Довталаб – 2023. ОМӮЗИШГОҲИ АСРОРИ ТАБИАТ

367

Физика аз зумраи илмҳои муҳими табиатшиносӣ буда, яке аз тарғибгари он дар қаламрави мамлакат факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. МАРҲАБО БА ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКАИ ДМТ! Факултети физикаю математика яке аз факултетҳои собиқадори Донишгоҳи миллӣ ба шумор меравад, ки соли 1949 таъсис ёфтааст. Соли 1965 факултети физика аз таркиби факултети физикаю математика ҷудо шуда, ба сифати факултети мустақил то имрӯз фаъолият дорад.Факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази асосӣ ва пешбари таҳсилоти олии касбӣ дар бахши физика дар Ҷумҳурии Тоҷикстон ба ҳисоб рафта, дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи физика омӯзиши паҳлуҳои гуногуни илмҳои физикӣ мақоми намоёнро соҳиб мебошад. Факултети физика дар татбиқи сиёсати давлатии омода намудани мутахассисони баландихтиссоси илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, иҷроиши барномаву стандартҳои давлатӣ ҳамчун сохтори таркибии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, таъмини устувор ва босифати кадрҳоро дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти умумӣ, миёна ва олии касбӣ, озмоишгоҳҳо, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатии ҷумҳурӣ ва берун аз онро амалӣ месозад. Факултет аз замони таъсис то ба имрӯз дар самти омода намудани мутахассисони болаёқати соҳаи физика мавқеи худро дар ҷамъият дорад. Дар замони истиқлол бо афзун гардидани шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои байналмилалии таҳсилот, пайдо шудани рақобати хизматрасониҳои таҳсилотӣ, мақому мартабаи факултет коста нагардида, тибқи арзишҳои миллии давлатдорӣ, замони истиқлол, меъёрҳои бозори меҳнат рушд намуда истодааст. Факултет дар айни ҳол шуъбаҳои рӯзонаю ғоибона маркази тавонои таълимию илмӣ ва муҳандисӣ буда, 852 донишҷӯ, 68 нафар профессорону устодонро муттаҳид мекунад, ки дар байни онҳо 12 докторҳои илм – профессорон, 40 нафар номзадҳои илм, 28 дотсент, 6 нафар номзадони илм, муаллими калон, 6 нафар номзадони илм, ассистентон, 13 нафар ассистентони беунвон, 3 нафар муаллими калони беунвон, 1 нафар Арбоби илму техникаи Тоҷикистон, 2 нафар кормандони «Шоистаи» Тоҷикистон, 1 нафар дорандаи ордени «Шараф», 5 нафар медали хизмати шоистаи Тоҷикистон, 2 узви пайвастаи АМИТ ва 1 узви вобастаи АМИТ ҳастанд.Факултет аз рӯи 7 ихтисос мутахассисонро тайёр менамояд: физика, метеорология ва климатология, астрономия, радиофизика ва электроника, мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо, радиоэкология ва метрология, стандартизатсия ва сертификатсия. Барои тайёр кардани мутахассисони ин соҳаҳо дар факултет 10 кафедра мавҷуд аст. Кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт (мудир – номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Р.Т. Қодиров) соли 1955 дар заминаи кафедраи физикаи таҷрибавӣ ташкил шудааст. Соли 1956 дар заминаи ин кафедра озмоишгоҳи проблемавии физикаи мустаҳкамии полимерҳо таъсис ёфт, ки ҳоло ба шӯъбаи физикаи муҳитҳои конденсии Институти илмию тадқиқотии ДМТ табдил ёфтааст. Бо назардошти талабот бо илмҳои муосири физикӣ – муҳандисӣ ва дар истеҳсолот ҷори намудани донишҳои назариявӣ соли 2012 бо ташаббуси садорати факултет ва дастгирии раёсати донишгоҳ ихтисоси нав – «Метрология, стандартизатсия ва сертификат» таъсис дода шуд ва аввалин донишҷӯён аз рӯи ин ихтисос қабул гардиданд, ки ҳоло онҳо дар заминаи кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт таҳсил менамоянд. Фаъолияти илмию таълимӣ ва методиро дар кафедра 2 профессор, 4 номзади илм, 4 дотсент ва 4 ассистентони беунвон пеш мебаранд. Кафедраи физикаи назариявӣ (мудир – номзади илмҳои физикаю математика, дотсент О.