Кафедраи астрономия

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

Факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз солҳои 70-уми қарни гузашта мутахассисони соҳаи астрономияро тайёр менамояд. Дар ибтидо ихтисосмандони ин соҳа дар назди кафедраи физикаи назариявӣ ва оғоз аз солҳои 80-ум мустақилан дар кафедраи астрофизика тайёр карда мешуданд. Дар ин муддат шогирдони бешумори кафедра то ба дараҷаи устодӣ расида, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хизмат ва фаъолият доранд. Мутаасифона, нимаи дуюми солҳои 80-ум кафедра барҳам дода шуд ва имконияти омода намудани ихтисосмандони ин соҳа дар Тоҷикистон аз байн рафт. Тобистони соли 1998 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох боздид ба амал овард. Дар он муддат Расадхона комилан валангор буда, пурра корношоям буд. Роҳбарияти вақтинаи Академияи миллии Тоҷикистон ва Институти астрофизика нарасидани мутахассисонро баҳона намуданд. Қайд карда шуд, ки баъд аз пош хӯрдани Ҳокимияти шӯравӣ қисми зиёди мутахассисони соҳаи астрофизика ба давлатҳои дигар кӯч бастанд. Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар шароити истиқлолияти Тоҷикистон барои бо мутахассисин таъмин намудани Расадхонаҳои астрономии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани тадқиқотҳои кайҳонӣ зарур аст, ки кафедраи астрономия дар базаи яке аз донишгоҳҳои олӣ кушода шавад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1999 №13/4-16,1-2 кафедраи астрономия бо ихтисоси ҳамном, дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона дар назди факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис ёфт. Кафедраи астрономия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кафедрае мебошад, ки аз рӯи ихтисоси астрономия мутахассисони ҷавонро тайёр мекунад. Вазифаи асосии кафедра аз тайёр намудани мутахассисони соҳаи астрономия барои институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, донишгоҳҳои олӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва баъзе соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ иборат аст. Дар солҳои аввал ба ҳайати кафедра устодон П.Б. Бобоҷонов, Х.И. Ибодинов, О. Наимов, Д.А. Тағоева, А.А. Раҳмонов, ва Ш. Каримов ба кор ҷалб шуданд. Оғоз аз соли 2004 ба ҳайати устодону кормандон хатмкунандагони кафедраи астрономия А.Ғ. Сафаров, Л.А. Одинаева, Ҷ.Қ. Исмоилов, Ҷ.Х. Ҳаитов, Ш.Б. Бобоев, Н.А. Лутфилоев, С.О. Мирзохонова, Ҷ.Ғ. Шарипов, Ф.Х. Ашуров, М.В. Маҳмадшоева, М.Ҳ. Зуҳуров, Т.З. Ҳусенова, Ш. Раҳимова ба кор ҷалб шуданд. Аз рӯзҳои таъсисёбии кафедра кормандони Институти астрофизикаи АМИТ П.Б. Бобоҷонов, Х.И. Ибодинов, М.И. Ғуломов, Н.Х. Миниқулов, Ф.А. Тупиева, Н.А. Коновалова, О. Алимов, М. Нарзиев дар солҳои гуногун барои хондани курсҳои махсус, роҳбарии рисолаҳои курсӣ, хатм, дипломӣ, магистрӣ ва гузаронидани мушоҳидаҳои астрономӣ дар Расадхонаи астрономии Ҳисори Институти астрофизикаи АМИТ ба кафедра ҷалб шуданд.

РАВАНДИ ТАЪЛИМ ДАР КАФЕДРА

Солҳои аввал роҳбарии кафедраро академик П.Б.Бобоҷонов (1999-2001), профессор Х.И.Ибодинов (2001-2004, 2010-2012), дотсентон А.А. Раҳмонов (2004-2010, 2012-2017), У.М. Шоимов (2017-2019) давом доданд. Аз соли 2019 то ҳол вазифаи мудирии кафедра бар дӯши дотсент А.Ғ. Сафаров аст. Айни замон, ҳамасола тариқи ММТ дар бахшҳои рӯзона ва фосилавии ихтисоси астрономия 10 нафарӣ аз ҳисоби буҷаи давлат ва 15 нафарӣ донишҷӯ ба тариқи шартномавӣ қабул мешаванд. Аз соли 2009 то соли 2014 донишҷӯёни ихтисоси “Метеорология” дар назди кафедраи астрономия ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд. Барномаи таълимӣ ва нақшаҳои корӣ дар асоси Стандарти давлатии таълим ва барномаи таълимии ихтисоси астрономияи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ба шароити имрӯза ва имкониятҳои Тоҷикистон тартиб ва таҳия шудааст. Дар таҳияи барномаҳои таълимӣ саҳми устодони кафедра Х.И. Ибодинов, А.А. Раҳмонов ва А.Ғ. Сафаров назаррас аст. Кафедраи астрономия барои донишҷӯёни риштаи бакалавр дар ихтисосҳои 1-02050405 – астрономия, 1-31040103 – физика гурӯҳҳои русӣ ва тоҷикӣ, 1-33010300 – радиоэкология ва тамоми ихтисосҳои амаликунандаи факултетҳои механикаю математика, геология ва биология аз фанҳои зерин дарс мегуянд:

1. Астрономияи умумӣ;

2. Астрономияи амалӣ;

3. Механикаи осмонӣ;

4. Астрофизикаи умумӣ;

5. Геофизика ва физикаи сайёраҳо;

6. Усули таълими астрономия;

7. Астрономияи галактикӣ;

8. Фанни тахассусии “Кометаҳо ва метеорҳо”;

9. Фанни тахассусии “Ситораҳои тағйирёбанда ва ғайристатсионарӣ”;

10. Фанни тахассусии “Астероидҳо ва радифони сайёраҳо”;

11. Фанни тахассусии “Гелиофизика”;

12. Фанни тахассусии “Астрономияи наздизаминӣ”;

13. Лабораторияи тахассусии “Ситораҳои тағйирёбанда ва ғайристатсионарӣ”

14. Лабораторияи тахассусии “Физикаи сайёраҳо”;

15. Лабораторияи тахассусии “Мушоҳидаи махсуси астрономӣ”;

16. Фанни интихобии донишҷӯ аз бахши 1: Консепсияи табиатшиносии муосир;

17. Фанни интихобии донишҷӯ аз бахши 3: Усулҳои коркарди натиҷаи мушоҳидаҳо;

18. Фанни интихобии донишҷӯ аз бахши 3: Астрофизикаи амалӣ;

19. Фанни интихобии донишҷӯ аз бахши 3: Экологияи фазои наздисайёраҳо;

20. Фанни интихобии донишҷӯ аз бахши 3: Астрофизика (барои ихтисосҳои 1-31040103 – физика гурӯҳҳои русӣ ва тоҷикӣ, 1-33010300 – радиоэкология);

21. Фанни интихобии донишҷӯ аз бахши: Проблемаҳои муосири астрофизика;

22. Фанни интихобии донишҷӯ аз бахши: Асосҳои астрометрия ва фотометрия;

23. Фанни интихобии донишҷӯ аз бахши 4: Манбаъи энергияи ситораҳо.

Дар кафедраи астрономия донишҷӯёни ихтисоси ҳамноми кафедра дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ аз рӯи зинаи таҳсилоти бакалавр фаро гирифта шудаанд. Аз оғози соли хониши 2019 дар назди кафедра таҳсили магистратура ба роҳ монда шуд. То имрӯз 8 магистр аз рӯи ихтисоси астрономия (01.03.04-таҳқиқоти сайёраҳо) магистратураро хатм намуданд. Дар кафедраи мазкур нақшаҳои корӣ ва барномаҳои таълимии намунавӣ оид ба ҳамаи ихтисосҳои амалкунанда барои солҳои 2012, 2018 ва 2022 мавҷудаст. Соатҳои кафедра бо назардошти магистрҳо дар тули панҷ соли охир дар ҳудуди аз 4200 то 5800 соатро дар бар мегирад. Дар кафедра аз рӯи беш аз 20 фанҳои таълимӣ (фанҳои умумикасбӣ, тахассусӣ, интихобӣ ва лабораторияҳои тахассусӣ) машғулиятҳо асосан барои донишҷӯёни ихтисоси 1-02050405 – астрономия, инчунин барои ихтисосҳои 1-31040103 – физика гурӯҳҳои русӣ ва тоҷикӣ, 1-33010300 – радиоэкология, 1-3102010209 – гидрометеорология ва иқлимшиносӣ гузаронида мешаванд. Инчунин устодони кафедра фанни таълимии “Консепсияи табатшиносии муосир”-ро барои донишҷӯёни тамоми ихтисосҳои амаликунандаи факултетҳои механикаю математика, геология ва биология таълим медиҳанд.

