ЗАБОН МИЛЛАТ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ

9982

Забони модарӣ яке аз нишонаҳои аввалини мансубияти этикӣ ва миллии ҳар шахс маҳсуб мешавад. Яке аз вазифаҳои забон ин аст, ки шахсро бо ниёгонаш пайванд мекунад ва маҳсули маънавии ӯ асоси худшиносии миллӣ мегардад. Забони модарӣ лафзи ширину муқаддас барои ҳар як инсон аст. Тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз мекунад, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ суръат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои фораму дилнишини он худро бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад, сазовори навои баландмазмуни модар гардад. Чунки он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида, қалбу ҷон ором мегирад, зеро он лафзи модарист. Инсон забони модарии худро аз хурдӣ дарк мекунад. Ҳанӯз дар батни модар кӯдак каломи модарро мешунавад. Вақте ки ба дунё меояд тадриҷан ба гуфтугуи забоне шурӯъ мекунад, ки дар оила бо он гуфтугӯ мекунанд.

Забони модарӣ аз рӯзи ба дунё омаданамон дар инкишофи сар яки мо нақши беҳамто мегузорад. Аҷаб гуворост лафзи модар, суфтаю ба дил қарин аст забони модарӣ. Забони баландҳиммате, ки Саъдию Ҳофиз, Синою Хайём, Бедилу Низомӣ бо он ҳарф мегуфтанд. Забони ширину шоиронае, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозор Собиру Лоиқ Шералӣ, Муъмин Каноату Гулрухсор номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастияш ифтихор дорем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.12.2019) барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ рисолати модаронро хотирнишон сохтанд: «Бонувону модарони мо бояд муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзанд». Барҳақ, таълимдиҳандаи аввалини забон модаронанд ва беҳуда онро забони модарӣ нагуфтаанд. Аз ин рӯ, одоби сухан ва фарҳанги гуфторро кӯдакон аз модарон меомӯзанд.

Забони модарии ҳар миллат сарчашма ва манбаи бақои он буда, санади қавитарини исботи зинда будани ҳар миллат, пойдор мондани забони модарии он аст. Забони тоҷикии мо дар роҳи пурпечутоби таърих ва даҳшату тохтутозҳои аҷнабиён зинда монда сарчашмаи бақои миллат гардид. Чуноне ки асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудааст: «Фаромуш набояд кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷаҳон маҳз дар Мовароуннаҳру Хуросон ташаккул ёфта, ба эҳёи тафаккури миллии форсизабонон ва густариши адабиёти классики тоҷику форс замина гузоштааст. Ба ифодаи шоири бузурги халқи тоҷик, устод Мирзо Турсунзода: «Забони мо хеле устувор аст, мо имрӯз ҳам ашъори Рӯдакиро аз нусхаи аслаш мутолиа мекунем». Пас, бе мулоҳиза метавон гуфт, ки забони точикӣ чун лафзи фасеҳу равон, соддаву фаҳмо, ҳанӯз дар замонҳои зиндагии поягузори адабиёти классики тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо сухани бузург вуҷуд доштааст ва дар ташаккули забони порсии дарии точикӣ ӯ саҳми босазое гузоштааст. Мо соҳибзабонон аз ин ифтихор намуда, барои поку беолоиш нигоҳ доштан ва дар тозагиву равонии он пайваста ҷаҳд хоҳем кард. Дар яке аз суханрониҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин маънӣ фармудаанд: «Мо ифтихор аз он дошта бошем, ки соҳиби чунин забони ширину гӯшнавози қадимӣ ва пурғановат, забони илм ва шеъру адаби оламгир ҳастем. Бояд ба қадри он расем, меҳрашро бо шири модар ба қалби фарзандонамон ҷо кунем ва ин анъанаро аз насл ба насл диҳем, то забони ноби тоҷикӣ умри ҷовидона ёбад».

Боиси сарфарозии ҳар як соҳибзабон аст, ки имрӯз дар кишвари азизи мо забони модарии мо мавриди ғамхориву пуштибонии ҳаматарафаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст, зеро ғамхорӣ ва пуштибонӣ аз забони модарӣ, пеш аз ҳама пуштибонӣ аз халқу миллати хеш мебошад. Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат забони модарии мо забони тоҷикӣ аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медиҳад, эътибори забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ тадриҷан афзун мегардад.

