ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА

106

Дар факултети физика асосан 10-номгӯ маҳфилҳои илмии донишҷӯён фаъолият мекунад. Мувофиқи нақшаи ҶИД-и факултети физика оиди фаъолияти маҳфилҳои инфиродии донишҷӯён дар назди кафедраҳои факултет соли таҳсили 2022-2023 шумораи умумии маҳфилҳои ба нақша гирифташуда 104 номгӯро дарбар мегирифт. Аз ин шумора 101 маҳфил гузаронида шуда, дар аксарияти маҳфилҳо бевосита декани факултет иштирок намуд. Дар баробари мавҷудияти маҳфилҳои назди кафедраҳои факултет дар ин сол аз тарафи раиси ҷамъияти илмии донишҷӯни факултети физика, н.и.ф.м., Ҳодиев М. Ҳ., дар факултет маҳфили умумифакултети миёни тамоми донишҷӯён бо номи «НЕРӮ»-таъсис дода шуд. Маҳфил моҳе 4-маротиба баргузор мегардид ва дар ҷамъбасти сол аксари иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд. Дар зер якчанд расмҳо аз ҷараёни баргузории маҳфилҳо замима мегардад:

РАИСИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА: н.и.ф.м., Ҳодиев М. Ҳ.