Баргузории маҳфил

65

Имрӯз дар кафедраи физикаи ҳаста маҳфили «Изотоп» барпо гардид. Дар кори маҳфил маърӯзаи донишҷӯи соли чоруми ихтисоси 31010403 «Физика» Исломзода Ориён дар мавзӯи «Ҳосил намудани изотопҳои радиоактив дар реактори ҳастаи “Аргус” ва истифодаи он дар тиб» шунида шуд. Исломзода Ориён дар аввал оиди реакторҳои ҳастаӣ ва энергетикаи ҳастаӣ, дар бораи ҳосил намудани изотопҳои радиоактив маълумот дода аъзои маҳфилро бо ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии мавзӯи зерин шинос намуд. Оиди истифодаи реактор ҳамчун манбаи нейтронҳо барои таҳлили нейтронҳои фаъолии таркиби ҷинсҳои кӯҳи сӯҳбат шуд. Инчунин дар бораи истифодаи онҳо дар тиб маъумотҳои зарурӣ пешниҳод гардид.Баъд аз анҷоми маърӯза саволу ҷавоб ҷараён гирифт. Дар охир мудири кафедра, профессор Махсудов Б.И. ба баъзе ҷиҳатҳои масъала равшани андохта маҳфилро ҷамбаст намуд.