ҶАҲОНИШАВИИ НАВРӮЗ – ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ

18

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт, ки Ҳукумати кишвар ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хосса диҳад ва барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намояд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣтаљлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми калидӣ дорад.Ҷаҳонишавии ҷашни бостонии Наврӯзи оламафрӯз ва дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани он нишонаи аз тарафи халқҳои гуногуни ҷаҳон эътироф гардидани ҳақиқати ҳол мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маврид барҳақ фармудаанд: «Имрӯз Наврӯзи аҷдодии мо на танҳо дар кишварҳои ориёї, балки дар сарзаминҳое низ ҷашн гирифта мешавад, ки дар замони худ аз сарчашмаи пурбаракат ва ҷовидонаи фарҳанги мо баҳравар шудаанд. Мо ҳоло хушбахтем, ки тамоми мардуми Осиёи Миёна дар рӯзи ин ҷашни фархунда ҳамдигарро ба ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак!» табрик мекунанд. Ин нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст».Наврўз аз рўйи тақвими астрономии шамсӣ ибтидои Соли Нав мебошад. Ин рўзро ЮНЕСКО бо пешниҳоди Асосгузори сулҳў ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 сентябри соли 2009 ва баъдан 23 феврали соли 2010 дар 64-умин Сессияи генералии Ассамблеяи СММ ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қабул намуда, ҳамасола онро дар тамоми ҷаҳон 21 март ҷашн мегиранд.Воқеан, сухани тоза аз Наврӯз гуфтан басо душвор аст, вале вуруди фасли эҳёи муҳаббатҳо касро ба он водор менамояд, ки ҳарфе аз накҳати баҳориву сухане аз боди наврӯзӣ ба риштаи таҳрир кашад. Аксар ҷашнҳое, ки имрӯз эҳё гаштанд, ба мардуми мо рапт дошта ва пайдоиши онҳо ба ҷанбаъҳои астрономӣ пайвастагии ногусастанӣ дорад.Оид ба таърихи пайдоиш ва таҳлилгирии ҷашни Наврўз дар бозмондаҳои осори бостонӣ, рамзҳо, устураҳо ва навиштаҳои асотирӣ, сангнавиштаҳо, расадхонаҳои қадима ба амсоли Стоунхенҷ ва ё силсила расадхонаҳои офтобии Бадахшон аз китобҳои муаррихони юнониву бобулӣ, осори паҳлавии ба арабӣ тарҷумашуда ва ғайра ишораҳо хело зиёданд.Дар осори бузургони мо ба амсоли Абубакри Розӣ, Абурайҳон Берунӣ, Балхӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Истархӣ, Маҳмуди Қашқарӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав ва дигарон ба ҷашни қадима будани Наврӯз далолат медиҳанд.Доир ба таљлили Наврӯз дар “Наврӯзномаи”-и Умари Хайём ишорае мавҷуд аст, ки ин ҷашн аллакай аз Каюмарс сарчашма мегирад.Дар сарнигораҳои Тахти Ҷамшед тасвири шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ ва таҷлили ҷашни Наврӯз ба назар мерасад. Дар тамоми манобеи таърихию адабии бостонӣ ва дар аксари ривоятҳову устураҳо Ҷамшедро асосгузори Наврўз номидаанд. Ба ақидаи А. Берунӣ сабаби пайдоиш ва таҷлили ҷашни Наврӯз ба айёми Таҳмурас рост меояд.