ГУЗОРИШ АЗ МАҲФИЛИ ИЛМИИ «ФИЗИКОНИ ҶАВОН»

67

Санаи (13.12.2023) тибқи нақшаи «Маҳфили илмии донишҷӯён»-и факултети физика дар кафедраи методикаи таълими физика бо иштироки устодону кормандон ва донишҷӯён маҳфили ҷамъияти илмии донишҷуён баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи соли дуюм Суярхонзода Раҷабмурод дар мавзӯи «Оптикаи мавҷӣ» баромад намуд. Қисми оптика, ки дар он қонунҳои паҳншавии рӯшноӣ дар асоси назарияи электромагнитии рӯшноӣ шарҳ дода мешавад, оптикаи мавҷӣ номида мешавад. Дар оптикаи мавҷӣ рӯшноӣ ҳамчун мавҷи электромагнитӣ тасаввур карда мешавад.Оптикаи мавҷӣ якчанд ҳодисаҳои мушоҳидашавандаи рӯшноӣ ба монанди дисперсия, поляризатсия, интерференсия ва дифраксияи рӯшноиро тавсиф мекунад.