ЗИЁД ГАРДИДАНИ НОМЗАДИ ИЛМ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА

158

Дар ҳама иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи кӯҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст.Эмомалӣ РаҳмонСанаи 28.11.2023 дар Шурои диссертатсионии D 501.001.57 (Шурои якдафъина) ҳимояи рисолаи асисстенти кафедраи физикаи ҳастаи факултети физикаи ДМТ Нигораи Зайдулло дар мавзӯи «Таъсири нейтронҳои њароратӣ ба хосиятҳои фаъолнокии биологӣ ва спектралии бактерияҳои RHIZOBIUM PHASEOLI IS TAAS-80 TJ ва BACILLUS MEGATERIUM VAR. PHOSPHATICUM», бо роҳбари д.и.ф.-м., профессор Махсудов Б.И. барои дарёфти дараҷаи илмии PhD аз рӯи ихтисоси Физикаи ҳастаи амалӣ баргузор гардид.Ихтисоси Физикаи ҳаста аз ҷумлаи ихтисосҳои нодир барои Тољикистон ҳисоб ёфта барои ташкили ҳимояи якдафъина аз ҳисоби олимони дохила ғайри имкон мебошад. Аз ин лиҳоз зарурат ба даъвати олимони хориља ба пеш омад. Дар асоси имзо шудани Шартнома оиди ҳамкориҳои ДМТ бо Донишгоҳи миллии Узбекистон ба номи Мирзо Улуғбек дар Форуми ректорони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбекистон, ки дар ДМТ амали шуд ба мудири кафедраи физикаи ҳастаи ДМУ муроҷиат карда шуд. Ин муроҷиати кафедраи физикаи ҳаста бо камоли мамнуят пазируфта шуда олимони варзидаи соҳаи физикаи ҳаста д.и.ф.-м., профессор, мудири кафедраи физикаи ҳаста Полвонов С.Р. ва д.и.ф.-м., профессор, мудири лабораторияи Физикаи энергияҳои баланди ДФТ-и АИУ ризоияти худро барои пайвастан дар Шӯрои якдафъина доданд. Инчунин, профессор Полвонов С.Р. муқаризи расмӣ интихоб гардид.Мувофиќи пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Наврўзи соли 2024 ташрифи расмии Президенти ҶумҳурииУзбекистон мӣњтарам Мирзиёев Ш.М. дар назар аст, ки яке аз чорабиниҳо ба ин муносибат ташкили Форуми олимони ду кишвар мебошад. Ташриф ва иштироки олимони Узбекистон дар кори Шӯрои диссертатсионии ДМТ дастоварди хубест баҳри амалисосии ҳамкориҳои илмӣ бо давлати њамсояи ба мо дўст.Бояд қайд намоем, ки ин ҳамкориҳо дар натиљаи заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ректори ДМТ профессор Хушвахтзода Қ.Х. оиди тақвият додани ҳамкориҳо бо марказҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ, баҳри омодасозии мутахассисони соҳаҳои илмҳои нодир амали гардид.Садорати факултети физика ва устодону кормандони кафедари физикаи ҳаста, асисстенти кафедра Нигораи Зайдуллоро ба муносибати ҳимояи бомуваффақияти рисолаи илмии худ дар соҳаи Физикаи ҳаста табрик намуда бароятон саломатӣ, дар корҳои илмии оянда комёбиҳо ва дар ободониву созандагии Ватани азизамон- Тоҷикистон пирӯзиҳои нав орзу менамоянд.