АРТИШИ МИЛЛӢ ЯКЕ АЗ РУКНҲОИ МУҲИМТАРИНИ ДАВЛАТДОРӢ МЕБОШАД

100

Ҳамасола яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлат-дории навини Тоҷи-кистони соҳибис-тиқлол, яъне Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои муҳим-тарини давлатдорӣ ва сипари боэтимоди Ватан мебошад, дар кишвар бо шукуҳи хоса таҷлил мегардад. Рӯзи Артиши миллӣ дар ҳоле таҷлил карда мешавад, ки сокинони мамлакат зери рӯҳбаландӣ ва таассуротҳои бузурги Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати амалӣ намудани нишондодҳо ва ҳадафҳои асосии он ҷаҳду талош намуда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони истиқлол мебошад, ки ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлоли он таҳти хатари нобудӣ қарор дошт.

Нахустин кӯшиш дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ» буд. Баъдтар 4-уми январи соли 1992 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 10-уми июни соли 1992 Фармон дар бораи таъсиси «Фронти халқӣ» ва 17-уми сентябри соли 1992 Фармон дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расида бошанд, ҳам вале вобаста ба авзои носолими сиёсӣ ва мураккаби оғози истиқлоли давлатӣ имконият ва шароити таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол, яъне Артиши миллӣ ба Тоҷикистон муяссар нагардид. Зеро кишвар дар шароити басо душвор ва мураккаби сиёсию иҷтимоӣ қарор дошт. Зеро дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ идома дошту нарасидани озуқаворӣ, сарулибос, техникаю муҳимоти ҷангӣ ва амсоли инҳо дар ҳар қадам эҳсос мешуд.

Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди Артиши миллӣ ба таври ҳаққонӣ амалан сурат гирифт. 18-уми декабри соли 1992 Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарор дар бораи роҳбарии фаврӣ, идоракунии мутамарказ ва сафарбаркунии нерӯҳои мусаллаҳи сохторҳои низомӣ бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қабул гардид, ки роҳбарии он ба дӯши Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шуд.

Ба тавсиб расидани ин қарорҳо заминаи ҳуқуқиро барои ташкили Артиши миллӣ фароҳам овард.

23-юми феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбӣ баргузор гардид ва рӯзи баргузоргардии парад, яъне 23-юми феврал – Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд, ки мо имрӯз 31-умин солгарди онро таҷлил намуда истодаем.

Саҳми калони фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ дар он аст, ки дар марҳилае, ки қувваҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ ва гурӯҳхои муташаккили ҷиноӣ аз рӯи шумораи умумӣ аз нерӯҳои низомии давлатӣ бартарӣ доштанд, тавонист, ки стратегияи мушаххаси ҳам мубориза ва ҳам созмон додани Артиши миллиро муайян намуда, онро ба амал бароварад.

Роҳбари кишвар Артиши миллиро ҳамчун кафили асосии бақои истиқлол тавсиф намуда, қайд карданд, ки «Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба мероси худ аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва дигар заминаҳои моддиву техникиро соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуд, ба мо лозим омад, ки корро дар ҷои холӣ оғоз намоем. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилот мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллии тоҷик ба вуҷуд омад. Он ба дараҷаи кофӣ қудрат дорад, ки мамлакатро аз таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ ҳифз намояд».

Заминаҳои нахустини ташкили Артиши миллӣ, ки бо таъсиси «Бригадаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маҷмӯи вазифаҳояш ҳамчун нахустсохтори он 5-уми декабри соли 1992 ташкил карда шуд. Ташаккулёбии Артиши миллии Тоҷикистон дар таъсиси худ се марҳиларо паси сар намудааст, ки марҳилаи аввал бо ташкил намудани заминаҳои моддӣ-техникӣ, сафарбар намудани кадрҳои тахассусӣ, марҳилаи дуюм бо бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷобаҷогузории онҳо ва марҳилаи сеюм бо таҳкиму тақвияти он вобаста мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи аввал сафи Артиши миллиро аз ҳисоби хизматчиёни сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, размандагони Ҷабҳаи Халқии Тоҷикистон ва даъвати шаҳрвандони дорои ихтисоси ҳарбӣ, ки дар захира буданд, пурра намуда буд. Кори муҳиму асосии дигар ин масъалаи эҷоди қонунҳо ва санадҳои дахлдори ҳуқуқӣ барои ташаккул, танзим ва ҷобаҷогузории Қувваҳои мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои он ба шумор мерафт, ки дар ин замина 17-уми феврали соли 1993 «Низомномаи тартиби қабули Савганди ҳарбӣ», 2-юми августи соли 1993 «Низомномаи додситони ҳарбӣ», 26-уми июни соли 1993, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қабул гардиданд, ки на танҳо асосҳои ҳуқуқии мавҷудият ва фаъолияти қувваҳои мусаллаҳ, балки шумораи онҳо, таъмину нигоҳдорӣ ва ҳаҷми маблағҷудокунии буҷетиро муайян намуд, инчунин масъалаҳои интизоми дохилӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва фаъолияти хизматчиёни ҳарбиро ба танзим дароварда, марҳилаи наверо дар такмили он ҳамчун сохтори ҳарбии давлатӣ кушод.

Аз таъсисёбии Артиш муддати зиёд сипарӣ нашуда ба души он якҷоя бо дигар мақомоту сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иҷрои вазифаи басо бузург ва масъулияти ниҳоят муҳим таъмин намудани субот ва амнияти кишвар вогузошта шуд, ки тақдири миллат ва дастовардҳои истиқлол аз ҳалли онҳо вобаста буд. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Кувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳанӯз дар рӯзҳои аввали таъсисёбиаш дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлол барқарор кардани сохти конститутсионӣ, дар мубориза ба муқобили дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, имрӯз ба як нерӯи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлату Ҳукумат фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷоъи Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки он ҷавонмардонеро, ки барои сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

Артиши миллии мамлакат туфайлӣ ғамхорию дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 31 сол ба сохтори воқеии муқтаддири ҳарбӣ табдил ёфт.

Алҳол дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қушӯнҳои хушкигард, зудамал, дохилӣ, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ амал менамоянд. Бо назардошти зарурати ҳифзи сарҳадоти кишвар соли 1997 Қумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил дода шуд, ки аз соли 2005-ум инҷониб ҳимояи марзҳои кишварамонро қувваҳои сарҳадӣ ба ӯҳда доранд.

Хизмат кардан ба Ватан маънои ба ҷой овардани хизмати падару модар ва ҳимоя намудани марзу буми Ватани аҷдодӣ ва тамомияти арзии Ватанро дорад.

Ҷурабек ШАРИПОВ,номзади илмҳои физикаю математика,дотсент, муовини декани факултети физикаоид ба илм ва инноватсия