ДАРСИ КУШОДИ ПРОФЕССОРИ КАФЕДРАИ ФИЗИКАИ ҲАСТА

86

Санаи 20-уми ноябри соли 2023 дар синфхонаи 305-и факултети физика дарси кушоди доктори илмҳои физика-математика, профессор Махсудов Б.И. дар мавзӯи “Лазерҳо” баргузор гардид. Дарси кушод дар курси 3-юми ихтисоси 1-31040103 – физика гузаронида шуд. Дар раванди баргузории дарси кушод раиси Шурои илмӣ-методии факултети физика дотсент Истамов Ф.Х., омӯзгорони ҷавони кафедраи физикаи ҳаста иштирок намуданд. Устод дар ҷараёни баргузории дарси кушод вобаста ба хосиятҳои нури лазерӣ, принсипи кори лазерҳо ва шартҳои ҳосил кардани афканишоти лазерӣ маълумоти муфассал доданд. Дар поёни дарс миёни донишҷӯёни гурӯҳ ва устод доир ба мавзӯи дарси кушод пурсиш ҷараён гирифт ва дар раванди он донишҷӯён маълумоти кофиро ба даст оварданд.