанӣ, дар ҷисму ҷони онҳо нерӯ мебахшад, аз хатарҳои дар пеш истода ҳамеша моро хабардор месозанд, яъне, оламро боз ҳам мунаввар ва мушкилиҳои пешомадаро бо ақлу заковати худ осон мегардонанд ва барои пешгирӣ намудани онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Тавре гуфтаанд:Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.Аз даврони қадим то ба имрӯз бузургони илму адаб ба омӯзгор эҳтироми хосса доштанд, ки дар мавриди зарурат ба ин гуна шахсиятҳои беназир муроҷиат мекарданд, зеро ҳар фардеро дар зиндагӣ омӯзгоре раҳнамоӣ мекунад.Дар ҷомеа омӯзгор шахсест, ки ба шогирдон бо умеду орзӯҳои нек сабақ медиҳад, тарбия мекунад ва ба онҳо илму ҳунар меомӯзонад. Умед ба он мебандад, ки дар оянда шогирдони ба воя расонидааш соҳиби илму ҳунар шаваду шахсони солимақлу бомаърифат, баруманд, мунису ғамхор, дурандеш, худшинос ва ватандӯст гарданд.Падару модар чи гунае, ки нисбат ба фарзандони худ дилсӯзу ғамхор ва меҳру муҳаббати беандоза доранд, омӯзгори ҳақиқиро низ мебояд нисбат ба шогирд чунин бошад. Шогирдон ҳам бояд ба устодони худ меҳри беандоза дошта бошанд ва онҳоро падарвор ҳурмату эҳтиром намоянд, зеро ояндабинӣ, дурандешии онҳо нисбат ба шогирдон ва дурахшони шогирдон ҳиссаи омӯзгор нисбат ба падару модар чандин маротиба боло меистад.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба арсаи сиёсат қадам гузоштан соҳаи маорифро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатдории хеш эълон дошта, ба таҷдиди мактаб ва таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Восидов Шамсиддин Юсуфович н.и.п., муаллими калони кафедраи “Мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо” – и факултети физикаи ДМТ.