Эълон гардидани Рӯзи забони модарӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва кулли забонҳои дунёро баробар донистан аҳамияти беандоза дорад, зеро ҳар як забон нодир аст ва ҳар яки он ба инсон тааллуқ дорад, ҳар кадоми он муаррификунандаи мероси зинда буда, муносибати ҷиддӣ ва ҳифзи он вазифаи ҳар як соҳибзабон аст. Хатто ҳангоми омӯхтани маданияти забони дигар, мушкилӣ пеш меояд. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷаҳонбинии шахсро васеъ менамояд, дар пеши шахс дунёи дигарро боз мекунад, лекин ҳар як шахс пеш аз оне, ки ба омӯзиши забони дигар шурӯъ кунад, аввал бояд меъёрҳои забони модарии хешро пурра донад.

Инчунин, шиносоӣ бо шахси дорои забони дигар қобилияти аз байн бурдани ихтилофи миллӣ мегардад, зеро тақрибан 300 калимаҳое, ки дар забонҳои дунё садо медиҳанд, маънои якхела доранд. Хулоса, пояндагии забони модарӣ аз соҳибзабонон вобастагӣ дорад. Поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ, коста нагардидани лафзи поку ширини модарӣ низ вазифаи муқаддаси соҳибзабон аст. Бояд намегузорем, ки эҳтироми ин забони бузург, лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарӣ ба соҳибзабонон вобастагӣ дорад. Ин фармудаи устод Бозор Собир бояд шиори мо соҳибзабонон бошад:

Дар ҳаду сарҳадшиносии чаҳон,

Сарҳади точик забони точик аст.

То забон дорад, ватандор аст у,

То забондор аст, бисер аст у.

Андешањои бузургон оид ба маќоми Забон, сухан ва забони Модарї

Бузургони хирад ва шеъру адаби тоҷик, чи клоссикон ва чи муосир дар мавзӯи забон, эҳтироми забон, арҷгузорӣ бар он ва поянда нигоҳ доштани он суханҳои шоиста ва арзанда бисёр гуфтаанд. Ба вижа, дар осори шоирони классик ин мавзӯъ бештар ба назар мерасад. Масалан, Саъдии Шерозӣ беҳтарин шеърро дар ин мавзӯъ гуфтааст:

Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?

Калиди дари ганҷи соҳибҳунар!

Чу дар баста бошад, чӣ донад касе,

Ки ҷавҳарфурӯш аст ё пиллавар!

Ба ақидаи ин шоири баландфикрат, забон дар даҳони инсон ҳамчун калиди ганҷи ӯст ва ганҷ ҳунару истеъдоди инсон ва, умуман, худи инсон аст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулокоти худ бо зиёиёни мамлакат 20 марти соли 2004 гуфтанд: “Забон дар ҳакикат асоси ҳасти ва бакои умри миллат аст”. Дар Маҷлиси тантанавии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷахон бошад сухан карда, ҷое чунин изҳор намуданд: «забони тоҷики поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ў пойдор ҳаст» ин суханони Президент аз қаъри қалб ва чунон самими буданд, ки ҳозирон ба ифтихори он аз ҷой бархоста, қарсаки бардавом заданд. Тавре мову Шумо медонем, ки қонун дар бораи забони давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-октябри соли 2009 қабул гардид мавриди амал карор гирифтааст. Акнун ҳамасола 5- октябр рузи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад, ки он ба феҳрести ҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст.

Қайд кардан зарур аст, ки дар сатҳи баланд нигоҳ доштани забони давлатӣ ҳамеша кӯшиш ба харҷ дода мешавад ва мо кормандон, олимону муҳақиқонро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт ва ҳамчунин ҳифзу нигоҳ доштани асолату покизагии забони давлатӣ оқилона талош намоем. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, пок нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳои миллат ва ба мерос гузоштани ин забони шеваю шоирона мебошад.

Файзиева М.Р. н.и.ф.-м., дотсент, мудири кафедраи оптика ва спектроскопия, Давдатҷонова Ш.Х. н.и.ф.-м. мудири лабораторияи кафедраи оптика ва спектроскопия