ДАРСИ КУШОДИ УСТОДИ КАФЕДРАИ МОШИНҲОИ ҲИСОББАРОР СИСТЕМАҲО ВА ШАБАКАҲО

84

Расмҳо аз баргузории дарси кушоди номзади илмҳои физикаю математика Каримов Зоир дар мавзӯи Мавҳуми функсия. Интиқоли параметрҳо дар функсия» баргузор гардид. Дар раванди баргузории дарси кушод мудири кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо, н.и.ф-м., дотсент Норматов З.С., муовини раиси Шурои илмӣ-методии факултети физика, н.и.тех., муаллими калон Асомиддинов З.Ш., дотсенти кафедра Маҳмудов И.Ш. иштирок намуданд. Дар раванди дарс моҳият ва амалӣ гардидани барномасозӣ бо забони савияи баланд баррасӣ гардида, шиносоӣ бо оператор ва кодҳои барномаву роҳҳои ташкили барнома аз тарафи устод ба донишҷӯён муфассал фаҳмонида шуд. Зеро, ки дар замони муосир донистани барномасозӣ яке аз паҳлӯҳои асосии кор дар компютер мебошад. Умуман, барномасозӣ ин сохтани барнома бо забони барномасозӣ буда, инчунин раванди иҷрокунии як ё якчанд алгоритмҳои ба ҳам алоқаманд дар баъзе забонҳои барномасозӣ мебошад, ки барои залли масъалаҳои гуногун дар соҳаҳои касбии худи донишҷӯён хеле муҳим аст.