Иҷлосияи тақдирсоз

136

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар мебошад. Маҳз дар Иҷлосияи такдирсози мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба ӯҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид. Ин иҷлосияи дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун падидаи ҳалкунанда ва бунёдгузор, сарчашма ва ибтидои сулҳу амонӣ, ҳифзи давлатдории тоҷикон, ба эътидол овардани бӯҳрони сиёсии оғози даврони пасошуравӣ бо мисраҳои тиллоӣ сабт гардидааст. Мо аз таърихи халқи тоҷик ҳама бо хуби огаҳ аз ҳодисоти солҳои 90-уми қарни гузашта мебошем. Пас аз барҳам хӯрдани собиқ давлати бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ, мардуми куҳанбунёди тоҷик соҳиби давлати соҳибистиқлоли худ гардид. Аз ин неъмати бебаҳо мардум самаранок истифода набурда, онро қариб ба нестӣ баранд. Бо омилҳои дохиливу беруна, бадхоҳони миллати тоҷик, ки онро дидан намехостанд, дар охир бамақсадҳои нопоки худ расиданд, ки онҳо дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро ба вуқуъ оварданд. Маҳз натиҷаҳои Иҷлосия буданд, ки ба эътидол овардани ҳаёти сиёсии мамлакат дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла иқтисодию иҷтимоӣ ва нигоҳ доштану ба рушди устувор гузаштани илми тоҷик имконпазир гардид. Чӣ тавре, ки за ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд шудааст: “Халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо ба шарофати шахсиятҳои муборизу ҷасур, ватандӯсту меҳанпарвар, донишманд ва бонангу номус тавонистааст, ки ба ганҷинаи таърих ва тамаддуни башар саҳми мондагор гузорад. Ин миллати фарҳангсолору тамаддунсоз дар давраҳои гуногун зулму ситам ва фоҷиаву даҳшатҳои аҷнабиёнро паси сар намуда, дар ҷое бо қавмҳои зиёд ҳамкорӣ кардаву бар зидди иддаи дигар муборизаи беамон бурдааст” миллати мо дар таърихи ҳазорсолаҳо бо илму фарҳанги хеш дар миқёси ҷаҳонӣ, тавасути олимону мутафаккирони нобиғааш шуҳратёр гаштааст.Боиси қаноатмандии мо, кормандони соҳаи илму маориф аст, ки ба таъсири бениҳоят харобиовари воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта нигоҳ накарда, ба Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муяссар гардид системаи таълиму тадриси насли наврас дар муддати кӯтоҳ барқарор ва рушд намояд.Баҳри мо сокинои аз тарафи давлату ҳукумат, бевосита аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконоту шароитҳои мусоид баҳри зиндагии шоиста муҳайё карда шудааст. Мо кормандони соҳаи моарифи мамлакат ба ҳамаи ин ғамхориҳо ҷавобан ваъда медиҳем ҳар як лаҳза зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста аз паи таҳким бахшидан ба пояҳои давлатдорӣ, пешгири намудани сатҳи ҷинояткори дар байни ҷавонон, баҳри обод гардонидани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони беназир самимона ва фарзандона хизмат намуда, ҷонибдор ва пайравони асили сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳем монд.

Авази Мирзо-муовини декан оид ба таълимӣ факултети физика