ОЗМОИШГОҲҲОИ КАФЕДРА

Кафедра дар даврони Истиқлолият дорои расадхона ва лабораторияҳои таълимӣ шуд ва онҳо бо телескопҳо ва асбобҳои айёнӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Дар назди кафедра озмоишгоҳҳои астрономияи умумӣ (Бинои таълимии №16, синфхонаи 527), астрофизика (Бинои таълимии №16, синфхонаи 520), расадхонаи таълимии кафедраи астрофномия (Бинои таълимии №16, қабати шашум, аз се ҳуҷра иборат аст) фаъолият доранд. Озмоишгоҳи таълимии “Астрономияи умумӣ” барои донишҷуёни курсҳои поёнӣ (1 ва 2) ва донишҷӯёни ихтисосҳои дигари факултети физика сафарбар карда шудааст. Озмоишгоҳ бо тахтаи электронӣ, видеопроэктор, асбобҳои астрономӣ, аз қабилӣ кураҳои осмонӣ, харитаҳои осмонӣ, моделҳои сайёраҳо, модели Системаи офтобӣ, теодолит, нивелир, телескопи АТ-1, секстант, глобусҳои сайёраҳо, глобуси кураи осмонӣ муҷаҳҳаз аст. Озмоишгоҳи “Астрофизика” барои гузаронидани машғулиятҳои лабораторӣ аз фанҳои тахассусӣ ва лабораторияҳои тахассусӣ сафарбар карда шудааст. Дар озмоишгоҳ видеопроэктор ба асбобҳои гуногуни астрофизикӣ муҷаҳҳаз аст. Бархе аз асбобҳо соли 2010 харидорӣ шудаанд. Аз ҷумла дар озмоишгоҳ ду телескоп (Менискӣ ва экспедитсионӣ), спектрографҳо, микрофотометрҳо, теодолит, люксометр, барометр, филтрҳои ранга барои мушоҳидаи Офтоб ва сайёраҳо, асбоби нимноқили барқӣ (FLI PROLINE) бо компютер, ки дар телескоп пайваст мешавад, мавҷуд аст. Расадхонаи таълимии кафедра бо телескопи муосири навъи алт-азимутии MEADE LX200-ACF муҷаҳҳаз аст. Расадхона аз се синфхона иборат буда, дар яке аз онҳо худи телескоп гузошта шудааст. Дар синфхонаи дигар утоқи мушоҳидачиён мавҷуд аст, ки дар онҷо компютерҳо барои мушоҳида ва идораи телескоп насб шудааст. Дар расадхона ба ҷузъ телескопи MEADE LX200-ACF, асбоби нимноқили барқии SBIG ST7 ва спектрографи рақамии муосир мавҷуд аст. Асбоби нимноқили барқии SBIG ST7 имконият медиҳад, ки телескоп бо компютер пайваст гашта, навори гирифташуда мустақиман дар монитори компютер пайдо гардад. Аксҳои гирифташуда бо барномаҳои муосири астрономӣ (таълимӣ ва илмӣ) коркард карда шуда, натиҷаҳои онро дар раванди таълим, ҳангоми хондани фанҳои тахассусӣ, интихобӣ ва лабораторияҳои тахассусӣ ба донишҷӯён таълим дода мешавад. Телескопи MEADE LX200-ACF имконияти мушоҳидаи зоҳирӣ (чашмдид), фотографӣ ва спектриро дорад. Ин олоти астрономиро дар ҷараёни таълим васеъ истифода мербаранд, махсусан аз курсҳои тахассусӣ ва ҳангоми таҷрибаомӯзии таълимӣ то 14 корҳои амалӣ-мушоҳидавӣ ва лабораторӣ гузаронида мешавад.

КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ КАФЕДРА

Корҳои илмии кафедра аз рӯи самти “Ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ” аз рӯи масъалаи “Кометаҳо” аз солҳои таъсисёбӣ ба роҳ монда шудааст. Мавзӯи илмии кафедра барои солҳои 2021-2025 “Таҳқиқи таъсири хурӯҷи Офтоб бар равандҳои дар кометаҳо гузаранда” ба нақша гирифта шуда, корҳо идома доранд. Аз соли 2020 барои гузаронидани мушоҳидаи ҷирмҳои осмонӣ расадхонаи таълимии кафедраи астрономия омода карда шудааст ва васеъ истифода мешавад. Телескопи асосии расадхона MEADE 16 LX200-ACF буда, масофаи конуниаш ба 4064 мм ва қутри оинааш 406,4 мм аст. Ба воситаи он объектҳои кайҳонии қадри ситоравиашон то 15,5m мушоҳида карда мешавад. Телескоп дорои зиҷҳои махсуси астрономӣ буда, беш аз 27 ҳазор объектҳои осмониро дарбар мегирад. Бартарии ин телескоп боз дар он аст, ки мушоҳид метавонад объектҳои заруриро ба хотираи телескоп дохил намояд. Ба сифати қабулкунаки рӯшноӣ асбобҳои нимноқилии барқии SBIG ST8-XE ва FLI PROLINE истифода мешавад. Онҳо имкон медиҳад, ки объектҳои тира дар фосилаи кӯтоҳи вақт аккосӣ ва бо воситаи барномаҳои махсуси астрономӣ коркард карда шаванд.

Корҳои илмии кафедра дар бахшҳои зерин идома ёфта истодаанд:

• Омӯзиши афтиш ва лаппиши дурахшонӣ, таҳаввули параметрҳои фотометрии кометаҳои кӯтоҳдавр ва алоқамандии равандҳои фаъоли дар ҳастаи онҳо гузаранда аз хурӯҷи Офтоб;

• Таҳқиқи шароити ташаккули синхрона-синдинама дар думҳои чангини кометаҳо;

• Таҳқиқи шароити бархӯрди ҳастаи кометаҳои фаъоли интихобшуда бо селҳои метеории маъмул.