Ш. Одилов) соли 1958 таъсис ёфтааст. Асосгузор ва аввалин мудири он олими маъруфи тоҷик Султон Умаров буданд. Дар солҳои мавҷудияти кафедра зиёда аз 300 нафар мутахассисони соҳаҳои гуногун ба камол расиданд, ки алҳол дар мактабҳои олии ҶТ ва дигар давлатҳои хориҷӣ кор мекунанд. Аз ҷумлаи хатмкардаҳои кафедра 30 нафар докторҳои илм ва зиёда аз 88 нафар номзадҳои илм мебошанд. Дар кафедра 2 академики АМИТ, 2 профессор, 3 дотсент, 1 муаллими калон 2 ассистентони беунвон фаъолият доранд. Шумораи дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва монографияҳо дар кафедра ба 25 баробар аст. Кафедраи физикаи умумӣ (мудир – доктори илмҳои физикаю математика, профессор Д.М. Ақдодов) соли 1949 таъсис ёфтааст. Дар ибтидо устодони ин кафедра барои донишҷӯёни факултетҳои физикаю математика, химия, биология ва геология аз курси физикаи умумӣ дарс мегуфтанд. Аз соли 1979 инҷониб кафедра таъмини омӯзиши курси физикаи умумиро барои донишҷӯёни факултетҳои физика ва механикаю математика ба уҳда дорад. Фаъолияти илмию таълимӣ ва методиро дар кафедра 1 доктори илм, профессор, 4 номзади илм, дотсент пеш мебаранд. Кафедраи оптика ва спектроскопия (иҷрокунандаи вазифаи мудир – номзади илмҳои физикаю математика, дотсент М.Р. Файзиева) тахассусӣ буда, он дар пояи факултети физикаю математикаи ДДТ ба номи В.И. Ленин соли 1961 ташкил шудааст. Кафедра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона маркази таълимию илмие мебошад, ки мутахассисони соҳаи физикаро бо тахассуси «оптика ва спектроскопия» тайёр мекунад. Фаъолияти илмию таълимӣ ва методиро дар кафедра 4 номзади илм, 2 дотсент ва 2 ассистент пеш мебаранд. Кафедраи астрономия (мудир – номзади илмҳои физикаю математика, дотсент А.Сафаров) бо қарори комиссияи назоратии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 таъсис ёфтааст. Кафедра аз рӯи ихтисоси астрономия мутахассисронро тайёр мекунад. Заминаи асосии таҷрибавӣ ва корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедра расадхонаҳои астрономии Институти астрофизикаи АМИТ, воқеъ дар ноҳияи Ҳисор ва расадхонаи байналмиллалии Санглох дар ноҳияи Данғара мебошанд. Фаъолияти илмию таълимӣ ва методиро дар кафедра 2 номзади илм, 2 дотсент, 1 муалими калони беунвон ва 1 ассистенти беунвон пеш мебаранд. Кафедраи физикаи ҳаста (мудир – доктори илмҳои физикаю математика, профессор Б.И. Махсудов) соли 1960 таъсис ёфтааст. Устодони кафедра аз фанҳои физикаи атом ва ҳаста барои донишҷӯёни ҳамаи ихтисосҳои факултети физика дарс медиҳанд. Аз соли хониши 2014 сар карда дар назди кафедра ихтисоси «Радиоэкология» кушода шудааст. Бо назардошти соҳаи афзалиятноки физикаи ҳаста ва радиоэкология кафедра дар робита бо донишгоҳҳо ва марказҳои илмии хориҷи кишвар мутахассисонро тайёр менамояд. Кафедраи усули таълими физика (мудир – номзади илмҳои физика-математика, дотсент Ф.Х. Истамов) аз соли таъсиси донишгоҳ бо номи кафедраи методикаи таълими физика ва математика маълум буд. Соли 1966 баъди ба таври ҷудогона фаъолият кардани факултетҳои физика ва математика он номи кафедраи усулҳои таълими физикаро гирифтааст. Фаъолияти илмию таълимӣ ва методиро дар кафедра 3 номзади илм, 3 дотсент ва 2 муаллими калони беунвон ва 2 ассистенти беунвон пеш мебаранд.