Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Воқеан, муаллим шахси барумандест, ки инсонро аз хӯрди илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорону муаллимон вобастагӣ дорад.
Муаллимон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест. Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси рӯҳии инсон аст. Тавре, ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи халқ мегӯянд, яъне омӯзгор ибрат омӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамашон саропо ибрати соҳибдилон аст.
Сари таъзим меорам ба номат ман,Кӣ аз ту гаштаам шогирди доное.Кӣ аз ту гаштаам умре ба қиммат дар ҳама ҷое, Кӣ аз ту фахр дорам ман, ки буди солҳо омӯзгори меҳрафзое.
Муаллим шамъи фурӯзонест, ки худ месӯзаду аз шӯълаи равшании худ роҳи ҳаёти инсонҳоро мунаввар мегардонад. Бузургони адабиёти классикии мо Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синою Аттор, Саноию Румӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Камоли Хуҷандиву Абдураҳмони Xомӣ муаллимони барҷастаи илми ахлоқу одоб буданд. Эшон маҳз бо каломи сеҳрангези худ инсонҳоро тарбия мекарданд. Каломи сеҳрангези эшон чароғи ҳидояте буд барои инсонҳо ба сӯи худогоҳиву хештаншиносӣ ва маърифатгароӣ. Ва имрўзу фардо низ насли наврас, хонандагон, ҷавонон пандҳои ин бузургон илму адабро маҳаки зиндагии хеш медонанд.
Ба вуҷуд омадани технологияҳои навтарини замонавӣ, рушди воситаҳои иттилоот, кашфи тамоми нуқтаҳои Замин, баромадан ба Кайҳон ва монанди инҳо натиҷаи рушди тафаккури инсон мебошанд, ки бо такмили донишу маънавият ба даст омадааст.
Пас, муаллим касе оддӣ нест, балки масъули имрӯзу ояндаи инсон мебошад. Дар ҷомеаи имрӯз, ки технология босуръат ривоҷ меёбаду хонанда ба ҳамаи маводи таълимӣ метавонад дастрасӣ дошта бошад ва ҳамчунин бо истифода аз усули таълими масофавӣ хеле чизҳоро азхуд кардан мумкин аст, боз ҳам эҳтиёҷ ба омӯзгорони варзидаву дорои саводи баланди педагогӣ афзун мегардад.Ҳамон вақт дарс дилбазан мешавад, ки муаллим аз усулҳои интерфаъоли дарс истифода бурда ва диққати онҳоро ба маводи омӯзиш ҷалб карда натавонад. Дар дарс фаъолияти хонанда аҳамияти муҳим дорад, бинобар ин, истифода аз усулҳои инноватсионии таълим барои сифатнок шудани он мусоидат мекунад. Барои таълими дурустро ба роҳ мондан аввало тарбияи саҳеҳ мебояд. Зеро фарзанди тарбиянадида мисли гули бебӯй ва оши бенамак аст. Маҳз, маънавияти баланд, таҳаммулпазирӣ ва оқибатандешӣ дар натиҷаи тарбияи солим рӯи об меояд.
Барои он ки сухани муаллим хушку холӣ набошад, шахсияти ӯ дар баробари ин аҳамияти муҳимро молик аст, зеро тарбия ба дидан бештар самара медиҳад, то шунидан. Аз ин хотир, идеал будани муаллим дар тарбияи маънавӣ ва ташаккули маданияти ҷавонон нақш дорад.
Имрӯзҳо дар кишвари мо барои баланд бардоштани савияи таълим ва рағбатноксозии омӯзгорон як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ шудааст, ки барои ҳарчи вусъат ёфтани маҳорату малакаи омӯзгорони ҷавон имконият фароҳам меорад. Кӯмак ба омӯзгор ин кӯмак ба ояндаи ҷавонон аст, агар эҳтиёҷи моддиву маишии омӯзгорон таъмин карда шавад, онҳо ба тарбияи насли босавод ҳиммат мегуморанд ва дар натиҷа истеъдодҳои зиёд кашф мегардад. Бо дарназардошти ин ҷиҳатҳо ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии муаллимон ва афзун кардани малакаи касбии онҳо чораҳои зарурӣ меандешад, ки боиси хурсандист.
Дар хотима чанд мисраъҳои гуҳарбору самимонаеро ба ҳамаи устодону омӯзгорону муаллимон мебахшам:
Сано бар қалби ҷӯшони муаллим,
Ба паймону ба эҳсони муаллим.
Чу субҳи босафо бинам ҳамеша,
Рухи тобону хандони муаллим.
Муроди ӯ ҳақиқат, росткорӣ,
Чӣ ҷои шак ба имони муаллим.
Надорад давлати дунё, валекин
Пур аз ганҷ аст, бин, хони муаллим.
Чу шири модарон аз баҳри тифлон,
Бувад ҳаққу ҳалол нони муаллим.
Муаллим ин ҳунар аст, ишқ аст, ҷилло ҳаст. Саломат гуфтам паёмам доди паёмат чароғи роҳи зиндагиям шуд ва маро ба сарзамини нуру огоҳи ҳидоят кардӣ. Эй оинаи тамомнашои ишқу муҳаббат ҳар рӯзат муборак бод!
Идатон муборак ҳамкасбони азиз!
Давлатҷонова Ш.Х н.и.ф.-м-мудири лабораторияҳои таълимии кафедраи оптика ва спектроскопия факултети физикаи ДМТ