Ширкати устодони кафедра дар конфронсу симпозиумҳои дараҷаҳои гуногуни дохилӣ ва берунӣ самаранок аст. Кафедра дар якҷоягӣ бо Институти астрофизика якчанд конфронсҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявиро гузаронд, пайваста бо олимони барҷастаи хориҷи дуру наздик семинарҳои илмӣ ташкил намуда истодааст. Аз ҷумла ноиби Президенди Комиссияи 46-уми Иттифоқи байналмилалии астрономӣ, профессори Донишгоҳи Зеландияи Нав Ҷон Ҳерншав, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Украина, профессори Донишгоҳи давлатии Украина ба номи Шевченко, мудири Расадхонаи Лесникӣ Чурюмов Клим Иванович, профессори Донишгоҳи давлатии ба номи Баумани Федератсияи Россия Юрий Обрубов, мудири кафедраи механикаи осмонии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федеретсияи Россия Константин Холшевников, мудири Шубаи Ҷирмҳои хурди Системаи офтобии Саррасадхонаи астрономии Академияи миллии илмҳои Украина, профессор Николай Кисилёв, профессори Донишгоҳи политехникии Самараи Федератсияи Россия Анатолий Заусаев, Директори Расадхонаи астрономии Париж Гиём Дубос, мудири Шуъбаи сайёраҳо ва ҷирмҳои хурди Системаи офтобии Расадхонаи астрофизикии Шамохаи ба номи Насриддини Тусӣи Академи миллии илмҳои Озорбойҷон, профессори Донишгоҳи давлатии Боку Атаӣ Адолат Абулфат-оглӣ ва ғайраҳо маърӯзаҳои илмӣ намудаанд. Донишҷӯёни ихтисоси астрономия аз курсҳои 2 – 3 ба корҳои илмӣ ҷалб карда мешаванд ва пайваста дар конференсияи илмии донишгоҳ маърӯзаҳои илмӣ ироа мекунанд. Соли 2010 кори илмии донишҷӯи курси 5-уми ихтисоси астрономия Ашӯров Фирӯз дар мавзӯи «Бо усули фотометрӣ муайян намудани андозаи пораядроҳои кометаи С/2005 А1 (LINEAR)» ва дар соли 2012 донишҷӯи курси 5-уми ихтисоси метеорология дар мавзӯи “Пешгӯи тағйирёбии иқлими Тоҷикистон аз рӯи моделҳои Had CM2 ва UK-TR ва муқоисаи он бо солҳои 1991-2002” дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ-техникӣ» сазовори ҷоизаи аввал гардид. Соли 2012 Раҷаббеков Интизор дар конференсияи ҷумҳуриявӣ дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносови дар ш. Душанбе буда, бо маърузаи илмӣ дар мавзӯи “Таҳқиқи думи аномалии кометаи С/1995 О1” баромад намуда, сазовори ҷойӣ дуюм ва ифтихорнома шуд. Донишҷӯи ихтисоси астрономия Ризои Баҳромзод се сол паиҳам дар олимпиадаи умумиҷумҳуриявӣ сазовори ҷойӣ аввал шуда, соли 2013 дорандаи Шоҳҷоизаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Оғоз аз соли 2014 то соли 2020 дар Раёсати Академияи миллии илмҳо олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишгоҳҳои олии Тоҷикистон баргузор мегардид. Донишҷӯёни ихтисоси астрономия дар ин олимпиада сазовори ҷойи аввал ва Ҷоми Академия мешуданд. Аз ҷумла Хуҷаназаров Ҳабибҷон соли 2014, Давлатов Умарҷон солҳои 2015 ва 2017, Файзов Шеравган соли 2016, Гадоев Сорбон соли 2018, Мавлонов Бузургмеҳр соли 2019, Нормаҳмедов Нормаҳмад соли 2020, Шарипов Диловар соли 2020 соҳиби ҷойи аввал, диплом ва Ҷоми Академия гаштанд. Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён «Астрономи ҷавон» амал менамояд ва аъзоёни он дар конфронсҳои донишгоҳию берун аз он маърӯзаҳои илмӣ намуда, соҳиби ҷоизаҳо шудаанд. Аз соли таъсисёбӣ роҳбарии маҳфилро устодон Х.И. Ибодинов, А.Ғ. Сафаров ва Ш.С. Бобоев ба ӯҳда доштанд. Ба шарафи Соли байналмиллии астрономия дар сатҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили байнидонишгоҳии «Табиатшинос»-ро бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултетҳои табиагшиносӣ гузарониданд, ки он дар ҷамъбасти сол маҳфили беҳтарин дар донишгоҳ ҳисобида шуд. Соли 2011 бахшида ба «50-солагии парвози аввалин Инсон ба Кайҳон», соли 2012 бахшида ба «Хавфи объектҳои кайҳонӣ ба Замин», соли 2013 бахшида ба «50-солагии парвозии аввалин зан ба Кайҳон» дар факултет маҳфилҳои кушоди кафедра гузаронида шудааст. Устодон ва кормандони кафедра солҳои 2017-2019 дар якҷойгӣ бо кормандони Институти астрофизика дар Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох бахшида ба “Рӯзи астероид”маърӯзаҳои илмӣ намуданд. Кафедраи астрономия ҳамасола бахшида чашнҳои касбии байналмилалӣ 12-уми апрел “Рӯзи Кайҳоннавардон”, 30 июн “Рӯзи астероид” ва 4-10 октябр “Ҳафтаи байналмилалии Кайҳон” семинарҳои илмӣ бо иштироки кормандон ва ходимони илмии Институтҳои таҳқиқотии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, донишгоҳҳои олӣ, дӯстдорон ва ҳаводорони астрономия ташкил карда мешавад.

ҲАМКОРИҲО

Кафедраи астрономия аз солҳои аввали таъсисёбӣ ҳамкориҳо бо Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик вусъат бахшида, устодони кафедра Х.И. Ибодинов, А.А. Раҳмонов ва А.Ғ. Сафаров мақолаҳои энсиклопедиро дар соҳаи астрономия пайваста пешниҳод мекунанд. Дар доираи ҳамкорӣ аввалин “Донишномаи астрономӣ” барои ба чоп таҳия шудан фиристода шуд. Аз рӯзҳои аввали таъсиёбии кафедраи астрономия Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти астрофизикаи АМИТ баста шуд. Дар ин муддат матн ва муҳтавои Созишнома тағйир ёфта, самти ҳамкориҳо низ дигаргун шудааст. Натиҷаи ҷараёни ҳамкориҳо буд, ки беш аз 60% кормандони илмии имрӯзаи Институти астрофизикаи АМИТ хатмкунандагони кафедраи астрономияро ташкил медиҳанд, ки айни ҳол дар вазифаҳои гуногун фаъолият доранд. Дар доираи ҳамкориҳо бахшида ба эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рӯшди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо кормандони Институти астрофизикаи АМИТ (Алимов О. -н.и.ф.м., сарходи илмӣ, роҳбари гурӯҳи Ионосфера, Нарзиев М.-н.и.ф.м., ходими калони илмии шуъбаи ҷирмҳои байнисайёравӣ, Коновалова Н.А.-н.и.ф.м., сарходи илмии шуъбаи ҷирмҳои байнисайёравӣ) ва Институти физикаю техникаи ба номи Умарови АМИТ (Шоёқубов Ш.Ш.-н.и.ф.м., сарходими илмии маркази омӯзиши манбаъҳои барқароршавандаи энергия, Ризои Баҳромзод-ходими калони илмии шуъбаи нурҳои кайҳонӣ) бахшида ба рӯзи Кайҳоннавардон (ҳамасола 12 апрел) ва ҷашни ҳафтаи байналмилалии Кайҳон (ҳамасола 4 октябр) бо иштироки васеъи устодон, кормандон, магистрҳои факултети физика ва донишҷуёни кафедраи астрономия ҳамасола семинари илмӣ-амалӣ гузаронида мешавад. Ҳамкориҳои илмӣ бо як қатор донишгоҳҳои олӣ ва илмӣ – таҳқиқотӣ идома доранд. Аз ҷумла бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон, Институти астрофизикаи АМИТ, Институти физикаю техникаи ба номи С.Умарови АМИТ, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Расадхонаи астрофизикии Шамохаи АМИ Озорбойҷон, Донишгоҳи давлатии Боку, Саррасадхонаи астрономии АМИ Украина ва ғ. мебошад. Устодон ва донишҷуёни кафедра пайваста бо шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ҳамкории зич дошта, доир ба масъалаҳои астрономӣ дар барномаҳои гуногуни Шабакаи аввали Тоҷикистон (барномаҳои илмӣ-оммавии тарғиботӣ “Асолат”, “Асрори Кайҳон”), Шабакаи телевизионии Сафина (барномаи илмӣ тарғиботии “Қатрае аз илм”, барномаи зеҳнии “Интеллект-шоу”), Шабакаи телевизионии Синамо (барномаи таърихӣ-фарҳангӣ “Дар оинаи таърих”, барнома – озмуни интеллектуалии “Мизони хирад”), Илм ва табиат (барномаи телевиззионии “Чор унсур”) ширкат варзида, пайваста маърӯзаҳо мекунанд. Инчунин вобаста ба ҷашнҳои давлатӣ, таҷлили ҷашни Наврӯз, дастоварҳои Истиқлолият, Соли нави мелодӣ оид ба масъалаҳои астрономӣ барномаҳо таҳия намудаанд, ки аз шабакаҳои телевизионии зикршуда пайваста пахш мегарданд. Бахшида ба омодагии донишҷӯён ва магистрони ихтисоси астрономия барои ширкат дар озмӯни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” устододон ва донишҷуёни кафедра пайваста бо кормандони шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ҳамкориҳо дошта доимо гузоришҳо омода менамоянд.

