ЗИ ИСИҚЛОЛ БУВАД ИҚБОЛИ ТОҶИК

20

Боиси ифтихор ва сарбаландии миллати тоҷик аст, ки Ватани мо-Тоҷикистон соҳиби истиқлоли комил буда, ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣї арзи ҳастӣ дорад. Дар муддати 34-соли соҳибихтиёрӣ халқи баору номуси мо бо сиёсати сулҳҷӯёнаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нури хуршеди Истиқлол баҳравар буда, бо шарофати ин дастоварди бузурги таърихӣ ҷодаи рушду инкишофи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангиро пеша кардааст. Истиқлоли давлатӣ миллати тоҷикро ба орзую ормони деринаи худ расонида, зери роҳбарии Пешвои миллат баҳри таҳким ва пойдории ин арзиши бузурги таърихӣ ба корҳои ободониву созандагӣ машғул мебошад. Ифтихор намудан аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат рукни муҳимтарини Истиқлоли давлатӣ мебошад. Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати халқи заҳматпеша, соҳибмаърифат ва тамаддунсозаш ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, натиҷаҳои назаррасро соҳиб гаштааст. Мавриди қайд аст, ки имрӯзҳо бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон муҷтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нерумандтарин муњофизи истиқлол мебошанд, мардуми тоҷик дар фазои амн озодона зиндагӣ ва меҳнат мекунанд. Маҳз бо талошҳои тӯлонии фарзанди сарбаланди миллати тоҷик, Эмомалӣ Раҳмон тақдири давлату миллати тоҷик ҳал гардида, Вањдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ пойдор гардид. Хавфи парокандагии миллат барҳам додашуда, ҳукумати қонунӣ аз нав барқарор гардид.Имрӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки истиқлол неъмати бебаҳо ва рукни асосии давлатдорӣ буда, рамзи ягонаи ватандорӣ мебошад. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлоли давлатӣ имкониятҳои зиёди таърихиро фароҳам овард, ки мардуми шарифи тоҷик Ватани худро соҳибӣ, давлатдории таърихии худро барқарор ва суннату арзишҳои миллии худро дубора эҳё намоянд.Дар давраи соҳибистиқлолӣ қабули Сарқонун (Конститутсия) яке аз дастовардҳои бузургтарин ва муҳимтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти арзишҳои волои ҳуқуқи байналмилалӣ, таҷрибаи пешқадами кишварҳои мутамаддин, таҳлили муқоисавию ҳуқуқии низоми ҳуқуқии кишварҳои пешрафта, давлатдорӣ ва анъанаву урфу одатҳои миллии тоҷик таҳия ва қабул гардидааст.Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар байни ҷомеаи башарӣ ва ташаккул додани асосҳои сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва мутавозини “дарҳои кушода” ба ҳайси шарики боэътимоду хайрхоҳ дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати шоиста пайдо намуда, ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускор дар ҳалли як қатор мушкилоти глобалӣ, бахусус, масоили мубрами амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим эътироф гардид. Дар натиҷа имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлате мешиносад, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти мубрами глобалӣ пешсаф мебошад. Ҳоло иқдоми чоруми кишвари мо оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.Фарҳанги давлат низ дар арсаи ҷаҳон ба таври зарурӣ муаррифӣ ёфта, обрӯю нуфузи худро мустаҳкам гардонд. Бунёд гаштани осорхонаҳо, театрҳо, марказҳои фарҳанг, боғҳои фароғатӣ, гулгашт ва хиёбонҳо дар ҳар як шарҳу ноҳияҳои мамлакат тасдиқкунадаи гуфтаҳои болост.Дар даврони истиқлолият ҷашни миллии мо тоҷикон — Наврӯз мақоми ҷаҳониро соҳиб шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод, аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст.“Ватандорӣ ва ватандӯстӣ шарафи бузург аст, вале ба қадри истиқлол, вањдати миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан бахти аз он болотар аст”. Ин аст таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарафманди тоҷик.Таманнои онро дорем, ки дар остонаи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллати тоҷик қарзи муқаддаси шаҳрвандиашонро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллї ва рушду нумуи Ватани азизамон тамоми саъю кўшиш ва нерую дониши худро ба харҷ медиҳанд.Бигузор иди муќаддаси миллӣ-Истиқлоли давлатӣ барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад! Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

Устодони кафедраи астрономия, Бобоев Ш.С., Асоев Ҳ.Ғ.