Тоҷикон Наврӯзро аз замонҳои қадим ҷашн мегирифтанд. Фарорасии Наврўз дар халқи мо ҳамчун баробаршавии шабу рўз (нуқтаи эътидоли баҳорӣ) ва қисмҳои дигари вақтро дар давоми шаборўз аз рўи мушоҳидаи такроршавии ҳодисаҳои табиат, гардиши ҷирмҳои осмонӣ ва рафтори (ҷойивазкунӣ паррандагон) ҷонварон муайян мекарданд.Аз ҳисоби он, ки минтақаи Тоҷикистони азиз аз талу теппа ва кӯҳҳо бой аст, пас оғози Наврӯз ва таҷлили он, яъне омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар асоси мушоҳидаҳои тӯлонии халқиятҳои муқимии ватанамон, қаблан оғоз меёфт. Фарорасии Наврўзро мардуми кӯҳистон аз рўи мушоҳидаи ҳаракати Офтоб, ҷойивазкунии нуқтаҳои тулӯъ ва ғуруби Офтоб, афтидани сояи қуллаҳо ва амсоли инҳо муайян менамуданд. Асосан гардиши Офтобро мардуми кӯҳистон аз рўи ҷойҳои нишонашуда дар қаторкӯҳҳо ва қуллаҳои онҳо, дарахтони кӯҳансол, сангҳо мушоҳида ва муайян мекарданд. Дар ноҳияҳои Ишкошим ва Айнӣ санге мавҷуд аст, ки онро “Офтоббин” ва қуллаи ду кӯҳе аст, ки Офтоб онҷо “Лона” мегузорад.Дар мардуми таҳҷоии кӯҳистон тақвимҳои гуногуни халқӣ ҷорӣ шуда буд, ки ба ҳазорсолаҳои то мелод рост меомад. Таҳқиқотҳои археологии олимони тоҷик муайян намуд, ки тақвими офтобии қадимаи мардуми Бадахшон таърихи беш аз 2500 сола дорад. Яке аз тақвимҳои хосси мардуми Бадахшон ҳисоби “Офтоб дар мард” мебошад. Аз ин лиҳоз, дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони азизамон то ба фаро расидани ҷашни Наврўз – омодагии мардум оғоз меёфт.Наврӯз аз назари илми астрономия рўзест, ки Офтоб дар яке аз ду нуқтаи буриши ҳамвориҳои экватори осмон ва эклиптика воқеъ гардида, аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад. Дар ин нуқтаҳо шаб ва рӯз бо ҳам баробаранд. Экватор кураи осмонро ба нимкураҳои шимолӣ ва ҷанубӣ таќсим менамояд. Ҳамвории экватор нисбат ба ҳамвории эклиптика дар таҳти кунҷи 23°5 бурида мешаванд.Офтоб ҳангоми ҳаракат аз чор нуқтаҳои муҳим мегузарад, ки онњоро нуқтаи эътидоли баҳорӣ (20-21 март), инқилоби тобистона (20-21 июн), эътидоли тирамоҳӣ (22-23 сентябр) ва инқилоби зимистона (21-22 декабр) меҳисобанд. Гарчанде Наврӯз 21 март ҷашн гирифта шавад ҳам, вобаста ба тақвими истифодашаванда расидани Офтоб ба нуқтаи эътидол аз 20 то 21 март ба вуқуъ меояд. Сабаби асосии мувофиқ наомадани як даври пурраи гардиши Замин дар атрофи Офтоб (сол) мебошад, соли тақвимӣ номувофиқии давомоти онҳоро нишон медиҳад.1. Инкилоби замистона (22 декабр) – нуқтаест, ки дар он Офтоб нисбат ба уфуқ(хамвории Замин, ки мо роҳ меравем) дар ҳадди пасттарини худ мерасад ва зимистон оғоз мешавад(нигаред расми 5).2. Эътидоли баҳорӣ (21 март) – нуқтаест, ки дар он Офтоб дар нуқтаи бурриши хатҳои экватор ва эклиптика қарор мегирад. Дар ин вақт, кунҷи байни ҳамвории экватори осмон ва эклиптика сифр дараҷаи кунҷиро ташкил дода, давомнокии шабу рӯз баробар мешавад. Ин ба фарорасии баҳор рост меояд, ки мо онро чун наврӯз ҷашн мегирем.3. Инқилоби тобистона (22 июн) – нуқтаест, ки дар он Офтоб нисбат ба уфуқ дар ҳадди баландтарини худ мерасад ва тобистон оғоз мешавад.4. Эътидоли тирамоҳӣ (23 сентябр) – нуқтаест, ки дар он Офтоб боз дар нуқтаи бурриши хатҳои экватор ва эклиптика қарор мегирад. Дар ин ҳолат, боз шабу рӯз баробар шуда, тирамоҳ оғоз мешавад.