АЪЗОЁНИ КАФЕДРА

Сафаров Абдулҷалол Ғафурович

Мудири кафедра

aj_safarov@mail.ru

(+992) 931465173

ш. Душанбе, х. Рудакӣ 17

Сафаров Абдулҷалол Ғафурович 18-уми майӣ соли 1981 дар ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) вилояти Кӯлоб (ҳоло Хатлон) ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст. Фаъолияти худро аз соли 1996 ба ҳайси коргар дар колхози Киров шурӯъ кардааст. Соли 1998 мактаби миёнаи умумии №3 ноҳияи номбурдаро хатм карда, солҳои 1999-2004 дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Аз соли 2000 дар кафедраи астрономия ба ҳайси лаборант фаъолиятро оғоз намуда, баъди хатми ДДМТ соли 2004 ҳамчун ассистенти кафедраи номбурда фаъолият намудааст. Солҳои 2006-2009 аспиранти шуъбаи рӯзонаи Институти астрофизикаи АМИТ таҳсил намуда, соли 2009-2010 ҳамчун ходими илмии Шуъбаи физикаи кометаҳо ва астероидҳои Институти номбурда фаъолият кардааст. Аз соли 2010 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекунад. Дар факултети физика вазифаҳои Раиси Шурои сарпарастон, муовини декан оид ба таълим фаъолият намудааст. Аз соли 2019 мудири кафедраи астрономияи факултети физикаи ДМТ-ро ба ӯҳда дорад. Дорои 1 китоби дарсӣ ва 4 маводи таълимӣ-методӣ буда, беш аз 100 мақола ва фишурдаи мақолаҳоро дар маҷаллаҳои гуногун аз чоп баровардааст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд аст. Аз соли 2015 аъзои ҳизби ҳалқӣ-демократии Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти илмӣ

Корҳои илмии Сафаров А.Ғ. ба омӯзиши табиати физикии кометаҳо ва тақсимоти моддаҳои метеороидӣ дар Низоми офтобӣ бахшида шудааст. Натиҷаҳои гирифтаи ӯ оид ба думи аномалии 80 комета таснифбандӣ шуда, дар асоси онҳо қонуниятҳо ва шароитҳои физикии ташаккули думи аномалӣ дар кометаҳо омӯхта шудааст ва механизмҳои эҳтимолии пайдоиши ин ҳодиса пешниҳод шудаанд. Ҳадафи асоси дар муайян намудани суръати ихроҷи чангҳо аз ҳастаи кометаҳо, таҳқиқи қонуниятҳои ташаккули думи аномалии кометаҳо, омӯзиши алоқамандии ташаккули думи аномалӣ бо дигар шаклҳои фаъолнокии ҳастаи кометаҳо, инчунин бо селҳои метеороидӣ мебошад. Таҳқиқи ихроҷи чангҳои думи аномалӣ дорои арзиши бунёдӣ дар фаҳмиши табиат, сохтор ва таркиби ҳастаи комета ва арзиши амалӣ – ошкорнамоии шароити ташаккули селҳои метеороидӣ ва тақсимоти онҳо дар Низоми офтобӣ, алоқаи генетикии кометаҳоро бо дигар ҷирмҳои хурди Низоми офтобӣ ошкор гардад мебошад. Дар якҷоягӣ бо шогирдон ва ҳамкорони хориҷӣ омӯзиши равандҳои фаъолро дар ҳастаи кометаҳои кӯтоҳдаври оилаи Муштарӣ ва кометаҳои навъи кометаи 1Р/Ҳаллей аз навъҳои гуногуни хуруҷи офтобӣ омӯхта истодаанд. Муқаррар карда шудааст, ки дар аксар кометаҳои кӯтоҳдаври оилаи Муштари ва кометаҳои навъи кометаи 1Р/Ҳаллей равандҳои дар Офтоб гузаранда таъсири мусбӣ надорад. Муқаррар карда шуд, ки ҳастаи 57 кометаҳо бо беш аз 100 селҳои метеороидӣ бархӯрд намуда, 113 ҳолати таркиши дурахшониро ба амал овардааст. Таркиши ҳаста ба ташаккули думи аномалӣ, пайдоиши синхронаҳо ва синдинаҳо дар думи чангин, фаворраҳои газучангин, заволи ҳастаи кометаҳо ва дигар ҳодисаҳои калонҳаҷми дар кометаҳо гузаранда оварда расонид. Натиҷаҳои гирифташуда дар физикаи кометаҳо ва метеороидҳо дорои арзиши махсус буда, маълумотҳои заруриро барои тақсимоти селҳои метеороидӣ дар Низоми офтобӣ медиҳад.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ

Ошкор намудани мавҷудияти селҳои нави метеороидӣ, ки мадори Заминро намебуранд; муайян намудани суръати ихроҷи чангҳои андозаашон калон аз ҳастаи 70 кометаҳо; пешгӯи доир ба мавҷудияти селҳои нави метеороидӣ дар фазои кайҳонии назди сайёраҳои Зуҳро, Замин, Миррих ва Муштарӣ аз ҳисоби думи аномалии кометаҳо; тартиб додани каталог (зиҷ)-и думи аномалии кометаҳо; пешниҳод намудани механизмҳои ташаккули думи аномалии кометаҳо, таҳлили механизмҳои пайдоиши синхрона ва синдинамаи думи чангини кометаҳои интихобшуда; муайян намудани равандҳои фаъол дар ҳастаи кометаҳои кӯтоҳдаври оилаи Муштарӣ ва навъи кометаҳои навъи кометаи 1Р/Ҳаллей; муайян намудани зариби кореллятсияи дурахшонии кометаҳо (кометаҳои кӯтоҳдаври интихобшудаи оилаи Муштарӣ) аз навъҳои гуногуни хурӯҷи офтобӣ; ошкор намудани бархӯрди 57 ҳастаи кометаҳои фаъол бо 113 селҳои метеорӣ.

Мукофоту ҷоизаҳо

Бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ (соли 2008), Дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ (соли 2009), Ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (солҳои 2012, 2016, 2020), Раёсати Академияи илмҳои ҶТ (солҳои 2009, 2012), нишони сарисинагии аълочии маориф ва илми ҶТ (соли 2014) мукофотонида шудааст.

Номгӯи китобҳо, асарҳо ва дастурҳои таълимӣ

1. Маҷмӯи ҳалли масъалаҳо ва саволномаҳои тестӣ. (дар ҳаммуаллифии Бобоев Ш.С.) Душанбе, 2021, – 300 с.

2. Исследование условий образование аномального хвоста комет. Автореферат на соискание учёной степени канд. физ.-мат. наук. по спец. 01.03.04-планетные исследования. Душанбе, Эр-граф, 2019. – 28 с.

3. Таҳқиқоти шароити ташаккули думи аномалии кометаҳо. Автореферати диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номз. илм. физ. мат. аз рӯи ихт. 01.03.04-таҳқиқоти сайёраҳо. Душанбе, Эр-граф, 2019. – 28 с.

4. Исследование условий образование аномального хвоста комет. Кандидатская диссертация. Душанбе, Эр-граф, 2019. – 125 с.

5. Маҷмӯи корҳои лабораторӣ аз астрономия. – Душанбе, Ирфон, 2018, – 252 с.

6. Омӯзиши ситораҳои думдор: аз моделсозии лабораторӣ то таҳқиқи кайҳон. Абдурасул Раҳмонов. Мураттибон А.Ғ. Сафаров, Ш.А. Раҳмонов. Душанбе, КВД «Матбаа», 2018, – 280 с.

7. Истифодаи асбобҳои астрономӣ дар раванди таълим. (дар ҳаммуаллифии Раҳмонов А.А., Ибодинов Х.И., Буриев А.М.) Душанбе, 2017, 85 с.

8. Саволҳо ва масаълаҳои тести аз астрономия. (дар ҳаммуаллифии Раҳмонов А.А., Ибодинов Х.И., Буриев А.М.) Душанбе, 2015, 120 с.

