МАШҒУЛИЯТҲОИ ЛАБОРАТОРӢ – ҲАМЧУН АСОСИ ТАҲКИМИ ДОНИШ

16

Эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз тарафи роҳбарияти кишвар иқдоми муҳим дар самти пешрафти илму техника мебошад. Машғулиятҳои лабораторӣ дар ин раванд нақши калидӣ мебозанд, зеро онҳо воситаи асосӣ барои омӯхтани таҷрибаи амалӣ, таҳқиқи қонунҳои табиат ва тақвияти донишҳои назариявии шогирдон маҳсуб мешаванд.

Машғулиятҳои лабораторӣ муҳити омӯзишии интерактивиро фароҳам меоранд, ки дар он донишҷӯён метавонанд дониши назариявии худро дар амал татбиқ кунанд. Ин гуна таҷрибаҳо барои:

1. Тақвияти дониши назариявӣ: Шогирдон бо иҷрои таҷрибаҳо қонунҳо ва принсипҳои илмиро аз наздик меомӯзанд.

2. Рушди малакаҳои амалӣ: Машғулиятҳои лабораторӣ ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки бо асбобҳои илмӣ ва техникаҳои муосир кор карда, малакаҳои заруриро рушд диҳанд.

3. Таҳкими тафаккури таҳлилӣ: Таҳқиқи натиҷаҳои таҷрибаҳо шогирдонро водор месозад, ки тафаккури таҳлилӣ ва тавонмандии ҳалли мушкилотро инкишоф диҳанд.

Машғулиятҳои лабораторӣ махсусан дар факултетҳои физика, химия, биология, геология ва математика аҳамияти бузург доранд:

Масалан дар факултети химия омӯзиш дар лаборатория барои таҳқиқи реаксияҳои химиявӣ, таҳлили моддаҳо ва истеҳсоли маводҳои нав муҳим мебошад. Он инчунин малакаҳои амалиёти лабораториро тақвият медиҳад. Дар факултети биология бошад таҳқиқоти марбут ба ҳуҷайраҳо, организмҳо ва экосистемаҳо дар шароити лабораторӣ ба донишҷӯён дар фаҳмиши равандҳои ҳаёт кӯмак мекунад. Машғулиятҳофакултети геологияоид ба таҳқиқи намунаҳои сангҳо, минералҳо ва равандҳои геологӣ барои омодагии мутахассисони соҳа аҳамияти ҳалкунанда доранд. Дар ихтисосҳои амалкунандаи факултети механикаю математика, дар шароити лабораторӣ донишҷӯён метавонанд методҳои ҳисоббарорӣ, моделсозии математикӣ ва алгоритмҳои компютериро дар амал татбиқ кунанд, ки барои рушди технологияҳо зарур мебошанд.

Дарсҳои лабораторие, ки дар факултети физика гузаронида мешаванд ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки равандҳои механика, электромагнетизм, оптика ва квантиро аз наздик омӯзанд ва таҷрибаҳои амалӣ анҷом диҳанд. Лабораторияҳои физика бояд бо таҷҳизоти замонавӣ, аз қабили осциллографҳо, спектрометрҳо, лазерҳо ва таҷҳизоти моделсозии симулятсионӣ таъмин бошанд. Бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳ ва факултет якчанд лабораторияҳои наву замонавӣ низ таъсис дода шудаанд, ки барои иҷрои таҳқиқоти мураккаб ва омода намудани мутахассисони сатҳи баланд мусоидат мекунанд. Илова бар ин, дар факултети физика инчунин ихтисосҳоимуҳандисӣ амал мекунанд, ки бо таҷҳизоти замонавӣ барои гузаронидани машғулиятҳоилабораторӣтаъмин шудаанд.

Дар шароити рушди босуръати технологӣ, таҷрибаҳои амалӣ ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки ҳалли масъалаҳои мураккабро пайдо кунанд, эҷодкорӣ ва ихтироъкориро рушд диҳанд, аз доираи дониши стандартӣ берун рафта, кашфиётҳои нав кунанд.

Барои ин мебояд роҳҳои беҳтар намудани машғулиятҳои лабораторӣ дида баромада шаванд. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, бояд ба таҷдид ва такмили раванди машғулиятҳои лабораторӣ диққати махсус дода шавад:

Таъмини лабораторияҳо бо таҷҳизоти муосир ва технологияи инноватсионӣ;

Омӯзиши доимии омӯзгорон барои истифодаи методҳои нави таълимӣ;

Ташкили чорабиниҳои илмӣ ва намоишҳои таҷрибавӣ барои баланд бардоштани шавқу ҳаваси шогирдон.

Бояд қад намуд, ки машғулиятҳои лабораторӣ на танҳо яке аз унсурҳои муҳими раванди таълим мебошанд, балки асоси таҳкимбахши рушди илм ва технология маҳсуб меёбанд. Дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” бояд аз имкониятҳои лабораторияҳо самаранок истифода бурда шавад, то ки насли ҷавон ба сатҳи баланди илмӣ ва касбӣ расад.

Таҳкими кадрҳои баландихтисос, ки асоси пешрафти ҷомеа ва ободии давлати соҳибихтиёр мебошанд, бидуни таъмини донишу малакаҳои амалӣ ғайриимкон аст. Дар ин раванд, нақши машғулиятҳои лабораторӣ муҳим аст, зеро маҳз дар чунин шароит донишҷӯён малакаҳои касбӣ, қобилияти таҳқиқотӣ ва тавонмандии амалӣ пайдо мекунанд, ки барои пешрафти давлат дар самтҳои илмӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Пас устодон бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд. Машғулиятҳои лабораторӣ инчунин муҳити илҳомбахш ва имкониятҳои навро барои ихтироъкорӣ, ҳамкории илмӣ ва рушди идеяҳои инноватсионӣ фароҳам меоранд, ки ба тавсеаи имкониятҳои илмии кишвар мусоидат мекунад.

Ҳамроқулов Р.Б.,дотсенти кафедраи электроникаи физикии факултети физикаи ДМТ