Ивазшавии фаслҳои сол дар сатҳи Замин бо як мароми хосса сурат мегирад, ки ин дар як вазъияти мувофиқ хобидани моилии тири чархзании Замин нисбат ба ҳамвории мадораш аст.Тири чархзании меҳвари Замин нисбат ба ҳамвории мадораш таҳти кунҷи тақрибан 66°5 – ро ташкил медиҳад, ки ҳамин моилӣ сабаби ивазшавии фаслҳои сол дар сатҳи Замин мешавад. Дар ин ҳолат, моилии экватори Замин нисбат ба ҳамвории мадораш 23°5 – ро ташкил медиҳад (Расми 1). Замин дар давоми як сол аз рӯи мадораш дар атрофи Офтоб як даври пурра мезанад.Азбаски, моҳаракати Заминро бевосита дар атрофи Офтоб пай намебарем, лекин ин ҳаракат ба ҳаракати зоҳирии солонаи Офтоб дар кураи осмон акс меёбад (расми 2). Ҳамвории доираи мадори Замин, ё ин ки доираи ҳаракати зоҳирии солонаи Офтобро эклиптика меноманд. Эклиптика аз калимаи лотинии ecliptica гирифта шуда, маънояш гирифт аст. Дар расми 2 ҳаракати зоҳирии солонаи Офтоб, ки бо хати зард ишора шудааст ва аз 4 нуқтаи муҳим ва асосӣ мегузарад, нишон дода шудааст.Дар расми 3 ҳолатҳоитағйирёбии баландии Офтоб дар осмон ба назари мушоҳид дар 4 фасли сол нишон дода шудааст. Дар зимистон (22 декабр) Офтоб дар болои уфуқ(ҳамвории Замин) роҳи кӯтоҳтарин ва дар зери уфуқ роҳи дарозтаринро тай мекунад, аз ин сабаб дар зимистон шабҳо дароз ва рӯзҳокӯтоҳ мешаванд. Дар баҳор ва тирамоҳ (21 март, 23 сентябр) бошад, расо нисфи роҳашро дар болои уфуқ ва нисфи роҳашро дар зери уфуқ тай мекунад, ин аст, ки вақтҳо давомнокии шаб ва рӯз баробар мешаванд. Дар фасли тобистон (22 июн) Офтоб дар болои уфуқ роҳи дарозтарин ва дар зери уфуқ роҳи кӯтоҳтаринро тай мекунад, аз ҳамин сабаб дар тобистон шабҳокӯтоҳ ва рӯзҳодароз мешаванд.Офтоб дар осмони ситоразор дар давоми сол пайиҳам аз 12 бурҷҳои зодиакии қад-қади эклиптика ҷой гирифта ҳаракат мекунад. Роҳи ҳаракати зоҳирии Офтобро дар байни ситораҳо эклиптика меноманд. Дар тақвими шамсии мардуми форсзабон оғози сол аз бурҷи Ҳамал оғоз шуда, минбаъд Офтоб аз бурҷҳои Савр, Ҷавзо, Саратон, Асад, Сунбула, Мизон, Ақраб, Қавс, Ҷадӣ, Далв ва Ҳут мегузарад. Офтоб ҳар як бурҷро ба ҳисоби миёна тули як моҳ тай мекунад.Замин дар атрофи Офтоб аз рўйи мадори эллипс (байзашакл) ҳаракат менамояд, ки сабаби номунтазамии ҳаракати он ё ҳаракати номунтазами Офтоб дар осмони ситоразор аст. Ин сабаби тағйирёбанда будани давомнокии шаборӯзи ҳақиқии офтобӣ мегардад. Замин ҳангоми ба Офтоб наздик будан ними роҳи солонаро дар 179 шаборӯз ва ними роҳи аз Офтоб дурро дар 186 шаборӯз тай менамояд. Масалан 23 декабр нисбат ба 16 сентябр 51 сония дарозтар аст.