Номгӯи мақолаҳои илмӣ дар 5 соли охир

1. Determination of the correlation coefficient of photometric parameters of selected short-periodic comets of the Jupiter family and Solar activity (Co-author Ayubov D.K.) // Advances in Astronomy and Space Physics. 2022. V. 12, P. 3-7.

2. Relation of brightness variations of short-period Comets 28P/Neujmin 1, 53P/Van Biesbroeck, 63P/Wild 1 with the activity of the Sun (Co-author Asoev H.G.) // Astronomical Journal of Azerbaijan. – 2022. Vol. 17, No 1, P. 12-17.

3. Столкновения ядер комет с метеорными потоками (в соавторстве с Гулиевым С.А.) // Вестник Таджикского национального университета, серия естественных наук. 2022. № 2. С. 174-184.

4. Определение коэффициента корреляции фотометрических параметров избранных комет семейства Юпитера с солнечной активностью (в соавторстве с Аюбовым Д.К.) // Вестник Таджикского национального университета, серия естественных наук. 2022. № 2. С. 185-195.

5. Истифодаи дастовардҳои астрономҳои тоҷик дар раванди таълим. Омӯзиши ситораҳои тағйирёбанда (дар ҳаммуалифии Раҳимов Б.) // Материалы международной научно-методической конференции на тему «Роль естественно-математических наук и методики их преподавания в процессе ускорения индустриализации страны», посвященной «Двадцатилетию изучения и развития естественно-математических и точных дисциплин в области наук и образования (2020-2040 гг.)», а также четвертая цель национальной стратегии-ускорение индустриализации страны. Душанбе. 2022. С. 143-146.

6. Истифодаи дурусти истилоҳоти астрономӣ дар илму маориф (дар ҳаммуалифии Раҳимов Б.) // Маводи конференсияи илмӣ-методии байналмилалӣ дар мавзӯи “Нақши илмҳои табиӣ-риёзӣ ва методикаи таълими онҳо дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар” бахшида ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)”, инчунин ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ – саноаткунонии босуръати кишвар. Душанбе. 2022. С. 29-32.

7. Движения пылевых частиц в атмосфере кометы C/2019 Y4 ATLAS (в соавторстве с Хикматуллоевым С.Дж.) // Сборник материалов Республиканской научно-практической конференции «Современные проблемы естествознания в науке и образовательном процессе», посвященная двадцатилетию изучения и развития естественных, точных и математических наук. 27 мая 2022 года. Душанбе. 2022. С. 112-115.

8. Ҳалли масъалаҳои эҷодӣ аз астрономия (дар ҳаммуалифии Раҳимов Б.) // Сборник материалов Республиканской научно-практической конференции «Современные проблемы естествознания в науке и образовательном процессе», посвященная двадцатилетию изучения и развития естественных, точных и математических наук. 27 мая 2022 года. Душанбе. 2022. С.122-124.

9. Определение эффективного ускорение пылевых частиц хвоста комет С/1962 С1 и С/1995 О1 (в соавторстве с Бобоевым Ш.С.) // Вестник Таджикского национального университета, серия естественных наук. 2021. № 4, С. 195-207.

10. Определение эффективного ускорения пылевых частиц в хвосте кометы С/2020 F3 (NEOWISE) (в соавторстве с Бобоевым Ш.С. и Хикматуллоевыв С.Дж) // «Актуальные проблемы точных наук и информационных технологий», сборник материалов Республиканской научно-практической конференции, посвященной 30-летию независимости Республики Таджикистан и 25-летию Российско-Таджикского (Славянского) университета 28 мая 2021 года. Душанбе, 2021, С. 172-181.

11. Исследования пылевого хвоста кометы С/1995 О1 (в соавторстве с Бобоевым Ш.С.) // Материалы республиканской научно-практической конференции на тему «Вопросы повышения качество образования в средних и высших учебных заведениях Республики Таджикистан». Душанбе, ТНУ, 5 мая 2021 г. С. 98-105

12. Исследования условий образования пылевого и аномального хвостов кометы С/1961 С1 Секи-Лайнс (в соавторстве с Бобоевым Ш.С. и Зухуровым М.Х.) // Материалы республиканской научно-практической конференции на тему «Вопросы повышения качество образования в средних и высших учебных заведениях Республики Таджикистан». Душанбе, ТНУ, 5 мая 2021 г. С. 98-105

13. Эволюция фотометрических параметров короткопериодических комет 2Р/Энке ва 7Р/Понса-Виннеке и солнечная активность (в соавторстве с Аюбовым Д.К.) // Вестник Таджикского национального университета, серия естественных наук. 2020, № 2, С. 149-157.

14. The evolution of the photometric parameters of short periodic comet 2P/Encke and Solar activity (Co-author Ayubov D.K.) // Astronomical Journal of Azerbaijan. 2020. Vol. 15. No 2. P. 172-174.

15. Истилоҳои астрономӣ: бартарият ва норасоӣ. // Материалы Республиканской научно-практической конференции, посвященной «Двадцатилетию изучения и развития естественных, точных и математических наук в сфере науки и образования» на тему «Современные проблемы физики конденсированное состояние и ядерная физика» Душанбе, 19 февраля 2020 года. Душанбе. 2020. С. 357-360.

16. Определение эффективное ускорение пылевых частиц пылевого хвоста короткопериодической кометы 21Р/Джакобини-Циннер. (в соавторстве с Бобоевым Ш.С. и Зухуровым М.Х.) // Вестник ТНУ, серия естественных наук. 2019. №3, С. 122-126.

17. Истифодаи телескопии 16 MEADE LX200-ACF дар раванди таълим. (дар ҳаммуал. бо Бобоев Ш.С.) // Материалы республиканская научно-практическая конференция на тему «Математическое и компьютерное моделирование физических процессов», 25 октября 2019 г. Душанбе. 2019. С. 183-189.

18. Conditions for the formation of anomalous tail of comet. (Coauthor Kh.I. Ibadinov) // Open Astronomy, 2019. V. 28, P.131-144.

19. Механизмы образования аномального хвоста комет. (в соавторстве с Ибадиновым Х.И.) // Вестник Таджикского национального университета, серия естественных наук. 2019. №2/3 С. 149-154.

20. Эволюция фотометрических параметров кометы 7Р/Понса-Виннеке и солнечная активность. (в соавторстве с Аюбовым Д.К.) // Материалы республиканская научно-практическая конференция на тему «Математическое и компьютерное моделирование физических процессов», 25 октября 2019 г. Душанбе. 2019. С. 178-183.

21. Определение эффективного ускорения пылевых частиц синхроны хвоста кометы С/2006 Р1. (в соавторстве с Ибадиновым Х.И., Бобоевым Ш.С. и Аюбовым Д.К.) // Известия главной астрономической обсерватории в Пулкове, Санкт Петербург, 2018, №225, С. 213-216.

22. Определение эффективного ускорение пылевых частиц синхроны хвоста кометы С/2006 Р1. (в соавторстве с Ибадиновым Х.И., Бобоевым Ш.С. и Аюбовым Д.К.) // Материалы международной конференции «Актуальные проблемы современной физики» посвященной 80-летию памяти Заслуженного деятеля науки и техники Таджикистана, доктора физико-математических наук, профессора Нарзиева Бозора Нарзиевича. 18 апреля 2018 г. Душанбе. 2018. С. 231-233.

23. Образования аномального хвоста с делением ядер комет. (в соавторстве с Ибадиновым Х.И., Бобоевым Ш.С. и Аюбовым Д.К.) // Материалы международной конференции «Актуальные проблемы современной физики» посвященной 80-летию памяти Заслуженного деятеля науки и техники Таджикистана, доктора физико-математических наук, профессора Нарзиева Бозора 18 апреля 2018 г. Душанбе. 2018. С.

24. Таҳаввули ҳастаи кометаҳо дар асоси натиҷаҳои моделсозӣ, лабораторӣ ва тадқиқоти кайҳонӣ. (дар ҳаммуал. бо Раҳмонов А.А. ва Ибодинов Х.И.) // Паёми ДМТ, бахши илмҳои табиӣ, 2017, №1/3, с.