Кафедраи «Электроникаи физикӣ» соли 1980 дар факултети физика ихтисоси «Радиофизика ва электроника» (мудир – номзади илмҳои физика-математика, дотсент Р.Б. Ҳамроқулов) таъсис ёфт, ки то ҳол ихтисоси «Радиофизика ва электроника» амал мекунад. Кафедра бо дигар донишгоҳҳою донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он алоқаи илмӣ дошта барои тайёр кардани мутахассисони баландпояи соҳаи электроника саҳми арзанда дорад. Фаъолияти илмию таълимӣ ва методиро дар кафедра 2 профессор, 5 номзади илм, 3 дотсент ва 2 ассистенти унвондор ва 1 ассистенти беунвон пеш мебаранд.Кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо (мудири кафедра – номзади илмҳои физикаю математика, дотсент З.С.Норматов) соли 2006 таъсис ёфта, то ин ҷониб мутахассисонро аз рӯи ихтисоси 1-40020100 «Мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо» тайёр менамояд. Дар назди кафедра чунин озмоишгоҳҳо фаъолият доранд: шабакаҳои глобалӣ, локалӣ, беноқил ва бехатарии иттилоот. Сарварии кафедраро аз соли 2006 то соли 2021 профессор Х.Ш.Ҷӯраев ба ӯҳда доштанд. Айни ҳол роҳбарии кафедраро дотсент З.С.Норматов ба ӯҳда дорад. Ҳоло дар кафедра 8 нафар устодони штатӣ: Х.Ш.Ҷӯраев – д.и.ф.м., профессор, Н.Нарзуллоев – н.и.ф.м., дотсент, И.Ш.Маҳмудов–н.и.ф.м., дотсент, З.Ш. Асомиддинов – н.и.т., муаллими калон, З.С.Норматов – н.и.ф.м, дотсент, Ш.Ю.Восидов – н.и.пед., муаллими калон, З.Д.Каримов – н.и.ф.м, муаллими калон, Н.О.Маматқулова – ассистент, фаъолияти таълимӣ, илмию методии худро пеш мебаранд.Аз соли таъсисёбӣ то ин ҷониб кафедра равияи илмиро дар риштаи моделсозии равандҳои физикӣ ва масъалаҳои характери татбиқидоштаи физикаю математика пеш гирифтааст. Дар ин раванд як рисолаи докторӣ (профессор Ҷӯраев Х.Ш.) ва 6 рисолаи номзадӣ (дотсент Норматов З.С., муаллими калон Асомиддинов З.Ш, аспирантон Мараҷабов С.И., Наҷмиддинов А.М., Каримов З.Д. ва Восидов Ш.Ю.) дифоъ гардида, тасдиқи худро гирифтанд. Кафедраи метеорология ва климатология (мудир – узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои химия, профессор И.Ш. Норматов). Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, инчунин раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1994 дар назди кафедраи ҳастаи факултети физика ихтисоси «метеорология» кушода шуд ва бо назардошти муҳимияти ихтисоси номбурда кафедраи метеорология ва климатология ба фаъолият оғоз кард. Барои ташаккул ва рушди кафедраи метеорология ва климатология ходимони Агентии обуҳавошиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазое гузоштаанд. Фаъолияти илмию таълимӣ ва методиро дар кафедра 1 профессор, 4 номзади илм, 1 дотсент ва 2 муаллими калон ва 1 ассистент пеш мебаранд.Яке аз самтҳои самарбахшу ояндадори факултети физикаи ДМТ равобити илмии факултет бо марказҳои мухталифи илмии дохилу хориҷ, созмонҳои байналмилалӣ ва донишгоҳҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик мебошад. Ин анъанаи нек аз аввалҳои таъсиси факултети мазкур ба роҳ монда шуда, то имрӯз аксарияти донишҷӯёну устодони факултет аз мактабҳои бузурги илмии марказҳои илмӣ ва донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ (махсусан, Федератсияи Русия) гузаштаанд. Садорати факултети физика