Дар давраҳои гуногун, тақвимҳо аз тарафи як қатор олимон зери таҷдиди назар қарор гирифтаанд. Чунки тақвимҳои халқиятҳои гуногун, дар асоси талаботи моддии онҳо ба миён омадааст ва давомнокии сол гуногун буд. Аз ин рӯ олимон барои муайян намудани нуқтаҳои эътидол, аз ҷумла баробаршавии шаборӯзӣ баҳори мушоҳидаҳои тӯлони гузаронидаанд.Ба сифати воҳиди ченаки вақт истифода бурдани шаборӯзи ҳақиқии офтобӣ ноқулай аст. Барои ҳисоби вақт ченаки тағйирнаёбанда – шаборӯзи миёнаи офтобӣ истифода мешавад, ки он ба фосилаи ду гузашти пайдарҳами офтоби миёна аз меридиан баробар аст.Дар давоми сол мавқеъи экватор чунон тағйир меёбад, ки Офтоб ба нуқтаи эътидоли баҳорӣба 20 дақиқаю 34 сония пештар, аз оне, ки Замин як даври гардиши пурраро иҷро мекунад. Дар натиҷа мавқеъи нуқтаҳои эътидол дар кураи осмонӣ тағйир меёбанд. Аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ сарҳисоби фарози мустақим қад-қади экватор ва тули офтобӣ қад-қади эклиптика оғоз меёбад. Муайян кардани мавқеъи аслии ин нуқта дар кураи осмон, яке аз масъалаҳои муҳими астрономияи амалӣ мебошад.Нуқтаҳои эътидоли баҳорӣ ва тирамоҳи рамзҳои хоси худро доранд, ки ба бурҷҳои зодиакӣ мувофиқат мекунад. Гарчанде имрӯзҳо, ин нуқтаҳо дар бурҷҳои Ҳут ва Сунбула хобанд, ҳам рамзҳои онҳо дар давраи Ҳиппарх қарни 2 то мелод муайян карда шуда буд. Чунки дар он вақт нуқтаҳои эътидол бар бурҷҳои Ҳамал ва Мизон рост меомад. Сабаби асосӣ саҳеҳ набудани таҷвими мисрӣ буд, аз ин лиҳоз хатоги бениҳоят калон буд.Нуқтаҳои эътидоли баҳорӣ ва тирамоҳӣ оғози якхелаи фаслҳои сол дар астрономия ба ҳисоб мераванд. Фосилаи байни ду эътидоли ягонаро соли тропикӣ меноманд, ки ҳамчун ченаки вақт қабул шудааст. Соли тропикӣ тақрибан ба 365,2422 шаборўз баробар аст, аз ин рў нуқтаи эътидоли баҳорӣ дар вақтҳои гуногун рост меояд ва дар давоми як соли тақвимӣ тақрибан 6 соат ба пеш меғеҷад. Соли юлианӣ бошад ба 365,25 шаборўз баробар аст. Бо илова кардани соли кабиса (илова шудани рӯзи алоҳида дар охири моҳи феврал, ҳар соли чорум) нуқтаи эътидоли баҳорӣ мавқеъи пешинаашро соҳиб мешавад. Ин тақвим ҳам хатогии ҷиддӣ дорад, чунки соли 1582 бо амри Грегорий ислоҳот ворид карда шуд. Дар байни тақвиҳои мавҷуда, тақвими таҳиянамудаи У. Хайём нисбатан саҳеҳтар аст, ки ин мавзўъ алоҳида таҳлил ва пешниҳодро талаб менамояд.Бигзор дар ин ҷашни мардумӣ, чи тавре Пешвои муазами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳтади миллӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон таъкид намуданд, мардуми тоҷик, аз нишоту шодмонӣ, хушиву хушҳолӣ сухан гӯянд ва занги кудуратро мисли сардиҳои зимистон аз дилҳои худ берун андозанд.

Абдулҷалол Сафаров,номзади илмҳои физикаю математика, дотсент,мудири кафедраи астрономияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон