Пешравии соҳаи илму маориф дар замони Истиқлол

312

Таърих гувоҳи он аст, ки миллати тамаддунофари тоҷик аз қадимулайём ҳамчун миллати сулҳдӯст ва маорифпарвар баҳри рушду такомули ҷомеаи башарӣ саҳми арзандаи хешро гузоштааст. Сарзамини тоҷикон яке аз гаҳвораҳои тамаддуни инсонӣ шинохта шуда, дар он шумораи зиёди олимону файласуфон, мутафаккирон ва равшанфикрон ба камол расидаанд. Хушбахтона, насли ҷавони ин миллат бо дарки масъулияти баланд дар назди ниёгони фарҳангдӯстдори худ, роҳи онҳоро пеша карда, барои инкишофи илму маорифи ватанӣ корҳои шоистаро анҷом дода истодаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар солҳои ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон фаолияти муассисаҳои илмӣ, донишкадаву донишгоҳҳо ва мактабҳо рукуд намуда қисми зиёди онҳо харобу валангор гаштанд. Дар ин қатор шумораи зиёди мутахассисони соҳибтаҷриба кишварро тарк карданд ва раванди мазкур боиси боз ҳам паст рафтани сатҳи саводнокии ҷомеа гашт. Бояд тазаккур дод, ки баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар ин барқарорсозӣ ва тараққиёти минбаъдаи илму маориф қарор гирифт. Дар ин замина ҷонфидоиҳо ва хизматҳои Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмонро қайд кардан хеле бамаврид аст. Чунки маҳз бо ташаббуси он кас соҳаи маориф ба соҳаи муҳиму ояндасоз мубаддал гашт. Дар ҳама суханрониҳояшон Пешвои миллат зикр мекунанд: “Ман дар сиёсати хеш соҳаи маорифро дар ҷои аввал мегузорам”. Далели гуфтаҳои болоро бо факту рақамҳои бешумор тақвият додан мумкин аст. Мо ин ҷо танҳо бо овардани чанде арқоми муҳим кифоя менамоем.

• Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”

• Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”

• Таъсис додани донишкадаву донишгоҳҳои ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯ

• Кушода шудани филиалҳои донишгоҳҳои бонуфӯзи кишварҳои хориҷӣ

• Бунёд ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таҳсилоти миёна, литсей ва гимназияҳо

• Ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмии хориҷӣ ва табодули ҳайати кадрӣ баҳри баланд бардоштани савияи кордонии онҳо Дар замони Истиқлолияти давлатӣ соҳаи илм ва маориф аз тарафи Ҳукумати мамлакат дастгирии бештар ёфта, маблағгузорӣ дар ин самт сол аз сол афзуда истодааст. Ҷиҳати рушди соҳаҳои илм ва маорифи ҷумҳурӣ дар ин давра аз ҳисоби буҷаи давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ ҷудо гардид. Дар тули 31 соли истиқлолият беш аз 3250 муассисаи нави таълимӣ барои як миллиону чорсад ҳазор хонанда сохта ба истифода дода шуд. Дар ин муддат дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат бунёд гардида мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар муассисаҳои мазкур 150 ҳазор нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони соҳибистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд мунтазам афзуда истодааст ва дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст. Олимон ва муҳаққиқони тоҷик дар тули соҳибистиқлолӣ фаъолияти пурсамар намуда натиҷаҳои корҳои тадқиқотии худро дар конфронсу симпозиумҳо ва маҷаллаҳои бонуфузи дохиливу хориҷӣ ба табъ расонида истодаанд. Истиқлолият боис гардид, ки муҳаққиқони тоҷик илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд ва номбардори гузаштагони пурифтихори худ аз қабили Сино, Берунӣ, Ал Хоразмӣ, Розӣ, Хайём ва дигар фарзандони баору номуси ин миллати тамаддунофар гарданд.

PhD- докторанти кафедраи физикаи ҳаста Яров М.Т.