25. Условия образования аномального хвоста комет. // Экологический вестник ЧЭС, 2017, №4, вып. 2, С. 124-134.

26. Связь метеороидных ройев с образованием аномального хвоста комет. (в соавторстве с Ибадиновым Х.И.) // Вестник ТНУ, серия естественных наук, Душанбе, № 1/2, 2017, С. 111-115.

Шоимов Убайдулло Мирзоевич

Дотсенти кафедраи астрономия

(+992) 919894969

ш. Душанбе, х. Рудакӣ 17

Шоимов Убайдулло Мирзоевич 20-уми феврали соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1983 мактаби миёнаи №64 ноҳияи Синоро хатм намуда, ба Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Точикистон ба номи С.Айнӣ дохил шудааст. Солҳои 1984-1986 дар сафи қушунҳои Армияи Шуравӣ адои хизмат намудааст. Донишгоҳро соли 1991 аз рӯи ихтисоси физик-астроном бо муваффақият хатм намуд. Баъди хатми донишгоҳ бо роҳхати Вазорати Маорифи ҶТ дар кафедраи физикаи эксперименталӣ бакор мононда шуд. Солҳои 1994-1997 аспирант, солҳои 1997-2004 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калони кафедра, муовини декани факултет оид ба тарбия, мудири кафедраи физикаи эксперименталии ДДОТ ба номи С.Айнӣ кору фаъолият намудааст. Аз соли 2004 инҷониб дар ДМТ фаъолияти меҳнатиашро давом дода истодааст. Солҳои 2017-2019 мудири кафедраи астрономияро ба ӯҳда дошт. Ҳоло дотсенти кафедраи астрономия мебошад. Аъзои ҳизби ҳалқӣ-демократии Тоҷикистон, оиладор, соҳиби се фарзанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ

Тадқиқоти муффасали таъсири муҳити моеъ ба сохтор ва хосиятҳои физикии системаҳои магнитокомпозитсионӣ ва лакуранги эпоксид гузаронида шудааст; нишон дода шудааст, ки ба характеристикаи механикии композитсияҳои лакуранг таъсири табиати сахткунандаҳо ва фоизнокии таркиби онҳо, инчунин характери таъсири мутақобилаи қатрон бо сахткунанда; муқаррар карда шудааст, ки устувории системаҳои таҳқиқшуда ба таъсири муҳити моеъ ба таври назаррас аз табиати муҳит ва таркиби ҷузъҳо дар композитсия вобаста аст; технологияи коркарди ҳосил намудани хокаи магнитноки Ba Fe12 O10 бо тақсимкунандаи ғайриякҷинсагии доимии майдони магнитӣ дар сатҳ; муқаррар карда шудааст, ки тағйирёбии таносубӣ ҷузъҳо дар магнетики полимерӣ ба тағйирёбии характеристикаи механикӣ ва магнитии ӯ оварда мерасонад; муқаррар карда шудааст, ки қонунияти ташаккули сохтор дар ҳолати сахтшавии композитсияҳои полимерӣ бо пуркунандаи магнитӣ дар майдони магнитии ғайякҷисаи доимӣ; нишон дода шудааст, ки дар шароити таъсири муҳити моеъ зиёдшавии таркиби хокаи магнитнокшуда бо афзоишавии консентратсияи хурду бузург дар композитсяиҳо ҳамроҳи карда мешавад, ки боиси паст шудани хосияти механикӣ ва бад шудани хусусиятҳои гармоӣ мегардад; коркард ва мутобиқ карда шудани вариантҳои ҳамвор ва силиндрии ташкилдиҳандаҳои магнитӣ бо майдонҳои магнитии локализатсияшуда аз паҳлӯҳои беруна ва дарунии сатҳи композитсияҳои полимерӣ

Мукофоту ҷоизаҳо

Бо ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 2009), бо дипломи Маркази миллии патенту иттилоот барои “Ихтирокори беҳтарини Тоҷикистон дар солҳои 2007-2008” мукофотонида шудааст.

Номгӯи дастурҳои таълимӣ ва патентҳо

1. Физический практикум по механике. Бобоев Т., Шарифзода Х.Б., Акдодов Д.М., Шоимов У.М. Душанбе, 2020, – 96 с.

2. Маҷмӯи супоришҳои тестӣ аз физикаи умумӣ. Мураттибон: Шарифзода Ҳ.Б., Шоимов У.М., Гулов Б., Шоистаи Н., Иматшоева Н. Душанбе, 2019, – 108 с.

3. Патент № TJ 379. Магнитокомпазитный материал. Д. Рашидов, А.И. Богданов, У. Шоимов, Ш. Туйчиев. 28.10.2003.

4. Патент № TJ 443. Плоский магнитный формирователь. Д. Рашидов, У. Шоимов, Ш. Туйчиев. 30.04.2007

5. Патент № TJ 444. Цилиндрический магнитный формирователь с внутренним полем. Д. Рашидов, У. Шоимов, Ш. Туйчиев. 30.04.2007

6. Патент № TJ 442. Цилиндрический магнитный формирователь с внешним полем. Д. Рашидов, У. Шоимов, Ш. Туйчиев. 30.04.2007

7. Патент № TJ 446. Магнитный фильтр. Д.Рашидов, У. Шоимов, Ш. Туйчиев. 31.05.2007.

8. Патент № TJ 149. Маводи рӯшноитобовар. Шоимов У.М., Рашидов Ҷ., Табаров С., Туйчиев Ш., Гизбург Б.М. 07.05.2008.

9. Патент № TJ 448. Тарзи баланд бардоштани самаранокии ишқордиҳӣ ва шустагарии молҳои бофандагӣ. Рашидов Ҷ., Туйчиев Ш. Шоимов У. 12.07.2007.

10. Патент № TJ 152. Маводи композитсионӣ (вариантҳо). Шоимов У., Рашидов Ҷ., Табаров С., Туйчиев Ш., Гизбург Б.М., Осава Е. 07.05.2008.

11. Патент № TJ 148. Композитсияи полимерҳо (вариантҳо). Рашидов Ҷ., Туйчиев Ш., Гизбург Б.М., Осава Е., Саломов Ҷ., Шоимов У. 07.05.2008.

Номгӯи мақолаҳои илмӣ (2016-2022)

1. Изменение надмолекулярной морфологии эластомеров при внешних воздействиях. Рашидов Д., Туйчиев Ш., Туйчиев Л., Шоимов У., Акназарова Ш. // Известия АН РТ, 2016, №2 (163), С. 47-56.

2. Влияние внешних воздействий на изменение надмолекулярной морфолгии эластомеров. Рашидов Д., Туйчиев Ш., Туйчиев Л., Шоимов У., Акназарова Ш. // Известия АН РТ, 2016, №3 (164), С.52-61.

3. Надмолекулярные перестройки в эастомерах при внешних воздействиях. Рашидов Д., Туйчиев Ш., Туйчиев Л., Шоимов У., Акназарова Ш. // Известия АН РТ, 2016, №4 (165), С. 50-57.

4. Исследование кинетики сольвато-хронного явления в фуллеренсодержащих полимерах. // Материалы республиканского научного-теоретического конференции професорского-преподавательского состава и сотрудников ТНУ посвященной 25-летию Государственной независимости Республики Таджикистан, Душанбе, 2016, С. 514.

5. Влияние внешних воздействий на надмолекулярную структуру эластомеров. Рашидов Д., Туйчиев Ш., Туйчиев Л., Шоимов У., Акназарова Ш. // Известия АН РТ, 2017, №1(166), С. 71-78.

6. Эффекты самоупорядочения и ориентации в фуллеренсодер-жащих полимерах. Туйчиев Ш., Рашидов Д., Шоимов У., Туйчиев Л., Акназарова Ш. // Вестник ТНУ, 2016.-№1/3(200). С. 98-101.

