БАРГУЗОРИИ ҶАЛСАИ БОНУВОН ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА

106

Имрӯз 19.10.2023 дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҷавондухтарон аз ҷумла тамоюли бегонапарастӣ, тарғиб намудани фарҳанги бегона ҷаласаи навбатии бонувон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини ректор оид ба тарбия Имомова Н.М., раиси Бахши занон ва бонувони ДМТ., Маҷидзода Д, сармутахассиси бахши занон ва бонувон Иноятова М, сармутахассиси бахши занон ва бонувон Худоиева Ф ва дигар бонувони факултет иштирок ва суханронӣ намуданд. Мақсад аз вохӯриҳои мазкур пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни донишҷӯдухтарон буда, барои беҳтар гардидани вазъи либоспушии онҳо силсилавохӯриҳои мазкур замина хоҳанд гардид. Ҳамзамон тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аз муҳимтарин санадҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд, ки бо ин мақсад байни бонувони донишгоҳ силсилавохӯриҳои судманд баргузор мегарданд. Зимни баромад дар ҷалассаи мазкур масъулини самти тарбия доир ба бегонапарастиву тарғиб намудани тамоюли фарҳанги бегона дар байни донишҷӯдухтарон ибрози ақида намуданд. Ҳамзамон қайд намуданд, ки донишҷӯён тибқи оиномаи либосҳои тавсиявӣ либос ба бар намуда, аз бегонапарсативу тарғиб намудани фарҳангҳои аврупоӣ худорӣ намоянд. Бояд гуфт, ки баргузории ҷаласаҳои бонувон дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромада, тибқи нақша дар тамоми факултетҳои донишгоҳ баргузор хоҳанд шуд.