ГУЗОРИШ АЗ МАҲФИЛИ ИЛМИИ «БАРНОМАСОЗ»

137

Санаи 18.11.2023 тибқи нақшаи маҳфили илмии донишҷӯёни факултети физикаи ДМТ дар кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо бо иштироки устодону донишҷӯён маҳфили ҷамъияти илмии донишҷуён баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1-40020100 – мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо Маллазода Абдулло дар мавзӯи «Истифодабарии таймерҳо дар муҳити забонҳои барномасозии савияи баланд» баргузор гардид.Дар рафти баромад аз тарафаи Маллазода А., оид ба тарзи амалӣ истифода кардани таймерҳо дар муҳити забони барномасозии савияи баландӣ Delphi 7, маълумотҳои муфассал дода шуд. Барои он ки таймерҳоро ба таври амалӣ мавриди истифода қарор диҳем, пеш аз ҳама усулҳои истифодабарии таймерҳоро дар ин муҳит донистан зарур аст. Умуман, компаненти таймер (вақт) барои ҳисоб кардани фосилаҳои вақт истифода бурда мешавад. Хосиятҳои он (interval) фосилаи вақтро дар milliseconds (миллидақиқа) муайян мекунад, ки аз оғози вақти муайян ба ҳодисаи фаврӣ сар карда шавад. Таймерҳо ҳангоми барқароркунӣ мафҳуми true – ро фаъол мегардонад, ки дар хосияти он enabled мавҷуд аст. Пас аз гузаштани вақт доимо вақт хосиятҳои ontime – ро бар меангезад, то ҳол хосиятҳои enabled мафҳуми faise – ро бар намегардонад. Таймерҳо дар ҳама системаҳои забонҳои барномасозӣ истифода карда мешавад. Ҳаминро гуфтан бомаврид аст, ки ҳангоми истифодабарии таймерҳо дар ҳама забонҳои барномасозии савияи баланд гузоштани интервалро талаб менамояд. Ҳангоми нагузоштани интервал барномаҳо таймерро хонда наметавонанд. Ин маънои онро дорад, ки вақт нишон дода намешавад. Хулоса, ин гуфтаҳо дар муҳити забонҳои барномасозие тааллуқ дорад, ки таймерҳоро ба таври визуалӣ истифода мебаранд. Таймерҳоро ҳам дар муҳити визуалӣ ва ҳам дар муҳити консолӣ истифода мебаранд. Умуман, донистани раванди кори таймерҳо дар ҳама системаҳои забонҳои барномасозӣ, барои ҳалли масъалаҳои гуногун дар соҳаҳои касбии худи донишҷӯ хеле муҳим аст.