7. Влияние УФ-и гамма излучения на стойкость фуллеренсодержащего полиэтилена. Рашидов Д., Туйчиев Ш., Шоимов У., Табаров С., Туйчиев Л., Мухамад Фараг А.Т., Акназарова Ш., Дустов А. // Материалы республиканской научно-теоретической конференции профессорско-преподавательского состава и сотрудников ТНУ, посвященной «20-ой годовщине Дня национального единства и году молодёжи». Душанбе, 2017. С. 590-591.

8. Влияние УФ-и гамма излучения на стойкость фуллеренсодержащего полиметилметакрилата и полистирола. Рашидов Д., Туйчиев Ш., Шоимов У., Табаров С., Туйчиев Л., Мухамад Фараг А.Т., Содиков Ф., Акназарова Ш., Дустов А. // Материалы республиканской научно-теоретической конференции профессорско-преподавательского состава и сотрудников ТНУ, посвященной «20-ой годовщине Дня национального единства и году молодёжи». Душанбе, 2017. С. 591-592.

9. Структура и свойства фуллеренсодержащего блок-сополимера метилметакрилата со стиролом. Рашидов Д., Туйчиев Ш., Шоимов У., Табаров С., Туйчиев Л., Мухамад Фараг А.Т., Содиков Ф. // Материалы республиканской научно-теоретической конференции профессорско-преподавательского состава и сотрудников ТНУ, посвященной «20-ой годовщине Дня национального единства и году молодёжи». Душанбе, 2017. С. 592-593.

10. Влияние фуллерена С60 на структуру и свойства полиэтилена и полиметилметакрилата. Рашидов Д., Туйчиев Ш., Шоимов У., Табаров С., Туйчиев Л., Мухамад Фараг А.Т., Содиков Ф., Акназарова Ш. // Материалы республиканской научно-теоретической конференции профессорско-преподавательского состава и сотрудников ТНУ, посвященной «20-ой годовщине Дня национального единства и году молодёжи». Душанбе, 2017. С. 593-594.

11. Исследование влияния УФ-и гамма-излучения на структуру и физические свойства фуллерен-содержащих кристиаллизующихся полимеров. Рашидов Д., Туйчиев Ш., Табаров С., Туйчиев Л., Акназарова Ш., Шоимов У. // Материалы республиканской научно-практической конференции «Современные проблемы развития естественных и математических наук в Республике Таджикистан», Душанбе, ТГПУ им. С.Айни, 2017, С. 9

12. Исследование влияния УФ-и гамма-излучения на структуру и физические свойства фуллерен-содержащих аморфных полимеров. Рашидов Д., Туйчиев Ш., Табаров С., Туйчиев Л., Акназарова Ш., Содиков Ф., Шоимов У. // Материалы республиканской научно-практической конференции «Современные проблемы развития естественных и математических наук в Республике Таджикистан», Душанбе, ТГПУ им. С.Айни, 2017. С. 10.

13. Влияние фуллерена С60 и С70 на структуру механические и тепловые свойства ПММА, ПС и блок-сополимера СМС. Рашидов Дж, Туйчиев Л, Табаров С.Х., Туйчиев Ш., Шоимов У.М., Акназаровам Ш. // Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ, бахшида ба 10-солаи байналмилалии амал « Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ», «140-солагии зодрӯзи қаҳрамони Тоҷикистон С.Айнӣ» ва 70-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикситон, Душанбе, 2018, С. 56.

14. Влияние фуллерена С60 на структуру аморфных полимеров. Махмудов И., Акназарова Ш., Туйчиев Ш., Дустов А., Шоимов У. // Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ, бахшида ба 10-солаи байналмилалии амал « Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ», «140-солагии зодрӯзи қаҳрамони Тоҷикистон С.Айнӣ» ва 70-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикситон, Душанбе, 2018, С. 61-62.

15. Проявление мультиплетности на термограммах кристализующихся полимеров. Рашидов Дж, Шоимов У., Шоистаи Н. // Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ, бахшида ба «соли рушти деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021» ва «400-солагии Миробид Саийдои Насафӣ», Душанбе, 2019, С. 65.

16. Структурный полиморфизм фуллеритов. Туйчиев Ш., Рашидов Дж., Акназарова Ш., Туйчиев Л., Шоимов У. // Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ, бахшида ба «соли рушти деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021» ва «400-солагии Миробид Саийдои Насафӣ», Душанбе, 2019, С. 362.

Бобоев Шафоат Саъдуллоевич

Ассистенти кафедраи астрономия

boboev120389@mail.ru

(+992) 935531500

ш. Душанбе, х. Рудакӣ 17

Бобоев Шафоат Саъдуллоевич 12-марти соли 1989 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, соли 2007 мактаби миёнаи умумии №25 ноҳияро бо баҳои аъло хатм карда, солҳои 2007-2012 дар кафедраи астрономияи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Аз соли 2012-2013 дар кафедраи астрономия ба ҳайси лаборанти калон фаъолиятро оғоз намуда, аз соли 2013-2015 дар вазифаи мудири лабораторияи таълимӣ ва аз соли 2015 то имрӯз дар вазифаи ассистенти кафедра фаъолият намудааст. Солҳои 2015-2018 аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи Усулҳои таълими физика буда, солҳои 2019 то 2022 дар Институти астрофизикаи АМИТ ҳамчун ходими хурди илмии Шуъбаи физикаи кометаҳо ва астероидҳо фаъолият кардааст. Аз соли 2012 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекунад. Дар факултети физика аз соли 2015-2021 дар вазифаи Раиси варзиши Бюрои Иттифоқи касаба фаъолият намуда, роҳбарии маҳфили «Астрономҳои ҷавон»-ро ба ӯҳда дорад. Дорои 1 маводи таълимӣ-методӣ буда, беш аз 10 мақола ва фишурдаи мақолаҳоро дар маҷаллаҳои гуногун аз чоп баровардааст. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд аст. Аз соли 2015 аъзои ҳизби ҳалқӣ-демократии Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти илмӣ

Корҳои илмии Бобоев Ш.С. ба омӯзиши табиати физикии кометаҳо бахшида шуда, ҳадафи асосии он муайян намудани суръати ихроҷи чангҳо аз ҳастаи кометаҳо, таҳқиқи қонуниятҳои ташаккули синхрона ва синдинама дар думи чангини кометаҳо, омӯзиши алоқамандии ташаккули синхронаҳо бо дигар шаклҳои фаъолнокии ҳастаи кометаҳо мебошад.

Номгӯи китобҳо ва дастурҳои таълимӣ

Маҷмӯи ҳалли масъалаҳо ва саволномаҳои тестӣ аз астрономия. (дар ҳаммуаллифии Сафаров А.Ғ. Душанбе, 2021, – 300 с.

Номгӯи мақолаҳои илмӣ дар 5 соли охир

1. Определение эффективного ускорение пылевых частиц хвоста комет С/1962 С1 и С/1995 О1 (в соавторстве с Сафаровым А.Г.) // Вестник Таджикского национального университета, серия естественных наук. 2021. № 4, С. 195-207.

2. Определение эффективного ускорения пылевых частиц в хвосте кометы С/2020 F3 (NEOWISE) (в соавторстве с Сафаровым А.Г. и Хикматуллоевыв С.Дж) // «Актуальные проблемы точных наук и информационных технологий», сборник материалов Республиканской научно-практической конференции, посвященной 30-летию независимости Республики Таджикистан и 25-летию Российско-Таджикского (Славянского) университета 28 мая 2021 года. Душанбе, 2021, С. 172-181.

3. Исследования пылевого хвоста кометы С/1995 О1 (в соавторстве с Сафаровым А.Г.) // Материалы республиканской научно-практической конференции на тему «Вопросы повышения качество образования в средних и высших учебных заведениях Республики Таджикистан». Душанбе, ТНУ, 5 мая 2021 г. С. 98-105

4. Исследования условий образования пылевого и аномального хвостов кометы С/1961 С1 Секи-Лайнс (в соавторстве с Сафаровым А.Г. и Зухуровым М.Х.) // Материалы республиканской научно-практической конференции на тему «Вопросы повышения качество образования в средних и высших учебных заведениях Республики Таджикистан». Душанбе, ТНУ, 5 мая 2021 г. С. 98-105

5. Определение эффективное ускорение пылевых частиц пылевого хвоста короткопериодической кометы 21Р/Джакобини-Циннер. (в соавторстве с Сафаровым А.Г. и Зухуровым М.Х.) // Вестник ТНУ, серия естественных наук. 2019. №3, С. 122-126.

6. Истифодаи телескопии 16 MEADE LX200-ACF дар раванди таълим. (дар ҳаммуал. бо Сафаровым А.Ғ.) // Материалы республиканская научно-практическая конференция на тему «Математическое и компьютерное моделирование физических процессов», 25 октября 2019 г. Душанбе. 2019. С. 183-189.

7. Определение эффективного ускорения пылевых частиц синхроны хвоста кометы С/2006 Р1. (в соавторстве с Ибадиновым Х.И., Сафаровым А.Г. и Аюбовым Д.К.) // Известия главной астрономической обсерватории в Пулкове, Санкт Петербург, 2018, №225, С. 213-216.

8. Аномальный хвост комет С/2004 Q2 (в соавторстве с Сафаровым А.Г. и Аюбовым Д.К.) // Материалы второго республиканской научно-теоретической конференции, посвященной 25-летию государственной независимости РТ, 17-18 мая 2016 г. Душанбе. 2016. С. 248-249.

9. Фаъолнокии ядрои комета С/2004 Q2 (дар ҳаммуал. бо Сафаров А.Ғ., Аюбов Д.Қ.) // Материалы международной научной конференции «Роль молодых ученых в развитии науки, инновации и технологии, посвящено 25-летию Государственной независимости Республики Таджикистан 19-20 май. 2016.

10. Определение эффективного ускорение пылевых частиц синхроны хвоста кометы С/2006 Р1. (в соавторстве с Ибадиновым Х.И., Сафаровым А.Г. и Аюбовым Д.К.) // Материалы международной конференции «Актуальные проблемы современной физики» посвященной 80-летию памяти Заслуженного деятеля науки и техники Таджикистана, доктора физико-математических наук, профессора Нарзиева Бозора Нарзиевича. 18 апреля 2018 г. Душанбе. 2018. С. 231-233.

11. Ташкили гузаронидани корҳои мустақилона барои таҳлили дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон дар раванди таълими физика (дар ҳаммуал. Шукурзод.Т.А., Лутфиллоев Н.А.) // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба «20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ» ва «Соли ҷавоно». Душанбе. 2017, с, 62.

12. Образования аномального хвоста с делением ядер комет. (в соавторстве с Сафаровым А.Г. и Аюбовым Д.К.) // Материалы международной конференции «Актуальные проблемы современной физики» посвященной 80-летию памяти Заслуженного деятеля науки и техники Таджикистана, доктора физико-математических наук, профессора Нарзиева Бозора 18 апреля 2018 г. Душанбе. 2018. С.

Лутфуллоев Наҷибулло Аюбович

Ассистенти кафедраи астрономия

najib.0905@mail.ru

(+992) 909441717

ш. Душанбе, х. Рудакӣ 17

Лутфуллоев Наҷибулло Аюбович 9 майи соли 1990 дар деҳаи Оби Шифо, ноҳияи Рӯдакӣ дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро соли 1997 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳия оғоз намуда соли 2008 муассисаи номбурдаро бо баҳои хубу аъло хатм намуд. Соли 2008 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети физика ихтисоси астрономия дохил шуд, онро соли 2013 бо муваффақият хатм намуд. Баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси лаборанти калон, мудири лабораторияи таълимӣ ва ассистенти кафедраи астрономия фаъолият намуд. Аз соли 2019 то ин ҷониб дар вазифаи мушовири академӣ (эдвайзер)-и факултети физика фаъолият карда истодааст. Аъзои Шурои олимони факултет ва аъзои ҳизби халқи-демократии Тоҷикистон мебошам, оиладор, соҳиби ду фарзанд ҳаст.

Зуҳуров Маҳмадёр Ҳайдарович

Мудири лабораторияи таълимӣ

(+992) 988703355

ш. Душанбе, х. Рудакӣ 17

Зуҳуров Маҳмадёр Ҳайдарович 7-апрели соли 1990 дар ноҳияи Хуросон таваллуд шуда, соли 2008 мактаби миёнаи умумии № 8 ноҳияро бо баҳои аъло хатм карда, солҳои 2010-2015 дар кафедраи астрономияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Аз соли 2015-2019 дар кафедраи астрономия ба ҳайси лаборанти калон фаъолиятро оғоз намуда, аз соли 2019-2022 дар вазифаи мудири лабораторияи таълимӣ ва аз соли 2022 инҷониб дар вазифаи ассистенти кафедра фаъолият дорад. Солҳои 2020-2021 магистранти кафедраи астрономия буда, солҳои 2021 то 2022 дар Институти астрофизикаи АМИТ ҳамчун ходими хурди илмии Шуъбаи физикаи кометаҳо ва астероидҳо фаъолият кардааст. Аз соли 2015 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекунад. Беш аз 8 мақола ва фишурдаи мақолаҳоро дар маҷаллаҳои гуногун аз чоп баровардааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст. Аз соли 2016 аъзои ҳизби ҳалқӣ-демократии Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти илмӣ

Корҳои илмии Зуҳуров М.Ҳ. ба омӯзиши «Таҳқиқи синхронаҳои кӯтоҳи думи чангини кометаҳои С/1962 С1 (Секи ­ Лайнс) ва С/2006 Р1 ( Макнаут)” бахшида шудааст.

Номгӯи мақолаҳои илмӣ дар 5 соли охир

1. Исследования условий образования пылевого и аномального хвостов кометы С/1961 С1 Секи-Лайнс (в соавторстве с Сафаровым А.Г. и Бобоевым Ш.С.) // Материалы республиканской научно-практической конференции на тему «Вопросы повышения качество образования в средних и высших учебных заведениях Республики Таджикистан». Душанбе, ТНУ, 5 мая 2021 г. С. 98-105

2. Исследование пылевого хвоста кометы С/2011 L4 PanSTARRS, Материалы Республиканской научно-теоретической конференции профессорского-преподавтельского состава и сотрудников ТНУ, посвященной “Годам развития села, туризма и народных ремёсел (2019-2021 гг.)” и “400-летию Миробида Сайидо Насафи” (20-27 апреля 2019 года). Душанбе. 2019. Т.1. С. 69(в соавторстве с Сафаровым А.Г. и Бобоевым Ш.С.

3. Определение эффективное ускорение пылевых частиц пылевого хвоста короткопериодической кометы 21Р/Джакобини-Циннер. (в соавторстве с Сафаровым А.Г. и Бобоевым Ш.С.) // Вестник ТНУ, серия естественных наук. 2019. №3, С. 122-126.

4. Муайян намудани шитоби босамари чнгчаҳои думи кометаи С/1962 С1 // Материалы Республиканской научно-теоретической конференции профессорского-преподавтельского состава и сотрудников ТНУ, посвященной “5500- летию древного Саразма», «700- летия выдающегося таджикского поэта Камола Худжанди» и «20- летию изучения и развития естественных, точных и матиматических наук в север науки и образавания (2020-2040 годы).

5. Таҳқиқи думи чангини кометаи С/2011L4 (PANSTRRS) Материалы Республиканской научно-теоретической конференции профессорского-преподавтельского состава и сотрудников ТНУ, посвященной “Годам развития села, туризма и народных ремесёл (2019-2021гг.)”- и “400-летию Миробида Сайидо Насафи” (20-27 апреля 2019 года) (в соавторстве с Сафаровым А.Г. и Бобоевым Ш.С.)

6. Таҳқиқи Синхронаҳои думи кометаи С/1962 С1 Материалы Республиканской научно-теоретической конференции профессорского-преподавтельского состава и сотрудников ТНУ, посвященной «700- летия выдающегося таджикского поэта Камола Худжанди» и «20- летию изучения и развития естественных, точных и матиматических наук в север науки и образавания (2020-2040 годы)» (в соавторстве с Сафаровым А.Г. и Бобоевым Ш.С.).